Сел дар Тоҷикобод даҳ манзили сокинони рустои Капалии ин ноҳияро вайрон карда, чанде аз чорво ва худрави онҳоро бурдааст.
Мақомоти ин ноҳия дар шарқи Тоҷикистон гуфтанд, ки сел нимирӯзии 28-уми август, баъди сарозер шудани як бахши азими пирях аз қаторкӯҳҳои "Пётри як" омада, вале ҳанӯз хисороташ ҳисобу китоб нашудааст. Тоҳир Устоев, раҳбари дастгоҳи ҳукумати Тоҷикобод, рӯзи душанбе дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, як комиссияи махсус паёмадҳои селро меомӯзад ва рақами ниҳоии хисорот дертар эълон хоҳад шуд.
"Бино ба ҳисобҳои пешакӣ, ин сел дар деҳаи Капалӣ панҷ-шаш хонаро пурра ва хонаҳои дигарро қисман вайрону валангор кардааст. Чорвои бархе аз сокинон ва мошинҳои шахсиашонро бурдааст. Зарарро комиссия муайян мекунад," - афзуд ин мақоми ноҳияи Тоҷикобод.
Имсол дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла Рӯдакиву Панҷакент, Айнӣ ва Ашту Қубодиён сел омада, натанҳо хисороти молӣ, балки талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст.
Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон низ рӯзи 29-уми август дар суҳбат бо Озодӣ зиёни сел дар ноҳияи Тоҷикободро тасдиқ карданд. Дар дафтари матбуоти ин ниҳоди расмӣ гуфтанд, ки баъди сарозер шудани пирях оби рӯдхонаи Шӯрак боло шуда, пули байни деҳаҳои Фатҳободу Шӯроби ноҳияи Тоҷикободро низ вайрон кардааст. Дар ҳоли ҳозир воҳидҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои кумаки мардум ва кӯч додани онҳо аз ҷойҳои осебдида ҷалб карда шудаанд.
Як сокини ноҳияи Тоҷикобод дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бошандагони деҳаҳои атроф ба мардуми Капалӣ ва рустоҳои дигар барои ҳарчӣ зудтар ба ҷойҳои амн кӯч додани онҳо ёрӣ мерасонанд. Азим Давлатов гуфт, ки "инчунин, трактору булдозерҳо оварда шудаанд ва соҳили дарёву атрофи деҳаҳоро маҳкам мекунанд".
Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, феълан бо мақсади бартараф кардани паёмади сел ситоди фаврӣ таъсис дода шуд ва илова ба ин, Муҳаммадтоир Зокирзода – муовини нахуствазир ва Рустами Шоҳиён, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд.
Аз бойгонӣ. Аксҳо аз паёмади сел дар ноҳияи Рӯдакӣ:
Имсол дар чанд ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла Рӯдакиву Панҷакент, Айнӣ ва Ашту Қубодиён сел омада, натанҳо хисороти молӣ, балки талафоти ҷонӣ низ дар пай доштааст. Аз ҷумла, сели шадиди рӯзи 28-уми июл дар пайи боришоти шадид ба бархе ҷамоатҳои ноҳияи Ашт хисороти молӣ ворид кард. Дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт сел як манзилу чойхонаву мағоза, чандин пули болои рӯд, 10-15 километр роҳҳои нақлиётӣ ва хатти барқро хароб карда, 3-4 хонаро қисман шустааст.
Моҳи май сел дар ноҳияи Қубодиён ҷасади як кӯдаки 6-соларо аз ин ноҳия ба дурии 8 километр, яъне то ноҳияи Носири Хисрав бурда, чандин нафарро захмӣ ва хонаҳоро низ вайрон кард. Он вақт Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ гуфта буд, 150 нафар аз 21 хонавода, ки хонаҳояшонро сел вайрон кард, дар хаймаҳо ҷойгир шуда, ба онҳо обу ғизо ва дорувор расонда мешавад.