Гурӯҳи ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Суғд субҳи рӯзи 29 июл ба хотири ёрӣ ба сокинони селзада ва бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Ашт ҳозир шудааст. Сокинони ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт мегӯянд, омадани сел дар рӯзи равшан ва саривақт кӯчонидани сокинони маҳалҳои селгузар ба ҷойҳои бехатар аз талафоти ҷонӣ ҷилавгирӣ кард.
Сели шадид баъди соатҳои 16:00 рӯзи 28 июл дар пайи боришоти шадид ба бархе ҷамоатҳои ноҳияи Ашт хисороти молӣ ворид кардааст.
Сокинон мегӯянд, дар ҷамоти Понғози ноҳияи Ашт сел як манзилу чойхонаву мағоза, чандин пули болои рӯд, 10-15 километр роҳҳои нақлиётӣ ва хати барқро хароб карда, 3-4 хонаро қисман шустаст. Даҳҳо манзили сокинон низ аз сел зарар дидааст.
Дар деҳҳои Кӯли Хоҷа ва Мулломири кӯҳистони Ашт сел даҳҳо гову гӯсфанди сокинонро, ки дар канори рӯди маҳал ва ҷойҳои селгузар мечариданд, нобуд кардааст. Сокинони деҳаи Понғоз мегӯянд, аз саҳари имрӯз мардум барои тоза кардани роҳҳо аз тариқи ҳашар ба маконҳои селзада баромадаанд.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари боронгариҳои шадиди рӯзи 28 июл инчунин дар деҳаи Қалъанаки Ялдумичи ноҳияи Рашт пули ин деҳа ва қисмате аз заминҳои кишт зери об мондаанд. Боронгарии шадид дар ин минтақа баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе оғоз шуд дар натиҷа, сел дар қитъаи 16 ва 25-30 километрии роҳи Ҳойит-Назарайлоқи ноҳияи Раштро низ шустааст.
Аз ин пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро огоҳ карда буд, ки рӯзҳои 28-31 июли соли 2016 дар кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва дар баъзе манотиқ боронгариҳои пуршиддат дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари омадани сел, инчунин баланд шудани сатҳи оби дарёҳо дар назар аст. Дар натиҷаи вазидани шамол канда шудани хатҳои интиқоли барқ, решакан шудани дарахтон, эҳтимолияти афтидани овезаҳо аз имкор дур нест, гуфта буд ин ниҳод.