Як манбаъ аз вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса соати 19:30-и дақиқаи шоми ҷумъаи 29-уми июл дар наздикиҳои маҳаллаи "Комбинати гӯшт" ё "Мясокомбинат"-и шаҳри Душанбе ҳини оббозии ин кӯдакон ба вуқӯъ пайвастааст.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи омадани сел ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Душанбе, се нафар аз кӯдакон тавонистанд худро ба берун кашанд, аммо "боқимонда 8 нафари дигар, ки дар вазъияти хатарнок қарор доштанд, аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наҷот дода шуданд”.
Кӯдаконе, ки наҷот дода шуданд Фирдавсӣ Табаров, Аминҷон Турдиев, Марҷона Ҳасанова, Сайдалӣ Авазов, Саидобиддин Одинаев, Зоир Абдуллоев ва Муҳаммадтолиби Зоирзод ҳама сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе будаанд.
Дар ҳамин ҳол вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз падару модарон хоҳиш кардааст, ки ба ҳадафи пешгирӣ аз оқибатҳои ногувор, фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Аз ин пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро огоҳ карда буд, ки рӯзҳои 28-31 июли соли 2016 дар кишвар ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва дар баъзе манотиқ боронгариҳои пуршиддат дар назар аст.
Дар минтақаҳои кӯҳӣ хатари омадани сел, инчунин баланд шудани сатҳи оби дарёҳо пешбинӣ шуда буд. Дар натиҷаи вазидани шамол канда шудани хатҳои интиқоли барқ, решакан шудани дарахтон, эҳтимолияти афтидани овезаҳо аз имкор дур нест, гуфта буд ин ниҳод.
Боронгариҳои шадиди ду рӯзи гузашта дар кишвар хисороте дар пай доштааст. Аз ҷумла сели шадиди рӯзи 28 июл дар пайи боришоти шадид ба бархе ҷамоатҳои ноҳияи Ашт хисороти молӣ ворид кардааст. Дар ҷамоти Понғози ноҳияи Ашт сел як манзилу чойхонаву мағоза, чандин пули болои рӯд, 10-15 километр роҳҳои нақлиётӣ ва хати барқро хароб карда, 3-4 хонаро қисман шустааст.
Даҳҳо манзили сокинон низ аз сел зарар дидааст. Дар деҳаҳои Кӯли Хоҷа ва Мулломири кӯҳистони Ашт сел даҳҳо гову гӯсфанди сокинонро, ки дар канори рӯди маҳал ва ҷойҳои селгузар мечариданд, нобуд кардааст.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари боронгариҳои шадиди рӯзи 28 июл инчунин дар деҳаи Қалъанаки Ялдумичи ноҳияи Рашт пули ин деҳа ва қисмате аз заминҳои кишт зери об мондаанд. Боронгарии шадид дар ин минтақа баъд аз зӯҳри рӯзи панҷшанбе оғоз шуд дар натиҷа, сел дар қитъаи 16 ва 25-30 километрии роҳи Ҳойит-Назарайлоқи ноҳияи Раштро низ шустааст.
СЕЛ ДАР НОҲИЯИ АШТ: