“Гулшан”-и овозадор 50-сола мешавад (ВИДЕО)

Дар ин ҳафта дар Тоҷикистон аз 50-умин солгарди таъсиси ансамбли эстрадии овозадори “Гулшан” таҷлил мекунанд.

Абдурасул Ҳалимов, раҳбари Иттиҳоди гурӯҳҳои эҷодии консертӣ, рӯзи 26 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “50 – умин солгарди таъсиси ансамбли эстрадии “Гулшан” бо ширкати раҳбарияти ҳукумат ва аҳли ҳунару адаб рӯзи 28 ноябр дар толори Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов баргузор мегардад.”

Ӯ афзуд, ки дар чорчӯби таҷлил аз ҷашни таъсиси ансамбли овозадори “Гулшан” барномаи консертӣ бо номи “Тавлиди дигар” дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев низ сурат мегирад.

Ба гуфтаи раиси Иттиҳодияи гурӯҳҳои эҷодӣ, дар ин барномаи консертӣ ҳунармандон ва овозхонони ҷавон - Бахтиёр Иброҳимов, Сурӯш Холов, Фаридаи Бахтиёр, Зафар Абдуалимов, Сорбон Раҷабов ва дигарон хотири тамошобинонро болида хоҳанд кард. Ин овозхонон бо садои зинда ва бидуни фонограмма ҳунарнамоӣ мекунанд.

Чанде аз таронаҳои даврони тилоии "Гулшан"-ро аз ин видео, ки гурӯҳи "Tamoshow" нашр кардааст, тамошо кунед:

Ансамбли эстрадии “Гулшан” аз нахустин дастаҳои мусиқии тоҷик аст, ки дар соли 1964 таъсис шуда ва бо номи Муқаддас Набиева, Хурмои Ширин, Тоҷиддини Муҳиддин, Қароматуллоҳи Қурбон, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Умар Зиёев, Баҳодури Неъмат ва чанде дигарон то ҳол вирди забони мардум аст.

Аммо бо гузашти 50 сол аз таъсиси ин ансамбл, имрӯз овозхонони ҷавон дар ин дастаи эстрадӣ фаъолият мекунанд ва раҳбарии ин гурӯҳро Бахтиёр Иброҳимов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бар дӯш дорад.