Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз Кароматуллои Қурбон


Ҳарчанд 14 сол қабл риштаи умри овозхони зиндаёд Кароматуллои Қурбон ба таври фоҷиавӣ канда шуд, вале сабтҳои таронаҳои ӯ, ки қариб ҳамарӯз тариқи родиву телевизион пахш шуда аз дӯконҳои фиттафурушиву тарабҳонаҳои пойтахт садо медиҳад, шӯҳрати ӯро то ҳанӯз низ миёни мухлисонаш нигаҳ медорад.

Кароматулло аз зумраи камтарин овозхонони тоҷик аст, ки мактаби ҳунараш дар дунёи мусиқии тоҷик побарҷо буда ҳунарамандони зиёди имрӯз мисли Сӯҳроби Маҳмуд, Садриддини Наҷмиддин, Сироҷиддин Фозилов, Ҷамшеди Низом ва дигарон дар пайрави аз сабки ӯ тарона эҷод мекунанд.

Аммо дар навбати худ Кароматуллои Қурбон пайрави мактаби ҳунари овозхонони Ҳинд буд, гуфт дар сӯҳбат бо мо Баҳодур Неъматов, овозхони тоҷик, ки ҳамроҳ бо Кароматулло дар гурӯҳи эстрадии Гулшан фаъолият мекард. Баҳодур Неъматов аз ҷумла афзуд, ки маҳз истеъдоди худодод ва заҳмати шабонарӯзӣ боиси ба чунин зинаҳои баланди ҳунарӣ расидани Кароматулло гаштааст:

«Ҳарчанд Кароматулло дар Гулшан ду сол фаъолият кард, аммо кори ӯ хеле сермаҳсул буд. Бисёр серҳаракат буд, доим сурудҳои нав эҷод мекард, гӯё ҳис мекарда бошад, ки умри кӯтоҳ дорад. Агар ӯ зинда мебуд боз сурудҳои зиёде эҷод мекард. Як овозхони аҷиб буд Кароматулло.»

Пайвандони Кароматулло бо ёдоварӣ аз ӯ мегӯянд, ки Кароматулло пайваста ба сабтҳои ҳунармандони Ҳинд гӯш дода лаҳзае аз аккордиони худ ҷудо намешуд ва кӯшиш мекард ҳамарӯз як оҳанги ҷадиде эҷод намояд. Қурбоналии Абдулло овозхони дигари тоҷик, ки тайи солҳои чанд бо Кароматулло ҳамкорӣ дошт ва худро то як андоза шогирди ӯ медонад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ҳунари Кароматулло як ҷазабаи махсус доштааст ва садои ӯ, тарзи эҷоди тарона, ҳунари шунавоиву мутрибияш ба дараҷаи баланд расида буд:

«Гӯш кардани фиттаҳои зиёди ҳиндӣ, гӯш кардани сабтҳои ҳунармандони тоҷик ва чизе аз онҳо гирифтану баъд дар болои ин пойдевор сохтани як чизи нав барои Кароматулло касб шуда буд. »

Қурбони Абдулло ҳамчунин афзуд, он замон марги Кароматулло ӯро чунон рӯҳафтода сохт, ӯ ҳатто дар васфи ин овозхон тарона низ сурдааст:

«Ба дил сад достон мемирам охир,
Чу гул дар бӯстон мемирам охир,
Зи макри душманон боке надорам,
Зи қасди дӯстон мемирам охир....


Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки Кароматуллоро бегона накушт, ӯро мо худамон, мардуми Тоҷикистон куштем.»


Аъзам Солиев, бастакори тоҷик мегӯяд, ҳарчанд имрӯз овозхонони зиёде ба сабки Кароматулло ба истилоҳ тақлид намуда кӯшиш мекунанд аз лиҳози кашиши овоз ва иҷрои тарона шабеҳи ӯ бошанд, вале ҳунари овозхонии Кароматулло ҳамоно нотакрор боқист:

«Ин гуна овозхон дар кишвар имрӯз хеле кам аст. Хислатҳои ӯ шахсан ба худаш мувофиқ буд. Садои ӯ чунон як ширае дошт, ки имрӯз ягон овозхони ҷавон чунин садо надорад.»

Мунаққиддони мусиқии тоҷик мегӯянд, агар риштаи умри Кароматуллои Қурбон ба ин зудӣ гусаста намешуд, то имрӯз бо садову сабки хосаи Кароматулло таронаҳои бешумору ҷолиб ва шунидании дигар рӯи саҳнаи тоҷик меомаданд.
XS
SM
MD
LG