Ин гурӯҳ дар асоси мусиқии миллӣ оҳангҳои эстрадӣ - равияи ҷадиди вақтро эҷод мекард. Пас аз муддати кутоҳе «Гулшан» ба гурӯҳи маъруфи оркестрӣ дар кишвар табдил ёфт.
"Солҳои тилоии "Гулшан"
Маҳз бар асари фаъолияти пурсамари ин гурӯҳ авохири солҳои 70-ум ва ибтидои 80-уми қарни гузаштаро давраи рушди мусиқии эстрадӣ дар Тоҷикистон ва «солҳои тилоии «Гулшан» меноманд.
Баҳодур Неъматов, ҳунарманди мардумии кишвар, мегӯяд, замоне, ки дар мактаб мехонд ва тариқи телевизион оҳангҳои «Гулшан»-ро тамошо мекард, орзӯ дошт дар ҳамин гурӯҳ фаъолият кунад.
Баҳодури Неъмат мегӯяд, ҳарчанд ҳунармандоне, ки мехостанд дар ин гурӯҳ овозхонӣ кунанд зиёд буданд, аммо шомил шудан ба ҳайати «Гулшан» кори мушкил буд. Ва нафароне интихоб мешуданд, ки сабки махсус, овози фораму фарқкунанда, симои дилкаш ва ҳаракоти зебои саҳнавӣ доштанд.
Баҳодури Неъмат ба ёд меорад, ки он солҳо оҳангҳо танҳо дар Хонаи Радио сабт мешуданд ва шӯрои бадеӣ назорат мекард, то оҳангҳои баду каммазмун ба эфир роҳ наёбанд. Ҳамин буд, ки дар гурӯҳи «Гулшан» ҳунармандони асли ҷамъ омаданд ва ин соҳиби ҷоизаҳои зиёди дохилӣ ва хориҷӣ шуд.
Мактаби овозхонони фақид
Овозхонони фақиди тоҷик Тоҷиддини Муҳиддин, Муқаддасу Хурмо, Махфирату Умари Зиё, Кароматуллоҳи Қурбон аз ҳунармандони гурӯҳи «Гулшан» буданд. Ҳарчанд имрӯз овозхонони зиёде ба сабки Кароматулло, ба истилоҳ, тақлид мекунанд, вале ҳунари овозхонии Кароматулло ҳамоно нотакрор боқист. Худи Кароматулло низ эътироф мекард, ки маҳз ҳайати эҷодии “Гулшан” дар касби шӯҳрат барояш мусоидат кардааст.
Баҳодури Неъмат мегӯяд, ҷанги шаҳрвандӣ боиси он шуд, ки ҳунармандони “Гулшан” пароканда гардиданд. Бархеҳо фавтиданд, қисмате ҳиҷрат карданд. Аммо онҳое ҳам, ки баргашатанд, фаъолияти худро дар дигар гурӯҳҳо идома додаву теъдоди шуғли худро тағйир карданд.
Гурӯҳи оркестрии “Гулшан” то имрӯз ҳам дар назди Вазорати фарҳанги кившар амал мекунад ва онро асосан ҳунармандони ҷавон намояндагӣ мекунанд. Баъди таъсисёбии гурӯҳи “Гулшан” дар Тоҷикистон гурӯҳҳои мухталифи эстрадӣ зуҳур кард. Аммо мунақиддони мусиқӣ мегӯянд, он маъруфияту маҳбубиятеро, ки ин гурӯҳ беш аз се даҳсола пеш касб карда буд, дигар такрор наёфтааст.