Субҳони Саид, овозхони маъруфи тоҷик пас аз танаффуси чандсола боз рӯи саҳна меояд ва боз ҳам хотири мухлисону ҳаводорони худро бо сурудҳои ҷаззобу шуниданӣ шод месозад.
Аммо чаро ӯ чанд муддат натавонист ба саҳна ояд. Ин ва чанд саволи дигар моро ба манзили Субҳони Саид бурд ва мо аз ӯ посухи ин суолҳоро пурсидем.
Субҳони Саид: “Дар ҳақиқат тайи ин се-чаҳор соли ахир, ки сиҳатиам хуб нест, рӯи саҳна баромада натавонистам. Вале шукри Худо ҳоло, ки як каме саломатиам беҳтар гардид, чунин имкон фароҳам омад. Барномаи консертии ман бо сарпарастии сафорати Амрико дар Душанбе ва Маркази таҳқиқоти журналистӣ дар бинои Филармонияи давлатӣ дар рӯзи сеюми декабр доир мешавад. Ният дорам он чизҳоеро, ки дар солҳои беморӣ рӯи бистар омода кардаам, пешкаши мухлисон намоям.”
Шакли комили гуфтугӯ бо Субҳони Саидро дар ин ҷо бишнавед:
Радиои Озодӣ: Саҳна ва мухлисонро зиёд пазмон шудед?
Субҳони Саид: “Албатта, хеле зиёд. Мулло беҷойнамоз ва овозхон бе саҳна буда наметавонад. Барои санъаткор саҳна ҷойнамоз аст. Барои ман бисёр менависанд, занг мезананд, мепурсанд, ҳатто ба хона меоянд, ки Субҳон чаро дар саҳна нестӣ? Аммо вазъи саломатии маро мебинанд ва мефаҳманд, ки бо ин ҳол наметавон зуд-зуд рӯи саҳна омад.”
Радиои Озодӣ: Бисёре аз мухлисон аз он шикоят мекунанд, ки дар барномаҳои консертии шабакаҳои телевизонӣ на ҳама овозхонҳои писандидаи мардум нишон дода мешаванд. Дар байни ин сарояндаҳо исми Шуморо ҳам зикр мекунанд. Ба назари Шумо сабаби чунин муносибат чӣ аст?
Субҳони Саид: “Сабабашро намедонам. Ягон душманӣ бо масъулини Вазорати фарҳангу Кумитаи радио ва телевизион надорам. Ҳаминро гуфтаниам, ки 28 сол дар соҳаи фарҳанги Тоҷикистон кор кардаам. Тӯли солҳои кории ман якчанд вазиру якчанд раисҳо иваз шуданд. Фикр мекунам, нафарҳое низ вазир таъйин шуданд, ки дар соҳаи фарҳанг ягон иртибот надоштанд. Онҳо на аз ҳунар бохабар буданд, на аз фарҳанг. Ба монанди ман чандин нафарҳое ҳастанд, ки дар телевизион гум шудаанд, нестанд, баромад намекунанд.
Радиои Озодӣ: Хонае, ки Шумо зиндагӣ доред, як қисмате аз манзили пешинаи марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст. Шумо онро харидед?
Субҳони Саид: “Инро нахаридаам. Як бародар тӯҳфа кард. Ин нафар хешу табори ман Муродалӣ Алимардон аст. Мо ҳамсол ҳам ҳастему хешу табор ҳам. Чун фаҳмид, ки ман дар ин ҳолат афтодаам, онро ба ман дод. Дигар ҳеҷ. Аз Вазорати фарҳанг касе суроғи мо наомад. Ҳарчанд фаҳмиданд, ки ман аз пойҳоям маҳрум шудаам, ҳатто напурсиданд. Ҳарчанд Вазорати фарҳанг хобгоҳ дорад, нагуфтанд, ки биёед, ин одам ин ҳама солҳо кор кард, як утоқ ҷудо карда диҳем. Дигарҳо ин ҳамаро мушоҳида карда чӣ мегуфта бошанд: шогирдҳои ман, фарзандҳои ман...”
Радиои Озодӣ: Шумо нафақа мегиред?
Субҳони Саид: “Ягон намуд нафақа намегирам, на давлатӣ, на маъюбӣ. Ҳозир барои як қоғазро (ҳуҷҷат) тайёр кардан даводави зиёд кардан даркор. Маъюб чӣ гуна давад? Як масали хуби тоҷикӣ ҳаст, ки бепул суханат асар надорад, ҳоле, ки ту дорӣ саг надорад. Ин дар даврони Шӯравӣ буд, ки мегуфтанд “не имей сто рублей, а имей сто друзей”, аммо ҳозир баръакс шудааст. Бояд пули зиёд диҳӣ, то коратро баробар кунанд.”
Радиои Озодӣ: Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бисёриҳо тоб наоварданд, тоқат накарданду ба берун рафтанд, вале Шумо инҷо будед. Чӣ рӯзҳоро пушти сар кардед?
Субҳони Саид: “Бародар он рӯзҳо бисёр сахт буд. Рӯзҳое буд, ки қумондонҳо дар тани девор рост монда, паррониданӣ ҳам шуданд. Чӣ корҳое, чӣ озору таҳқирҳое раво надиданд, ки ҳамаашро таҳаммул кардем. Лекин ман гуфтам, ки агар бимирам ҳам бо мардум ва дар Тоҷикистон мемирам.”
Радиои Озодӣ: Аз қумандонҳо бо киҳо шинос будед?
Субҳони Саид: “Бо ҳамаашон, аз ҷумла бо Файзалӣ Саидов, Саидшо Шамолов, Ғаффор-седой, Ёқуб Салимов, Иззат Куганов, Хӯҷа–командир, Ризвон. Барои мо фарқ надошт, мо як санъаткор будем. Ин тараф ҳам, ки ба тӯяш даъват мекард, мерафтем, хидмат мекардем, он тараф ҳам. Барои мо фарқ надошт, ки ин тараф мардуми Ғарм, он тараф мардуми Кӯлоб, ин тараф мардуми Ҳисор. Ба қавли устод Зафар Нозим барои мо ҳамааш мардуми як миллат аст. Барои ман ҳамаи онҳо як тоҷик ҳастанд.”
Радиои Озодӣ: Шумо аз он, ки чанд муддат мубтало ба мавод мухаддир шудед, сахт пушаймонед?
Субҳони Саид: “Албатта, ба ҳар кори баде, ки одам рафт, оқибат пушаймон хоҳад шуд. Дар ҳақиқат, фишорҳо зиёд буд. Як нафар аз шахсиятҳои бузурги рус гуфтааст, ки “артисти они дети, они сукини дети”. Ҳофиз мардум “эрка” мешаванд. Масалан, “попзвездаҳо”-е, ки дар Русия ё кишварҳои дигар ҳастанд, масалан, Алла Пугачева ё Филип Киркоров. Филип Киркоров самолёти шахсӣ дорад. Аммо дар мо чӣ? Кадом овозхон қаср ва ё мошини дабдабанок дорад. Ҳамин рӯз сохтед, пагоҳ хонаатон сӯхт.”
Радиои Озодӣ: Шояд як қисмашон ҳастанд, ки дастгирӣ аз болоҳо доранд?
Субҳони Саид: “Агар ки тағо дошта бошед, ҳама корро мекунед.”
Радиои Озодӣ: Муродалӣ Алимардон, ки “тағо”-и баде нест...
Субҳони Саид: “Он мард хешу табор, ҳамсоли ман ҳаст. Вале танҳо барои ман ёрӣ намекунад. Ӯ ба гурӯҳи бузурги мардум хидат мекунад. То кай дасташ ба ман мерасад. Ҳамин хонаро, ки имрӯз ин мард ба ман додааст, худ як давлати бузург аст. Агар ҳаминро ӯ намедод, ман дар куҷо менишастам?”
Фаъолияти меҳнатиро баъд аз аскарӣ дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ҳайси киномеханик оғоз менамояд. Солҳои 1983 то 1985 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” ба фаъолият мепардозад. Соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват мешавад. Аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар ӯҳда доштааст.
Муаллифи даҳҳо оҳангу сурудҳои эстрадӣ ва мардумист. Соли 2003 дар озмуни сартосарӣ миёни овозхонҳои эстрадаи тоҷик бо касби мақоми аввал “Ситораи сол” эълон мешавад. Оиладор, соҳиби 7 писар.

Зиндагиномаи Субҳони Саид
Субҳони Саид дар моҳи сентябри соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шуда , таълими 8-соларо дар зодгоҳ фаро мегирад. Се сол дар Омӯзишгоҳи санъати ноҳияи Рӯдакӣ таҳсилро идома медиҳад. Солҳои 1979 то 1981 хидмати сарбозиро дар шаҳри Маскав ба поён мебарад.Фаъолияти меҳнатиро баъд аз аскарӣ дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор ба ҳайси киномеханик оғоз менамояд. Солҳои 1983 то 1985 дар ҳайати ансамбли эстрадии “Суғдиён” ба фаъолият мепардозад. Соли 1986 барои кор ба дастаи ҳунарии “Ганҷина”-и Филармонияи давлатӣ даъват мешавад. Аз соли 1993 то соли 2008 раёсати дастаи ҳунарии “Гулшан”-ро бар ӯҳда доштааст.