Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далери Назар – Устоди то ҳол беунвони эстрадаи тоҷик


Гуфтугӯ бо ҳунарманди саршинос Далери Назар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00
Линки мустақим

Далери Назар то имрӯз ҳатто Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон нест, чӣ расад ба Ҳунарманди мардумӣ.

Кӣ бовар мекунад, Далери Назар, ки дар зиндагиаш “классики эстрадаи тоҷик” ва ҳам “таърихи зиндаи мусиқии муосири мо” номаш мебаранд, то ҳол ягон унвони расмӣ надорад?

Далери Назар то имрӯз ҳатто Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон нест, чӣ расад ба Ҳунарманди мардумӣ - олитарин унвони ҳунарӣ дар ин кишвар. Ӯ акнун писари 17-солааш Меҳрубонро ба ҷодаи ҳунар фотеҳаи роҳ медиҳад.
Вақте баландтарин оҳангҳои Далери Назар – “Турки шерозӣ”, ё “Эй парӣ”-ро гӯш мекунӣ, яқинан мегӯӣ, ки ин мусиқии тоҷикӣ аст. Ва ҳеҷ вақт шакке надорӣ, ки дуздишуда ё нусхае аз эронӣ, ё афғонӣ, ё аврупоӣ бошад...

Бачаи гиторбадасти шаҳрӣ

Далери Назар бори аввал соли 1979, вақте ҳамагӣ 20 сол дошт, бо ҳамин таронаи “Эй парӣ” - саундтреки филми машҳури “Нахустин субҳи ҷавонӣ”-и Давлати Худоназар, ки дар байни мардум бо номи “Нисо” маъруф аст, вориди майдон шуд ва инак 32 сол боз дар радифи ситораҳои аввали эстрадаи мост.

Он айём давроне буд, ки аксари овозхонони тоҷик аз муҳити русто бархоста, табъан як аккордеон сари китф ва ҳавои таронаҳои тӯёна дар сар вориди майдони ҳунар мешуданд. Равоншод Кароматуллоҳи Қурбон, барои мисол, то вақте дар гурӯҳи “Суғдиён” буд, аккордеонашро аз китф нагирифт ва нахустин таронааш - “Баҳорам мешукуфад”-ро бо ҳамин аккордеон суруд.

Аммо Далери Назар аз аввал аз бақия фарқ мекард. Ӯ, ки писари вазири вақти фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ва домоди раҳбари аввали вақти кишвар Раҳмон Набиев буд, дар муҳити шаҳр бузург шуда, чун дигарон на бо аккордеону таблак, балки гитор дар даст ва бо ҳамон рӯҳияи саркашу шӯрида ва олуда ба эътирози “бачаҳои шаҳр” ба саҳна омад. Ва аз ҳамон оғоз ҳарчӣ мегуфт, нав буд ва бо як сабки хосе, ки акнун бо гузашти 32 сол ҳамчун сабк ва мактаби Далери Назар ёд мешавад.

Худи ӯ мегӯяд: “Фақат инро мехоҳам, ки мардуми ман аз будани ман иштиҳо пайдо кунад, ки мусиқиро зиёдтар дӯст дорад. Ман дар ин роҳ фақат як пиллача ҳастам, як қадамам ҳамагӣ, то дигаронро дастгирӣ кунам. Худам низ ҳамеша дар ҷустуҷӯям. Мақсаду мароми дигаре надорам – фақат роҳ, роҳ, роҳ.”

Пуркору пурмутолиа

Зеваршоҳ, таҳлилгари масоили ҳунарии Тоҷикистон дар радиои Би-би-сӣ мегӯяд, мисли Далери Назар нафаре чунин пуркор ва пурмутолиародар байни ҳунармандони тоҷик кам медонад ва доираи мутолиоти ӯ фақат ба масоили шеъру мусиқӣ маҳдуд намешавад.
Зеваршоҳи МУҲАММАД

Зеваршоҳ мегӯяд, Далер то имрӯз ба ҳар як консерти чӣ хурд ва чӣ бузург соатҳо машқ мекунад, ки омадагиаш комил бошад, ва моҳҳоро барои сохтани ҳар тарона сарф мекунад, ки ҳарчӣ аз номи ӯ берун меояд, фақат ва фақат беҳтарин бошад. Ин аст, ки бо вуҷуди кам будани теъдоди таронаҳои Далер, касе чун ӯ ба чунин омезиши пурҳунаронаи мусиқии мардумии тоҷикӣ бо мусиқии муосир даст наёфтааст ва ҳамин таронаҳои ӯст, ки дар хориҷ ба унвони як намунаи олии таронаи тоҷикӣ эътироф шудаанд.

Зеваршоҳ афзуд, гузашти айём ба ҳусни таронаҳои Далери Назар фақат меафзояд: “Вақте баландтарин оҳангҳои Далери Назар – “Турки шерозӣ”, ё “Эй парӣ”-ро гӯш мекунӣ, яқинан мегӯӣ, ки ин мусиқии тоҷикӣ аст. Ва ҳеҷ вақт шакке надорӣ, ки дуздишуда ё нусхае аз эронӣ, ё афғонӣ, ё аврупоӣ бошад. Ва бузургии худи Далер ҳам дар он аст, ки ҳамеша такя бар мусиқии мардумӣ мекунад. Як мусиқии ғарбӣ ё аврупоиро намегирад, ки ба он матни тоҷикӣ гузорад ва иҷро кунад. Ҳамеша кӯшиш мекунад, ки садои най, садои таблак бошад.”



Писари нозпарварди вазир

Далери Назар дар як муҳити хеле фарҳангӣ ба воя расид. Падари ӯ Меҳрубон Назаров вазири фарҳанги Тоҷикистон буд ва писарамакаш Давлати Худоназар - алакай як коргардони шинохтаи синамо. Назар Назаров, устоди собиқи Донишкадаи ҳунарҳои зебо ва бародари калонии Далери Назар мегӯяд, Далер маълумоти комили мусиқӣ надорад ва ҳамагӣ як ё ду сол ба мактаби мусиқӣ рафта, илми олиро ҳам дар риштаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи омӯзгорӣ гирифтааст.

Далери НАЗАР
Назар мегӯяд, Далер роҳаш ба ҷодаи ҳунарро худаш ва бидуни ягон кӯмаки падар ё ягон каси дигар боз кардааст: “Далер фарзанди хурдӣ ки буд, каме нозпарвард буд, албатта, вале касе кӯмакаш накардааст. Аз бачаҳои ҳавлӣ навохтани гиторро ёд гирифту сипас дар боғи шаҳрӣ бо бачаҳо кам-кам менавохт. Баъд бо дигар ҳунармандон ошно шуду оҳиста-оҳиста бо ҳамин роҳ рафт. Падарамон дар ин масъала хеле одами одил буд ва ба касе халал намерасонд, ки ба роҳи худаш наравад. Ӯ, ки номаш Меҳрубон буд, худаш низ чунин одам буд. Сахтгир набуд, вале насиҳатҳои бамаънӣ мекард. Маҷбур намекард, вале ҳамеша мегуфт, ки мо тоҷик ҳастем ва бояд забону адабиёт ва таърихамонро донем. Ҳамеша инро мегуфт ба мо.”

Ғулғулаи “Турки шерозӣ” ва “Чак-чаки борон...”

Далер баъди ҷудо шуданаш аз духтари Набиев чанд сол аз саҳна ғайб зад ва танҳо дар миёнаҳои солҳои 80 ва бо таронаи “Турки шерозӣ” бар пояи ғазали оламгири Ҳофиз баргашт. Ҳамин таронаи мисли ин ғазали Ҳофиз шаҳрошӯб Далери Назарродар як они воҳид бурд ва дар арши шӯҳрати он даврон ба курсӣ нишонд.

“Турки шерозӣ” дар муҳити умдатан муҳофизакори ҳунари тоҷик чунон ғулғула афканд, ки аз Далери Назар бо вуҷуди синни ҳанӯз ҷавонаш алакай ҳамчун аз як падидаи эстрада ном мегирифтанд. Гурӯҳҳои пуровозаи эстрадии “Гулшан” ва рақсии “Зебо” акнун ҳамкорӣ бо гурӯҳи Далери Назарро барои худ ифтихор медонистанд ва чанд таронаирақами яки солҳои 80 низ меваи ҳамин ҳамкорист. Аз ҷумла “Чак-чаки борони баҳор”, ки яке аз шоҳкорҳои асили эстрадаи тоҷик дар асри 20 шинохта мешавад.

Нобовари ЧАНОР
Нобовари Чанор, овозхони гурӯҳи “Шамс” ва аз шогирдони Далери Назар мегӯяд, сабки Далери Назар чунон хос ва истеъдоду ҳунараш ҳам чунон буд, ки дар чордевори шеваҳои зиёд суннатӣ ва муҳофизакоронаи “Гулшан” намегунҷид ва ҳанӯз дар овони ҷавонӣ Далерро як ҳунарманди соҳибмактаб кард. Мактабе, ки Нобовари Чанор низ худро парвардаи он меҳисобад: “Устод Далери Назар аз ҳамон солҳои 1985-1986 маҳбубият ва як равияи худро пайдо кард ва ҷавонон то ҳол аз ин равия истифода мебаранд ва аз ин мактаб пой ба ҷодаи мусиқӣ мегузоранд. Таронаҳои Далери Назар саропо омезише аз мусиқии мардумӣ бо мусиқии муосири ғарбист, чӣ дар аккордҳо ва чӣ дар гармонияи ин мусиқӣ. Бо он равияе ки Далери Назар пайдо карду то ҳанӯз пайрав дорад, ӯ як классик шудааст.”

Зиндагӣ дар ғурбат

Дар поёни соли 1992, вақте оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба домани Душанбе расид, Далери Назар дигар дар он Тоҷикистоне, ки сози аввалаш автомати Калашников ва туфанги Макаров шуда буд, ҷое барои худ надид ва дар қатори ҳазорон ҳамватанонаш ҳамроҳ бо аҳли гурӯҳ ва пайвандонашаз инҷо рахт барбаст. Чанд муддат дар Алма-Ато ба сар бурд, баъд ба Олмон рафт ва боз баргашт ба
Парвиз НАЗАРОВ

Қазоқистону дар ҳамин ҷо маскан гирифт. Вале ситораи Далер дар ғурбат ҳам гум нашуд, балки шӯҳрати ӯву хоҳараш Ситора ва хоҳарзодааш Парвиз Назаров хеле зуд дар Қазоқистон паҳн шуд ва Ситораву Парвизро то имрӯз аз ситораҳои пуртоби мусиқии муосири Қазоқистон медонанд.

Аммо худи Далер ҳатто дар ғурбат ҳамеша ба ёди Тоҷикистон метапид ва тавре худи ӯ дар яке аз мусоҳибаҳои ангуштшумораш аз равоншод Лоиқи Шералӣ иқтибос мекунад: “Зи худ рафта, куҷо ҳам метавон рафт?” Ин аст ки ба муҷарради хатми ҷанг баргашт ва соли 1997 барои ҳаводорони хеле муштоқшудаашдар Кохи Борбад як консерти бошукӯҳ низ орост.

Шоми ҳунарии Далери Назар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00
Линки мустақим


Тӯй намеравад

Бо ин ҳол, Назар, бародари Далери Назар мегӯяд, зиндагии ӯ ва ҳатто 4 фарзанд - 3 писар ва 1 духтараш - дигар байни Алма-Атову Душанбе тақсим шудаанд: гоҳе инҷост ба ёди он якеву гоҳо онҷо - ба ёди ин. Ӯ мегӯяд: “Гоҳ унҷосту гоҳ инҷо. Вале вақтҳои охир бештар дар Душанбест, чунки ин ҷо чанд шогирд дорад. Ва ҳам як студияи хурде дорад дар ГЖК, ки дар он чизҳои қадимаашро ба тартиб меорад, барои филмҳо мусиқӣ менависад, таронаҳои нав месозад. Ӯ ҳоло ба консертдиҳӣ шавқи чандон надорад. Ба тӯйҳо ҳам намеравад. Агар ягон дӯсти наздикаш даъват кунад, меравад, чанд тарона барои табрик мехонад. Лекин чанд сол шуд, ки дигар тӯй ба тӯй намегардад.”

Худи Далери Назар мегӯяд, дигар синни ӯ ба ҷое расидааст, ки ҳавои толорҳои бузургу консертҳои бузургро намепарварад: “Вақте ман 15 ё 16 сол доштам, ба худ гуфта будам, ки одам бояд баъди синни 50 ба саҳна набарояд, махсусан дар равияи мусиқии

ҷавонон. Саҳнаи калон барои ҷавонон аст. Кори мо толорҳои хурд аст барои 100 нафар, 50 ё 60 нафар. Ман ҳоло вазифаамро дар сӯҳбат ва пешниҳод кардани баъзе оҳангҳо мебинам, ки ба ҳавои толорҳои бузург дуруст намеояд. Дар Тоҷикистон ҳоло равияе роиҷ аст, ки бештар хоси барномаҳои арӯсист. Ваодамон ба он одат кардаанд ва вақте ба толор меоянду мо сурудҳои ором мехонем, баъзеҳо ҳатто меранҷанд, ки гӯё мо онҳоро хурсанд карда натавонистем.”

Фарзандони Далери Назар

Назар, бародари Далери Назар мегӯяд, танҳо духтари Далер ҳанӯз ҳамагӣ 15сол дорад, вале аз 3 писари алакай баркамоли ӯ фақат Даврон –меваи издивоҷи Далер бо Мунаввара, духтари Раҳмон Набиев - дунболи касби дигар рафт: “Даврон овозхон нест. Вай бо роҳи падар нарафт. Вале ду писари дигараш –Аброр ва Меҳрубон – бо роҳи падар рафта истодаанд. Аброр дар Душанбе дар гурӯҳи “Сарез” аст. Меҳрубон бошад дар Алма-Ато бо гурӯҳи худаш.”

Аброр, писари 27-солаи Далери Назарро вақте пайдо кардем, ки рӯзҳои охири омодагӣ ба тӯйи арӯсиаш буд. Аброр дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ӯ асосан навозанда аст, вале додари ҳамагӣ 17-солааш Меҳрубон алакай машқи овоз мекунад ва пешрафти хубе ҳам дорад: “Ман асосан менавозам. То имрӯз ба хонандагӣ фурсат надоштам. Гитору сетор мезанам, як каме пианинову каме табл ва ҳам як каме бас. Дар ҳамаҷо менавозам – ҳам дар гурӯҳи падарам, ҳам дар гурӯҳи “Сарез” ва ҳам дар гурӯҳи “Даф”. Меҳрубон хурдӣ аст. Вай лидери гурӯҳаш аст дар Алма-Ато – ҳам месарояд, ҳам оҳанг месозад. Бештари таронаҳояш дар ҳоли ҳозир инглисист. Ӯ роҳашро нав сар кардааст ва дар ҷустуҷӯи шеваест, ки дилаш мехоҳад. Ҳанӯз дар кофтуков аст. Фикр мекунам, чизеро, ки дар қалбаш ҳасту мехоҳад, то як ё ду соли дигар ҳатман пайдо хоҳад кард.”

Фотеҳаи Далер ба Меҳрубон

Иқболшоҳ ЗАВҚИБЕКОВ (аз рост)
Иқболшоҳ Завқибеков, гиторнавози гурӯҳи “Шамс” ва сарпарасти осорхонаи Гурминҷ Завқибеков гуфт, Меҳрубон Назаров бо гурӯҳи “A-Town”-аш аз Алма-Ато ба Душанбе омадааст, ки бо тадвири нахустин консертҳояш дар пойтахти Тоҷикистон аз падари бузурги худ фотиҳаи кор бигирад: “Рӯзи 21-ум дар осорхона мешавад консерти Меҳрубон ва рӯзи 17-ум дар театри “Падида” бо ибтикори созмони “Бактрия”. Онҳо бештар мусиқии ғарбӣ менавозанд. Дар Алма-Ато ки бузург шудаанд, асосан рок менавозанд ва сурудҳояшон низ асосан инглисист. Дар байни онҳо фақат Меҳрубон тоҷик аст ва як бачаи дигар, ки флейта менавозад. Боз ду духтари рус аст ва як бачаи қазоқу як кореягӣ, ки гиторнавоз аст. Тоҷикӣ намехонанд инҳо. Дар Алма-Ато, ки ба воя расидаанд, ҳамин хел тарбия гирифтаанд.”

Худи Далери Назар мегӯяд, ки ӯ мехоҳад, то писараш Меҳрубон пайрави фақат падар набошад, балки роҳу равияи хоси худро дар мусиқӣ биҷӯяд ва биёбад: “Он асосе ки ман дар тарбия барояш додам, то он дараҷа ҳанӯз нарасидаанд, ки чизҳои ориҷиналие биёбанд барои худ. Лекин дар кофтукоб ҳастанд. Инро Худо медонад, ки кай ва кадом равияро пеш хоҳанд гирифт. Вале мусиқиро дӯст медоранд, ватанашонро дӯст медоранд ва агарчӣ дар Қазоқистон зиндагӣ мекунем, асосу ҷаҳонбиниаш аз ҳамин сарзамин бархостааст. Ва ман мехостам, ки ба ман монанд набошад ва як роҳи нав кушояд барои худаш ва ҳам барои дигарон.”

Устоде, ки ягон унвони расмӣ надорад

Ба ақидаи мусоҳибони мо, Далери Назар як падидаи нотакрор дар мусиқии муосири тоҷик, балки худ як таърихи зиндаи ин мусиқист, ки дар зиндагиаш ба мақоми классики мусиқии поп расидааст. Овозхонҳои забардасте, чун Наргис Бандишоева ва Муборакшоҳи Мирзошоҳ, ки ҳарду дар айни ҷавонӣ аз дунё рафтанд, ва ҳам Нобовари Чанор бо гурӯҳи овозадори “Шамс” парвардаҳои ҳамон мактабеанд, ки асосашро дар солҳои 80 Далери Назар гузошт ва акнун ҳамчун “мактаби Далер” ё “сабки бадахшӣ” ёд мешавад. Аммо маълум мешавад, то имрӯз ба ҳеҷ кадом аз ин 4 парвардаи мактаби

Далер ва ҳатто ба худи ӯ бо он ҳама хидмате ки дар рушди эстрадаи тоҷик кардааст, ягон унвони расмӣ надодаанд – на Ҳунарманди мардумианд ва ҳатто на Ҳунарманди шоиста.

Нобовари Чанор мегӯяд: “Овозхонҳое ҳастанд, ки ҳатто дар 15-ум 17-солагӣ соҳиби унвон шуданд. Вале Далери Назар то ҳанӯз ягон унвон надорад. На ӯ дорад, на ман, на Муборакшоҳ, ки бе ягон унвон аз дори дунё рафт. Далер унвони баландтар аз ҳар унвони расмиро дорад, чунки ӯ бе ин ҳам маҳбубтарин аст дар миёни мардум ва халқ ӯро меписандаду дӯст медорад. Вале унвоне ки дар қоғаз бошаду расмӣ, ӯ надорад.”

Зеваршоҳ, таҳлилгари масоили мусиқии тоҷик дар Би-би-сӣ мегӯяд, давлат метавонист барои Далери Назар ҳадди ақал як студияи муосир бидиҳад, ки ӯ имкони ба шогирдонифаровонаш омӯзондани таҷрубаи худро пайдо кунад: “Имрӯз мебинӣ, ки Нозия Кароматуллоҳ ё Муҳаммадрофеъ, ё дигар овозхонҳои ҷавон уонвон мегиранд. Ман намегӯям, ки онҳо шоистаи унвон нестанд. Вале дар баробари онҳо аз Далер ҳам қадрдонӣ кунанд, хуб мешуд. Ҳарчанд худи Далер ҳеҷ гоҳ кӯшиш намекунад, ки ба мақомот наздик бошад, то аз онҳо ягон унвон бигирад. Ҳамеша мегӯяд, ман дар канор ҳастам, намехоҳам шомили барномаҳои ҳукуматӣ бошам, то нагӯянд, ки ба хотири унвон ё мартаба гирифтан ин корро кардаам.”

Далер комёбиҳояшро бояд зикр кунад...

Аммо чаро то имрӯздар Тоҷикистон ба ҳунарманди тавоно ва шӯҳратёре, чун Далери Назар, унвони расмиеро лоиқ надидаанд? Абдуғаффори Абдуҷаббор, раиси дастгоҳи вазорати фарҳанг ба Радиои Озодӣ гуфт, Далери Назар дар воқеъ аз беҳтарин чеҳраҳои эстрадаи муосири Тоҷикистон ва ба ҳар унвон шоиста ҳаст, вале ба далели иҷро нашудани баъзе муқаррароти ҳатмии девонсолорӣ то имрӯз унвон нагирифтааст.

Ҷаноби Абдуҷаббор гуфт, як шарти аслӣ пешбарӣ ба дарёфти унвони Ҳунарманди шоиста ё Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз ҷониби ягон идораи ҳунарист, вале Далери Назарро касе то ҳол расман пешбарӣ накардааст: “Ӯ бояд, фарз кардем, нусхаи шиносномаашро биорад, варақаи шахсӣ пур кунад ва дар ин варақа комёбиҳои ҳунарии худро зикр кунад, ки кадом сурудҳоро офаридаасту ба кадом забонҳо, ба куҷоҳо сафари ҳунарӣ дошт. Тавсифнома бояд дошта бошад. Баъдан ин чизҳо ба унвон пешниҳод мешаванд. Соли гузашта Амриддин Кабирӣ аз Қирғизистон пешниҳод шуд, унвони Ҳунарпешаи халқӣ гирифт. Адҳам Холиқов ва Рустам Дулоев, ки дар Итолиё зиндагӣ мекунанд, ҳарду унвони Ҳунарпешаи халқӣ гирифтанд. Хоксорӣ хоксорист, лекин расмиёти коргузорие ҳам ҳаст, ки бояд ҳуҷҷат бошад. Чунин муқаррарот аст, чӣ кунем охир? Ақалан ягон намояндааш, барои мисол, продюсерашро равон мекард, мо баъд медонистем, чӣ кунем.”



Ӯ нигоҳи тамоман дигар дорад

Аммо Назар, бародари Далер мегӯяд, ки ӯ аз ҳар навъ унвони арҷгузориҳои расмӣ чунон бениёз аст, ки ҳеҷ гоҳ бо чунин талаб дари идорае нахоҳад рафт: “Унвоне надорад ва, ба фикрам, хоҳиши унвон доштан ҳам надорад. Мегӯяд, мардум бе унвон ҳам маро мешиносад ва дӯст медорад. Ӯ чунин як одами ба истилоҳ фалсафист. Далер ба зиндагӣ тамоман нигоҳи дигар дорад."

Дар воқеъ, баъид аст, ки ҳунарманди хушному сарбаланде, чун Далери Назари аз ҳар навъ унвони расмӣ бениёз худ кадом рӯз дари вазорати фарҳангро бо талаби унвон бикӯбад. Ба гуфтаи наздиконаш, рӯзҳои Далери Назар дар Душанбе асосан дар устохонаи кучаку назарногираш ва бо талаби оҳангу таронаҳои нав шаб мешаванд. Албатта, ӯ дар солҳои охир хеле кам тарона мегӯяд, вале ҳар таронаи наве, ки аз ӯ берун меояд, шоҳкори дигарест, чун таронаи ҳакимонаи “Рӯдакӣ”, аз ангуштшумор чизҳое, ки аз тамоми ҷашни 3 сол пеши Рӯдакӣ монд, ё мисли “Мастам, мастам”, ки нахустин таҷрубаи истифода аз сози миллие, чун карнай, дар мусиқии муосир буд.
XS
SM
MD
LG