Зиндониёни тоҷикро аз Афғонистон бармегардонанд. САДО

Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон. Акс аз бойгонӣ.

Тоҷикистону Афғонистон дар заминаи интиқоли навбатии шаҳрвандони зиндонии ин кишварҳо ба ватанашон ба мувофиқа расиданд. Бар асоси созишномаи истирдоди зиндониён, даҳҳо зиндонии тоҷику афғон имкони интиқол ба ватан ва идомаи иҷрои мӯҳлати ҷазояшонро дар кишварҳои худ ба даст меоранд.

"Шумораи зиндониёни тоҷик мушаххас шудааст"

Сафири Тоҷикистон Шарофиддин Имомов дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 6-уми август дар ҷараёни дидораш бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири хориҷии Афғонистон дар Кобул раванди иҷрои Созишномаи истирдоди зиндониён баррасӣ шуд.

Соли 2010 миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи истирдоди зиндониён созишнома ба имзо расид ва ин санади ҳуқуқӣ аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду кишвар тасвиб шудааст.

Вай гуфт, феълан шумораи шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон дар маҳбасҳои Афғонистон мушаххас шуда ва пас аз омода шудани асноди зарурӣ, ин афрод ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд. Январи соли 2016 аз рӯи иттилои мақомоти тоҷик дар маҳбасҳои Афғонистон ҳудудан 20 нафар нигаҳдорӣ мешуданд.

Имомов мегӯяд, истирдод ё бозгардони маҳбусон ба кишвар ба ҳама гурӯҳҳои шаҳрвандони маҳкумшуда марбут хоҳад буд: "Ҳатто ин шаҳрвандон террорист ё ҷинояткор ҳам бошанд, сафорат аз ҳуқуқҳои онҳо дифоъ хоҳад кард. Барои муайян кардани шахсияти зиндониҳои тоҷик мо ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон муроҷиат кардем. Ин як раванди тӯлонӣ аст. Аввал маълумот аз ҷониби Афғонистон ба мо расида ва сипас, барои санҷидани онҳо ба Тоҷикистон мефиристем. Бояд аниқ шавад, ки шаҳрванди мо аст ё не. Сипас, бар асоси созишномаи миёни Тоҷикистону Афғонистон, масъалаи истирдоди ин афрод матраҳ хоҳад шуд."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистону Афғонистон зиндониёнро истирдод мекунанд

7 зани тоҷик дар зиндонҳои Афғонистон

Дар миёни афроди маҳкумшуда барои содир кардани ҷиноят дар Афғонистон инчунин 7 зани тоҷик ҳам мебошанд, ки ҳамроҳ бо кӯдакони хурдсолашон пушти панҷара нигаҳдорӣ мешаванд. Як мақоми Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон рӯзи 16-уми майи соли ҷорӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ин занҳо ҳама дар зиндони Кобул нигаҳдорӣ мешаванд.

Як намояндаи созмони байналмилалии Салиби Сурх, ки ҳақи ворид шудан ба зиндон ва огоҳ шудан за вазъи маҳсубонро дорад, гуфта буд, ки худи ин занҳо он замон барои интиқолашон ба Тоҷикистон мухолифат карданд. Ин занҳо гуфтанд, ки баъди кушта шудани шавҳаронашон дар ҷангҳои Афғонистон, ба ин ҳол гирифтор шуданд.

Аз рӯи созишномаи истирдоди маҳбусон, танҳо дар сурати омодагии худи зиндонӣ барои бозгашт ба ватан ва идомаи адои мӯҳлати ҳабс дар ватан, қарори истирдоди ин шахс амалӣ мешавад. Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон мегӯяд, ки ин банди қарор як меъёри байналмилалӣ буда, дар чаҳорчӯби риояи ҳуқуқи зиндонӣ амалӣ мешавад.

Шарофиддин Имомов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки системаи додгоҳии Афғонистон аз се марҳила иборат буда ва танҳо пас аз марҳилаи ниҳоӣ, яъне, содир шудани ҳукми додгоҳ, масъалаи истирдоди афроди зиндонӣ баррасӣ мешавад.

Даҳ соли имзои созишномаи истирдод

Зимнан, дар соли 2010 миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи истирдоди зиндониён созишнома ба имзо расид ва ин санади ҳуқуқӣ аз ҷониби парлумонҳои ҳар ду кишвар тасвиб шудааст. Дар чорчӯби ин созишнома рӯзи 16 майи соли 2013 як гурӯҳи 14-нафарии маҳбусони афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон ба Кобул интиқол дода шуданд. Дар посух ҷониби Афғонистон бояд зиндониёни тоҷикро аз ин кишвар ба Тоҷикистон истирдод мекард.

Вале аз ҷумлаи 5 тоҷики зиндонӣ он замон танҳо ду нафар ба ватан баргашта ва се нафар аз бозгашт ба Тоҷикистон саркашӣ карданд. Он замон Созмони байналмилалии Салиби Сурх гуфта буд, дар сурати бозгашти ин афрод ба ватан аз ҷониби ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон шиканҷа хоҳанд шуд.

Бино ба иттиллои Сафорати Афғонистон дар Душанбе, феълан беш аз 90 маҳбуси афғон дар маҳбасҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки умдатан барои қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунӣ, боздошт ва маҳкум шудаанд.

Зиндони Пули Чархӣ дар Кобул.

Бозгашт ба ватан ва идомаи адоми ҷазои ҷиноӣ дар зиндонҳои кишвари худ барои аксар зиндониҳо муҳим мебошад. Аксари ин гурӯҳи зиндониён бо умеди дидор бо хешутабор, дастрасӣ ба ғизову муҳимоти дигар аз дасти хонаводаҳояшон хоҳиши интиқол ба зиндони ватани худро мекунанд. Чунин аризаҳоро дар гузашта маҳбусони афғон зиёд ба унвонии мақомоти тоҷик ирсол кардаанд.

Тоҷикикистониён дар зиндонҳои Чину Русия

Тоҷикистон созишномаҳои интиқоли маҳбусонро бо чандин кишвари ҳамкораш имзо карда, охирин мавриди тасвиби чунин санад бо Чин дар моҳи июл сурат гирифт. Созишномаи мазкур интиқоли маҳбусонро аз ҳисоби худи онҳо ваё хешутаборашон дар назар мегирад. Феълан дар зиндонҳои Чин 16 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла занон нигаҳдорӣ мешаванд, ки аксар барои қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд.

Дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндонҳои Русия макони нигаҳдории шумори зиёди шаҳрвандони ин кишвар шудааст. Вале на ҳамаи 7700 шаҳрванди маҳкумшуда ба зиндон гуноҳҳои худро эътироф карда, ҳукми содиршударо одилона арзёбӣ мекунанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҳар сол то 100 зиндонии тоҷик аз Русия ба ватан барои идомаи мӯҳлати ҷазо интиқол меёбанд