Дипломатҳои тоҷик ахиран бо ин афрод, ки аз ҷумла бо гуноҳи узвият дар созмонҳои тундрав ва террористӣ, қочоқи маводи мухаддиру машрубот ҷазо гирифтаанд, мулоқот кардаанд.
Вазорат бо нашри баёнияе гуфт, дипломатҳо зиндониёни тоҷикро огоҳ кардаанд, ки бар асоси созишномаи дуҷониба онҳоро бояд барои адои ҳукми зиндон ба Тоҷикистон фиристанд ва ҳамаи 9 нафар гуфтаанд, ки майли бозгашт ба кишварро доранд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки 5 нафар аз ин маҳбусон намехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, аз ин рӯ иҷрои созишномаи табодули зиндониён миёни Афғонистон ва Тоҷикистон ба таъхир афтодааст. Бино ба гузоришҳо, онҳо аз Созмони Милали Муттаҳид хоста буданд, ки дар Афғонистон ба онҳо ҳаққи паноҳандагӣ дода шавад.
Як манбаи наздик ба Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карда ва рӯзи якуми июн гуфт, ду ҳафта боз шароити истирдоди 97 нафар маҳбуси афғонӣ ба Кобул омода аст, аммо бинобар сарпечии зиндониёни тоҷик барои интиқол ба Тоҷикистон, ин масъала ба таъхир афтодааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти Тоҷикистон то замони роҳи ҳал пайдо кардани масъалаи интиқоли зиндониёни тоҷик, дар мавриди истирдоди зиндониёни афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, мунтазир мемонанд. Аммо вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, идомаи муҳокимаи додгоҳии 6 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Афғонистон масъалаи иҷрои созишномаро ба таъхир андохтааст.
Генерал Амирмуҳаммад Ҷамшед, раиси раёсати зиндонҳо дар вазорати адлияи Афғонистон гуфт, касе аз маҳбусони тоҷик дарсхоти паноҳандагӣ накардааст ва интиқоли маҳсубон ба далоили фаннӣ ба таъхир уфтода буд. Бо ин ҳол, ӯ гуфт, агар маҳбусон хоҳиши бозгашт ба кишварашонро надошта бошанд, онҳо наметавонанд ба таври иҷборӣ онҳоро интиқол бидиҳанд.
Дар зиндону боздоштгоҳҳои Афғонистон 14 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд ва дар Тоҷикистон тақрибан 100 зиндонии афғон. Ин аст, ки ду тараф созишнома барои табодули ин зиндониёнро имзо кардаанд. Вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, то кунун бештар аз 280 шаҳрванди зиндонии Афғонистонро бо изҳори ҳусни ният ва кори хайр барои идомаи адои ҳукм ба ватанашон бозпас фиристодааст.