Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул аз Душанбе хост, ки зиндониёни афғонро раҳо кунад


Сарнавишти зиндониёни афғон дар Тоҷикистон, мавзӯи меҳварии гуфтугӯ миёни намояндагони Сафорати Афғонистон бо мақомоти тоҷик будааст.

Муҳаммаддовуд Иброҳимхел, муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи гузашат вай бо як ҳайати намояндагони баландпояи Додситони кулли Тоҷикистон роҷеъ ба таъхир дар раҳоии зиндониёни афғон аз маҳбасҳои Тоҷикистон суҳбат намудааст:

«Баҳсу талошҳо ва нигарониҳои мо боиси шуд, ки ахиран дар моҳи гузашта Додситонии кулли Тоҷикистон 14 маҳбуси афғонро раҳо карданд, аммо ҳоло ҳамагӣ 52 маҳбус боқӣ мондааст ва тибқи мувофиқатномаи дуҷонибаи миёни ду кишвар дар мавриди маҳбусон, мебоист барвақт ҳамаи маҳбусҳо озод мешуданд.»

Ҷаноби Иброҳимхел афзуд, «ман дар ҳамаи маҳбасҳои Тоҷикистон будам, вазъи маҳбусҳои афғон беҳтар аст ва ҳеҷ мушкилу шикоят надоранд, вале мо мехоҳем дар чаҳорчӯбаи мувофиқатнома амал кунем.»

Вай афзуд, ки ҷониби Афғонистон дар чаҳорчӯби ин санад ҳамаи маҳбусҳои тоҷик дар зиндонҳои Афғонистонро раҳо кард ва феълан ду шаҳрванди Тоҷикистон тоза ба маҳбас кашида шудаанд ва музокира идома дорад, то онҳо ба зудтарин фурсат озод шаванд.

Ҷаноби Иброҳимхел дар идома гуфт: «Дар ибтидо як ҳайати мақомоти Афғонистон ба Тоҷикистон омада буд ва мувофиқат ҳосил шуда буд, ки 83 маҳбуси афғонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳо хоҳанд шуд, вале танҳо 18 нафар раҳо карда шуду тамом.»

Аммо ба бовари Муҳаммадовуди Иброҳимхел, мулоқоти ӯ бо намояндагони баландпояи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯшан кардааст, ки шояд дар наздиктарни фурсат 51 маҳбуси боқимонда низ раҳо шаванд

Қаблан Сарраёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфта буд, ҷониби Душанбе мехоҳад панҷ зиндонии тоҷик, ки бо гуруҳҳои террористӣ ҳамкорӣ кардаанду дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд, ба Тоҷикистон супурда шаванд.

Вале тавре сафорати Афғонистон мегӯяд, тайи як соли ахир ба истиснои ду нафар, ҳамаи зиндониёни тоҷик аз маҳбасҳои ин кишвар раҳо шудаанд ва се нафар аз раҳошудаҳо довталабона намехоҳанд ба Тоҷикистон интиқол дода шаванд.

Дар ибтидо дар маҳбасҳои Тоҷикисон 83 маҳбуси афғон ба сар мебурд ва соли гузашта 18 нафар аз инҳо озод шуд. Дар моҳи гузашта 14 маҳбуси дигари афғон ба озодӣ баромад ва ҳоло ҳамагӣ 51 маҳбуси афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон боқӣ мондааст. Гуфта мешаввад, ки аксар маҳбусҳои афғон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG