Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии зиндониёни тоҷик аз бозгашт ба Тоҷикистон


Зиндони Пули Чархии Кобул.
Зиндони Пули Чархии Кобул.

Панҷ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд, аз истирдоди худ ба кишварашон худдорӣ кардаанд.

Онҳо аз Созмони Милали Муттаҳид хостаанд, ки дар Афғонистон ба онҳо ҳаққи паноҳандагӣ дода шавад.

Як манбаи наздик ба Раёсати маҳбасҳои Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ду ҳафта мешавад, ки шароити истирдоди 97 нафар маҳбусони афғонӣ ба Кобул омода аст, аммо бинобар сарпечии зиндониёни тоҷик барои интиқол ба Тоҷикистон, ин масъала ба таъхир афтодааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти Тоҷикистон то замони роҳи ҳал пайдо кардани масъалаи интиқоли зиндониёни тоҷик, дар мавриди истирдоди зиндониёни афғон, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд, мунтазир мемонанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин панҷ нафар афроде ҳастанд, ки бо гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳамкорӣ дошта ва бо ҷурми ҳамдастӣ дар амалиётҳои тахрибкорӣ дар хоки ин кишвар боздошт шудаанд ва ба ҳамин иллат намехоҳанд ба Тоҷикистон истирдод шаванд.

Дар ҳамин ҳол Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон 31-уми май ба радиои "Озодӣ" гуфт, масъалаи интиқоли зиндониёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор дорад ва бояд дар рӯзҳои наздик ҳалли худро пайдо намояд.

Абдулғафури Орзу афзуд, ҳар зиндоние, ки нахоҳад ба кишвари худ баргардад, тибқи моддаҳои мувофиқатномаи ба имзорасида миёни Тоҷикистон ва Афғонистон, мумкин нест ӯро бо зӯр интиқол дод.

Ба гуфтаи сафири Афғонистон, бо пешинҳоди вазири умури дохилаи ин кишвар феълан як ҳайате дар Тоҷикистон ҳузур дорад, ки бо Додситони кулли Тоҷикистон ва бо мақомоти зидахли Душанбе гуфтугӯ дорад ва интизор меравад дар се рӯзи оянда ҳудуди 97 нафар зиндонии афғон ба он тараф интиқол дода шавад.

Тибқи иттилои ин манбаъ, зиндониёни афғонӣ умдатан ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир, нақзи қоидаҳои будубош ва дигар ҷиноятҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебаранд. Бояд гуфт, ду соли пеш 250 зиндонии афғон аз Тоҷикистон ба Афғонистон истирдод шуда буданд.

Шаҳрвандони тоҷик низ дар Афғонистон бо ҷурми вайрон кардани марз, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ, ба зиндон маҳкум шудаанд.
XS
SM
MD
LG