"Амалиёти поккорӣ гаҳ-гоҳе гузаронда мешуд, аммо ҳеч гоҳ дар як ҷой ва дар як вақт ба ин миқдор техника набуд", - гуфт яке аз шоҳидони амалиёт.
Шахси дигар, корманди низомӣ Анатолий Кушнирчук, чунин гуфт: "Фашистони рус ба шахсоне монанди Алексей нафрат доштанд. Онҳоро ҷустуҷӯ мекарданд."
Алексей Побиҳай дар Буча ба воя расида, дар тарабхонаҳо кор мекард. Сипас дар хонааш тиҷорати худро ба роҳ монд.
Дар соли 2014, пас аз он ки ҷудоихоҳони зери ҳимояти Русия ошӯби мусаллаҳонаро дар шарқи Украина оғоз карданд, ӯ ба нерӯҳои украинӣ довталабона ёрӣ медод. Вақте Русия дар моҳи феврали соли 2022 ҳамлаи васеъмиқёсро дар Украина оғоз кард, Побиҳай ба воҳиди дифоии маҳаллӣ пайваст ва аввалину охирин бор аз ҷониби Радиои Озодӣ ба навор гирифта шуд.
Побиҳай дар ин навори Радиои Озодӣ дар даст туфангча ва дар сар кӯлоҳи ҳарбӣ тасвир ёфтааст, вале ба сарбоз монанд нест. Вай бо рухсораҳои фарбеҳ аз зери айнак нигариста, дар навор бо ханда мегӯяд: "Ман одами бақувват ҳастам!"
Кушнирчук баъдан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мутмаин нест, ки туфангчаи Побиҳай тир дошта бошад ва "шояд ӯ тирпаронӣ ҳам наметавонист". Маълум нест, ки Алексей Побиҳай дар замони ишғоли Русия ҳамкории пинҳониро бо нерӯҳои Украина идома додааст ё не. Боздошти ӯ дар пасманзари саркӯбҳои бераҳмона сурат гирифт.
Дар филми Радиои Озодӣ мавридҳои зиёди боздошт ва қатли касоне, ки пештар дар артиши Украина хидмат карда ё фаъол буданд, сабт шудааст. Ҳамчунин ҳолатҳое, ки сарбозони рус мардумро бо истифода аз хушунати тасодуфӣ мепаронанд.
Наворҳои ваҳшатангези дурбинҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна нерӯҳои Русия мардумро дар кӯчаҳо ҷамъ кардаанд. Низомиёни рус дар баъзе аз суҳбатҳои телефонӣ ба аъзои оилаҳояшон нақл кардаанд, ки ба онҳо фармон шудааст, сокинони осоиштаро бикушанд.
Вақте ки аскарони рус аз Буча ақибнишинӣ карданд, дар баробари кӯчаҳои пур аз ҷасад ҳуҷҷатҳоро низ боқӣ гузоштанд. Як сокини маҳаллӣ дар миёни ин ҳуҷҷатҳо санади низомиеро ёфт, ки дар он тафсилоти боздошти Побиҳай аз ҷониби воҳиди Кузбасси Горди Русия, мустақар дар шаҳри Кемеровои Сибир, навишта шудааст.
Далелҳои дигари ҳуҷҷатӣ вуҷуд доранд, ки ин қисми низомӣ бо дивизияи 76-ум, ки дар тамоми давраи ишғол дар Буча ҳузур дошт, ҳамкорӣ кардааст.
Ҷасади Побиҳай бо дастони баста ва сари тирхӯрда дар як қароргоҳи дивизияи партофташуда дар ҷангал ёфт шуд. Санҷиши ДНК шахсияти ӯро тасдиқ кард.
Дар наворҳои ёфтаи пулис, ки бо гузашти ним сол аз озод кардани Буча сабт шудааст, афсар айнаки лойолудеро нишон медиҳад, ки зоҳиран ба Побиҳай тааллуқ дорад.
Видео ба забони англисӣ дар инҷост: