Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 4-уми апрел дар шаҳраки Буча гуфт, ки Русия ба "қатли ом" даст задааст ва бояд барои ин аъмол ҷавоб диҳад.
Ӯ рӯзи 4-уми апрел бо низомиёни кишвараш ба шаҳраки Буча, дар канори Киев рафт, ки чанд рӯз пеш онҷоро низомиёни рус тарк карда буданд.
Аз ин пеш, хабарнигорон дар хиёбонҳои ин шаҳрак даҳҳо ҷасади кушташудаи ғайринизомиёнро аксбардорӣ карданд. Мақомоти Русия аксҳоро сохта хонданд.
Владимир Зеленский дар ин сафар ба ҷойҳое рафт, ки ҷасадҳои кушташудагон хобида буданд ва бо сокинони зиндамондаи ин шаҳр суҳбат кард. Ӯ гуфт, ки Русия дар Украина ба ҷинояти ҷангӣ даст задааст.
Хабарнигори ББС хабар додааст, ки Зеленский дар роҳ техникаҳои ҳарбии харобшудаи Русия ва харобиҳое, ки низомиёни рус расонидаанд, тамошо кард. Ӯ ба хабарнигори ББС гуфтааст, ки ҳанӯз хостори гуфтугӯ бо Русия барои расидан ба сулҳ аст. "Мо роҳҳои дипломатӣ ва низомиро тақвият медиҳем.",--гуфтааст ӯ.
Бар асоси охирин хабарҳо, Русия нерӯҳои худро аз Киев, вилоятҳои Чернигова ва Сумск берун кардааст. Ҳамзамон Русия ҳамлаҳо болои Донбас ва Харковро афзоиш додааст.
Ҳафтаи гузашта Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия гуфта буд, ки ҳоло ҳадаф зери назорат даровардани Донбас аст.
Маълумоти дақиқ дар бораи қурбониён дар Буча маълум нест. Дар расонаҳо аксҳое нашр шуданд, ки ғайринизомиён бо дастҳои баста кушта шудаанд ва дар чанд макони шаҳр гӯрҳои дастҷамъӣ пайдо карданд. Мақомоти украинӣ мегӯянд, низомиёни рус дар ин шаҳр беш аз 300 нафарро куштаанд. Маскав ин иттиҳомро шадидан рад мекунад ва аксҳоро саҳнасозишуда меномад.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, мустақилона ин иттилоро тасдиқ карда наметавонанд, вале фарзияи кушторҳои бераҳмонаро низ сарфи назар намекунанд.
Хабарнигори Бахши украинии радиои Озодӣ рӯзи 2-уми апрел ба ин шаҳр рафт ва танҳо дар як хиёбон 12 ҷасадро дид. Рӯзноманигорони “АП” 21 ҷасадро ҳисоб кардаанд. Аз ҷумла 9 нафар дар маконе кушта шудаанд, ки он ҷоро низомиёни рус ҳамчун пойгоҳ истифода мекарданд. Зоҳиран, онҳо аз масофаи наздик тирборон шудаанд.
Ҷанги Русия бо Украина 24-уми феврал оғоз шуд ва то кунун идома дорад. Садҳо нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар бехона шуданд.