Чанд зодаи Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрвандони Русия мегӯянд, дар гузашта дар сафи артиши он кишвар хидмат кардаанд, вале дар ҷанги Украина иштирок надоранд. Номи онҳо дар пайванд ба куштори одамон дар Буча, канори Киев, пайдо шуд. Ин афрод рӯйхатро рад намекунанд, аммо иддао доранд, ки кӯҳна асту зиндагиашонро душвор мекунад.
Бригадаи 64-ум, номи 8 тоҷик ва иддаои яке
Хадамоти истихборотии Украина рӯзи 4-уми апрел рӯйхати афсарону аскарони бригадаи 64-уми савораи тирандози артиши Русияро нашр кард, ки дар он номи беш аз даҳ тоҷик зикр шудааст. Мақомоти Украина гуфтанд, ин низомиён дар қатли сокинони осоишта даст доштанд.
Зариф Абдураҳимови 32-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, аз ҷумлаи онҳоест, ки номашро дар ин рӯйхат дидааст. Ӯ мегӯяд, воқеан, дар бригадаи 64-уми савораи тирандози Русия хидмат мекард, аммо панҷ сол пеш қарордодашро қатъ кард.
Нашри номаш дар ин феҳраст ӯро нигарон кардааст ва талош дорад, нишон диҳад, ки дар Украина набуд. Абдураҳимов мегӯяд, “ҷанг як рӯз ба поён мерасад, вале онҳое, ки дар ин рӯйхат ҳастанд, ҷавоб медиҳанд.”
Ӯ иддао дорад, чаҳор сол боз дар Тоҷикистон аст ва “ҳеч гоҳ дар Украина набуд”. Мақомоти тоҷик низ телефонӣ ӯро дар ин бора пурсидаанд.
“Бале, ман шаҳрванди Русия ҳастам, дар артиши он кишвар хидмат кардаам, аммо соли 2018 ба Тоҷикистон омадам ва дигар барнагаштам. Кору зиндагиям дар ҳаминҷо аст. Дар он рӯйхат номи моро чоп карда, гуфтаанд, гуё одам куштаем. Ин дурӯғ аст,” – нақл кард ӯ охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ.
Падару писар мегӯянд, ки дар артиш нестанд
Мақомоти Украина мегӯянд, бригадаи 64-уми савораи тирандози артиши Русия ба Киев ва атрофи он ҳамла кардааст. Онҳо қатли беш аз 900 ғайринизомиро дар атрофи Киев кори дасти ин бригада медонанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Маълум нест, чанд тоҷик дар ин бригада дар Украина ҳузур дошт, аммо ҳашт нафаре, ки номашон дар ин рӯйхат зикр шудааст, худ ва пайвандонашон иддао доранд, ки дар онҷо набуданд.
Номи Раҳимҷон Юсупов ва падараш, Бахтиёр Юсупов низ дар ин феҳрист ҳаст. Вай иддао дорад, ки дар шаҳри Хабаровски Русия таксӣ меронад ва соли 2018 аз артиши Русия рафтааст. “Агар хидматчии ҳарбӣ ҳам мешудам, ба ҷанг намерафтам. Дар ҷанг мардуми осоишта, одамони бегуноҳ мемиранд,” --гуфт ӯ.
Бахтиёр Юсупов, падари Раҳимҷон, мегӯяд, бознишаста аст: “Ман соли 2019 ба нафақа баромадам. Дигар даъват ҳам накарданд. Наберадорам. Мо тарафдори сулҳем.”
Шаҳрвандоне, ки номашон дар рӯйхат зикр шудааст, тасдиқ мекунанд, ки дар гузашта сарбози артиши Русия буданд, аммо солҳо пеш онро тарк кардаанд.
Дар Украина гуфтанд, имкони тафтиш надоранд
Дар хадамоти истихбороти Украина дурустӣ ва нодурустии ин рӯйхатро ба Радиои Озодӣ тасдиқ накарданд. Дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, дар шароити ҷангӣ имкони тафтиши онро надоранд.
Саидбаҳром Бердиев, ки низ номаш дар ин рӯйхат зикр шудааст, мегӯяд, соли 2021 аз кор рафта буд. Вай низ дар Хабаровск зиндагӣ мекардааст. Мегӯяд, “феҳраст дурӯғ нест, вале зоҳиран аз соли 2018 асту кӯҳна.”
“Ман аксар номҳоро дар рӯйхат дидам ва шинохтам. Рӯйхат дурӯғ нест, аммо ба фикрам, аз соли 2017-2018 аст,” -- гуфт ӯ.
Сайфулло Қурбонов, ки номаш дар ин рӯйхат зикр шудааст, соли 2020 дар 41-солагӣ даргузаштааст. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, моҳи майи соли 2020 дар авҷи бемории коронавирус ҷасадашро натавонистанд ба Тоҷикистон баранд ва ӯро дар Хабаровск дафн карданд.
Далелҳои дигар нишон медиҳад, ки зодагони Тоҷикистон дар сафи артиши Русия дар Украина қарор доранд. То ҳоло ба камияш марги ҳафт нафари онҳо тасдиқ шудааст.
Ин шабу рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки як нафар худашро аз Тоҷикистон муаррифӣ карда, иддао дорад, бо низомиёни чечени артиши Русия муқобили низомиёни украинӣ меҷангад.