Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори мардуми Буча. Ҷаҳон маҳкум кард, Русия "иғво" номид


Хабарнигорон ҷасадҳоеро аксбардорӣ карданд, ки дастҳояшон аз пушт баста шуда буд.
Хабарнигорон ҷасадҳоеро аксбардорӣ карданд, ки дастҳояшон аз пушт баста шуда буд.

Далелҳои бераҳмии такондиҳандаи неруҳои Русия дар шаҳраки Буча, 37-километрии шимол-ғарби Киев, баёнияҳои шадидлаҳни ҷомеаи ҷаҳониро ба бор оварданд, аммо Маскав аксу видеоҳоро аз ин ҷо ҳамчун "иғво" рад мекунад.

Ин шаҳрак ба тозагӣ аз дасти низомиёни рус озод шуд ва хабарнигорон шоҳиди ҷасади даҳҳо ғайринизомӣ дар хиёбони шаҳр шуданд.

Раҳбарони Ҷопон ва Зеландияи Нав дар баробари дигар раҳбарони кишварҳои ғарбӣ аъмоли низомиёни рус дар Украинаро маҳкум карданд.

Ҷасинда Ардерн, нахуствазири Зеландияи Нав рӯзи 4-уми апрел гуфт, ки "гузоришҳо дар бораи шаҳрвандони украинӣ, ки аз ҷониби сарбозони Русия кушта, таҷовуз ва сахт маҷрӯҳ шудаанд, маҳкум мекунам."

Ӯ гуфт, ки Русия бояд барои ин аъмол ҷавоб диҳад ва ваъда дод, ки кишвараш таҳримҳо алайҳи Русияро сахттар ва кумак ба Украинаро бештар хоҳад кард.

Фумио Кишида, сарвазири Ҷопон гузоришҳои расида аз ҳодисаҳои ахир дар Украинаро “нақзи қонунҳои байналмилалӣ” номид.

Низомиёни рус чанд рӯз пеш шаҳри Буча, дар канори Киевро партофта, ақибнишинӣ карданд. Дар он ҷо хабарнигорон ва мақомоти украинӣ гӯрҳои дастҷамъӣ ва ҷасадҳои сокинони кушташуда дар хиёбонҳоро наворбардорӣ карданд. Дастони бархе кушташудаҳо ба пушт баста шуда буданд. Ин тасвирҳо мавҷи шадидтари интиқодҳо алайҳи Русияро ба бор овард.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, рӯзи 4-уми апрел дар як мусоҳибаи радиоӣ гуфт, далелҳое вуҷуд доранд, ки низомиёни рус дар Буча ба “ҷинояти ҷангӣ” даст задаанд. Ӯ гуфт, ки нисбат ба Русия бояд таҳримҳои сахттар ҷорӣ шавад. Сарвазири Испониё Педро Санчез гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки неруҳои Русия даст ба "наслкушӣ" (генотсид) зада бошанд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия шоми 3-уми апрел ҳодисаи Бучаро "иғво" номид ва онро рад кард.

Ӯ гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ин тасвирҳоро барои бадном кардани Русия "сохтакорӣ кардаанд". Ба гуфтаи ӯ, баробари пайдо шудани аксҳо бархе кишварҳо садо баланд карданд ва ин нишон дод, ки нашри тасвирҳо “фармоишӣ” аст.

Пештар Вазорати дифои Русия низ бидуни далел иддао карда буд, ки тасвирҳои Буча "боз як намоиши саҳнасозишудаи режими Киев" аст. Маскав аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал хостааст, ки "иғвои миллатгароёни украинӣ" дар Бучаро тафтиш кунад.

Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 3-уми апрел нирӯҳои Русияро барои "қатли ом"-и сокинон дар ин шаҳр муттаҳам кард ва ба раҳбарони Кремл гуфт, ки бояд ба Буча биёянд, то бубинанд, ки артиши онҳо чӣ кор кардааст.

Ӯ гуфт, ки Владимир Путин, президенти Русия бояд барои ин амалҳо ҷавобгар бошад. Зеленский куштани афродеро, ки дастонашон ба пушт баста шудаанд, "даҳшатнок" хонд.

Хабарнигори Бахши украинии радиои Озодӣ рӯзи 2-уми апрел ба ин шаҳр рафт ва танҳо дар як хиёбон 12 ҷасадро дид. Рӯзноманигорони “АП” 21 ҷасадро ҳисоб кардаанд. Аз ҷумла 9 нафар дар маконе кушта шудаанд, ки он ҷоро низомиёни рус ҳамчун пойгоҳ истифода мекарданд. Зоҳиран, онҳо аз масофаи наздик тирборон шудаанд.

Дар маҷмӯъ, мақомоти Украина гуфтаанд, ки ҷасади дастикам 410 ғайринизомӣ дар атрофи Киев, ки то ҳафтаи гузашта дар дасти неруҳои Русия буд, пайдо шудааст.

Ин навор аз Буча рӯзи 27-уми март дар Радиои Озодӣ нашр шуда буд:

Юра мегӯяд, сарбозони рус падарашро куштаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

XS
SM
MD
LG