Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷасадҳоро дафн кардем, то дар кӯча намонанду ҳайвонҳо наёзоранд"


Буча, 2-юми апрели соли 2022
Буча, 2-юми апрели соли 2022

Бо гузашти ду сол аз куштори ваҳшатбор дар шаҳраки Бучаи Украина сокинон ҳанӯз ҳам саъй доранд ҳувияти қурбониёнро маълум кунанд.

Ба қавли мақомоти Украина, нерӯҳои Русия дар рӯзҳои аввали таҷовуз ба хоки кишварашон садҳо мардуми бегуноҳро дар Буча куштанд.

Сарбозони рус 31-уми март аз Буча берун шуданд. Бо идомаи талошҳо барои маълум кардани ҳувияти қурбониён, дар Украина ҳамчунин мехоҳанд, он чӣ ки дар Буча иттифоқ афтод ҷинояти ҷангӣ эътироф шавад.

Ду сол пеш нерӯҳои Русия ба ин шаҳри канори Киев ҳамла карданд. Дар муддати тасарруфи якмоҳа бештар аз 600 сокини шаҳрро куштанд. Роҳиби украинӣ Андрей Ҳоловин, шоҳиди қатли мардуми бегуноҳ буд ва мегӯяд, як лаҳза наметавонад ҳодисаро фаромуш кунад.

Дар як лавҳаи ёдгорӣ номи беш аз 500 қурбонӣ ҳаст, ба шумули кӯдакон. “Хурдтаринашон, писари таваллуди соли 2020 аст,” -- мегӯяд роҳиб Андрей Ҳоловин.

Роҳиби украинӣ мадад кардааст, то ҷасадҳоро дар ҳавлии калисо гӯр кунанд. Ӯ гуфт: “Мо кӯшидем, онҳоро дафн кунем, ки дар кӯча намонанду ҳайвонҳо ва ё сагҳо ҷасадҳояшонро наёзоранд.”

Бо гузашти ду сол ҳанӯз ҳувияти 60 ҷасадро маълум накардаанд. Мақомот саъй доранд, тасвири комили ҷиноятҳои он солро ба даст биёранд. Мегӯянд, далелҳои возеҳ доранд, ки мардуми осоишта на аз тирҳои тасодуфӣ, балки барқасдона кушта шудаанд.

Игор Барткив, мудири бойгонии Шӯрои шаҳри Буча, гуфт: "Мо ҳоло ба навъе ба мисли пулис кор мекунем, ки масалан чӣ гуна як кас кушта шуд. Кӯчаи Яблонска 242. Мо маълум кардем, мошинро бо норинҷаки зиддитонкӣ заданд ва чаҳор нафар кушта шуданд."

Муфаттишон далелҳои шиканҷаро ҳам ёфтаанд.

“Бардошти ин ҳама сахт аст. Бахусус, вақте достони онҳоро мешунавед. Тасаввур мекунед ва сипас ба хобатон меояд. Ҳамаи ин дар мағзи Шумо дар сари Шумо аст," -- гуфт Игор Барткив, мудири бойгонии Шӯрои шаҳри Буча.

Видео саҳнаҳои нороҳаткунанда дорад:

Солгарди куштори дастҷамъӣ дар Бучаи Украина
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00

Наталияро сарбозони рус асир гирифта буданд, вале ба ӯ муяссар шуд, ки бигурезад. Хотироти он рӯзҳо ҳанӯз ҳам азобаш медиҳанд.

"Мисли он аст, ки ҳанӯз хоб мебинам. Хобе мебинам ва бедор шуда наметавонам. Ин дигар зиндагии ман нест. Ман қаблан хоб медидам ва зиндагӣ мекардам. Ҳоло ингуна нест, дигар аст. Мехоҳам, хушҳол бошам, вале сахт аст," -- гуфт ӯ.

Ӯ ба инҷо меояд, то ёди амакашро гиромӣ дорад. Ҷасади амакашро дар канори ҷасади рафиқаш Олег, дар кӯчаи Яблонска пайдо карданд. Наталия мегӯяд, "то ҷое медонам, тири снайпер ба пойи Виталий хӯрдааст, баъдан аз пушташ задаанд. Олегро ҳамчунин. Дар шикам ва ронаш."

Баъди рафтани нерӯҳои Русия аз Буча дар рӯзи 31-уми марти соли 2022, аксҳои ҷасадҳои парешон дар ҳамаҷо паҳн шуд. Раҳбарони Русия гуфтанд, ки ин аксҳо саҳнасозӣ шудаанд.

Украина аз Додгоҳи Байналмилалии Ҷурму Ҷиноят хостааст, ончиро, ки дар Буча гузашт, ҷинояти ҷангӣ эълон кунад. Барои сокинони Буча ишғолгарӣ тамом шуд, аммо ҷанг аз дари хонаашон дур нарафтааст.

“Ин як чиз аст, ки мардум дигар дар хиёбонҳои як шаҳр намемиранд, вале сарбозони украинӣ ҳанӯз ҳам мемиранд. Ҳар ҳафта мо як ё ду қаҳрамон дорему дареғо, ки дафнашон мекунем. Онҳо низ сокинони шаҳри мо ҳастанд,”--мегӯяд роҳиб Андрей Ҳоловин.

Русия беш аз ду сол боз бедалел зидди Украина меҷангад. Миллионҳо нафар бар асари ҷанг бехонумон ва ҳазорон нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG