Аммо, ба гуфтаи маъмурони Идораи мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, садҳо қуттӣ "Мидакс", як доруи истифодааш маҳдуд дар Тоҷикистон, аз ҳамин ҷо гузаштааст. Доруе барои табобати чашм, ки дар таркибаш маводи мадҳушкунанда дорад.
“Ҷавонҳо истифода мекунанд”
Сафар Салимзода, сардори Идораи мубориза бо коррупсия дар Суғд, гуфт, “аз Муродҷон Раҳимов ва Баҳодур Усмонов 1226 қуттӣ дору гирифта шуд. Нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 206 (муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳрнок) ва 289 (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Дар ҳабси пешакӣ ҳастанд, тафтиш идома дорад.”
Муродҷон Раҳимови 40-сола ва Баҳодур Усмонови 19-соларо дар охири моҳи июл дастгир кардаанд. Худашон дар як навори мақомот, ки маълум нест дар чӣ шароите сабт шуда, қазияро ин гуна шарҳ медиҳанд:
“Ба як шаҳрванди Қирғизистон гуфтам, ки ба ман “Мидакс” даркор. Аввал 504 дона ва дафъаи дувум 720 дона фиристод. Онро ғайриқонунӣ ба шаҳри Хуҷанд овардам. 55 сомонӣ харидам ва ба Баҳодур 65 сомонӣ фурӯхтам. Аввал Баҳодурро ва сипас маро дастгир карданд.”
Вокуниши ҷониби Қирғизистон ба ин иддао маълум нест. Пештар Бишкек аз боздошти гурӯҳе хабар дода буд, ки гуё бо қочоқи маводи мухаддир аз хоки Тоҷикистон ба Қирғизистон машғул буд.
Бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2022 истифодаи доруи “Мидакс”-ро маҳдуд кардаанд. Маъмурони интизомӣ ва назорат дар бахши тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, он барои муолиҷаи чашм аст, аммо дар таркибаш маводи сахттаъсири “Тропикамед” дорад ва одамро мадҳуш мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Бишкек гурӯҳи қочоқчиёни ҳашиш "аз Тоҷикистон ба Қирғизистон"-ро боздошт кард“Ҳоло чунин раванд пайдо шудааст, ки бачаҳои ҷавон ин доруро барои мадҳушкунӣ истифода мекунанд. Барои дар таркибаш моддаҳои наркотикӣ мавҷуд буданаш аз он истифода мебаранд,” – гуфт Абдуғаффор Ҷабборзода, муовини раиси Хадамоти назорат дар соҳаи тандурустии Суғд.
“Аз чапроҳаҳо гузарондаанд”
Як суоли хабарнигорон аз намояндагони идораҳои давлатӣ ҳангоми нишастҳои матбуотӣ ин буд, ки чӣ гуна як маводи истифодааш маҳдуд аз марзҳои бастаи Тоҷикистону Қирғизистон ворид шудааст.
Эраҷ Давлатов, сардори шуъбаи мубориза ба зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ дар Суғд, мегӯяд, “шаҳрвандон аз Ҷумҳурии Қирғизистон тавассути деҳаи Арқа ба деҳаи Хистеварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни назорати гумрукӣ тавассути чапроҳаҳо ворид кардаанд.”
Ин мансабдор мегӯяд, дар тақрибан 500 километр хати марз байни вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон 164 “чапроҳа” ҳаст.
Ин аст, ки ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди контроли сахт қонуншикании зиёдро дар марз сабт карданд. Тақрибан 200 ҳолат дар ним соли 2024. Шаст дарсади он аз ҳудуди Қирғизистон. Қочоқи “Мидакс” яке аз ҳамин мавридҳо будааст.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад