Бо вуҷуди 20 сол иҷро шудани барномаи табобатии гуногун ва манъи кишти кӯкнор аз тарафи Толибон дар Афғонистон, нашъамандӣ дар ин кишвар ҳамчунон зиёдтар мешавад. Толибон ҳам роҳҳои ғайримаъмулии дармони муътодон аз ҷумла дар зиндонҳо нигаҳ доштани онҳоро пеш гирифтаанд, аммо бенатиҷа.
Музаммалшоҳ мегӯяд, 9 сол боз ҳероину афюну ҳашиш ва метамфитамин истифода мекунад. Бо гуруҳе аз муътодони дигар дар як гӯшаи камодами шаҳри Ҷалолобод зиндагӣ мекунад ва муддати дароз ба хонаашон нарафтааст. Зану се фарзандашро дар хона ва танҳову бесаробон гузошта омадааст. Мегӯяд, маводи мухаддир ҳаёташро сӯхт.
“Бисёр дарднок аст. Як шаби дур аз кӯдакон мисли 10 сол аст. Ман ҳамсарамро дӯст дошта гирифтам, вале ба сабаби афюну шиша, таъми издивоҷу зиндагии дурустро начашидам,”- бо алам мегӯяд. Музаммалшоҳ.
То соли гузашта Афғонистон бузургтарин тавлидгари маводи мухаддир дар ҷаҳон буд. Манъи парвариши кӯкнор бо дастури Толибон гӯё дар баъзе аз минтақаҳо кишти онро то 95 дар сад кам кардааст.
Ба эътирофи Толибон, ҳанӯз ҳам мизони эътиёд ва ё нашъамандӣ дар Афғонистон бисёр баланд аст ва дар кишвар 4 миллион нафар ба ин дард гирифторанд. Мутаххасисони афғон мегӯянд, набуди иттиллои дуруст ин мушкилро дар ҷомеа зиёдтар мекунад.
Ахтар Муҳаммад Тутахел, табиби нашъамандон мегӯяд, бо сабаби набудани кӯмаки байнулмилалӣ ҳеч таҳқиқе дар бораи теъдоди нашъамандон вуҷуд надорад. “Маълум нест онҳо дар ҷомеаи мо чанд нафаранд. Сабабҳои нашъамандиашон маълум нест. Агар чунин иттилое вуҷуд надорад, ҷомеа зарар мебинад.”
Баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар се соли пеш, бештар аз нисфи марказҳои дармонии мӯътодон дарҳои худро бастанд, чун дигар пул наёфтанд. Аммо Юсуфхону дигароне, ки дар марказҳои боз мондаанд, мегӯянд, ки кӯмаки онҳо барои раҳоӣ аз ин дард бисёр зиёд аст. Худаш ҳоло табобат мегирад.
Юсуфхон мегӯяд, “пушаймонам, зиндагиамро аз нав оғоз кардам. Вақте мекашидам, мисли мурда будам, виҷдонам мурда буд, эҳсосотам мурда буд.”
Музмалшоҳ аз Толибон мехоҳад, барои муолиҷаи нашъамандон дармонгоҳҳои бештар боз кунанд. Ба қавли ӯ, бар иловаи манъи кишти кӯкнор бояд хариду фурӯши онро ҳам манъ кунанд. Чун ба гуфтаи Музмалшоҳ, “агар онҳо қочоқбарону фӯрушандагонашонро дастгир кунанд, касе барои харидан намеравад. Касе девона нашудааст, ки рафта маводи мухаддир бихарад. Имкони хариданро ҳам намеёбанд. “
Ба қавли ӯ ва дигар муътодон, бо вуҷуди талоши Толибон барои манъи парвариши кӯкнор, маводи мухаддир ҳамаҷо ва ба осонӣ ёфт мешавад.
Гуфтугӯ