"Соли 2020, пас аз як робитаи ҷинсӣ, ба СПИД мубтало шудам. Сипас бо гумони ин ки дигаронро ба беморӣ гирифтор кардаам, як сол зиндонӣ шудам. Дар онҷо рӯзҳои сахтеро гузарондам."
Як зани 32-солаи тоҷик бо баёни ин ҳарфҳо аз шароити бади мубталоёни ВИЧ-СПИД дар маҳбас ибрози нигаронӣ кард. Вай дар охири моҳи ноябри имсол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси қонуни афв пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд, аммо хотироти талхеро аз онҷо бо худ овард.
"Якуним моҳ дар СИЗО ва се моҳ дар маҳбас будам. Ҳеч кумак накарданд. Бояд сари вақт дору мехӯрдам, аммо на ҳамеша дору медоданд. Мушкил буд. Вақте дар зиндон мефаҳманд, ки чунин беморӣ дорӣ, на ҳама даркат мекунад," – нақл кард ӯ.
"Чӣ гуна бемор шудам?"
Ин зан ҳафт сол пеш аз шавҳараш, ки аз зиндагии якҷоя се фарзанд доранд, ҷудо шудааст. Мегӯяд, сипас барои рӯзгузаронӣ ба сафи занҳои ба истилоҳ "сабукпо" пайваст ва бемориро дар яке аз робитаҳои ҷинсӣ бо мардони бегона ба "ҳадя" гирифт. "Дақиқ намедонам, ки беморӣ аз кӣ гузаштааст. Як рӯз нотоб шудам ва ба беморхона рафтам. Ташхис нишон дод, ки СПИД шудаам. Вақте инро фаҳмидам, вазъам якбора бад шуд. Ду бор ба худкушӣ задам, вале наҷотам доданд," – гуфт муоҳиби мо.
Ин зан баъди раҳоӣ аз зиндон, талош дорад, ба зиндагии маъмулӣ баргардад. Ҳоло дар як корхонаи истеҳсоли "Роллтон" кор мекунад ва ҳазор сомонӣ маош мегирад, аммо ин маблағ барои табобат ва таъмини рӯзгораш кофӣ набудааст.
Алиҷон Солиев, муовини мудири Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти бадан, рӯзи 30-юми ноябр гуфт, беш аз 60 дарсади мубталоён "ба воситаи робитаи ҷинсӣ ба беморӣ гирифтор шудаанд". Ӯ афзуд: "Агар дар гузашта бештар истеъмолгарони маводи мухаддир ва тавассути сӯзандору ба беморӣ гирифтор мешуданд, ҳоло аз ҳисоби алоқаи ҷинсӣ зиёд шудааст."
Дар ҳоле ки Солиев мегӯяд, хидматрасонӣ ва муолиҷаи гирифторони ВИЧ-СПИД дар шифохонаҳои кишвар бепул аст, баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, на ҳамеша чунин имкон вуҷуд дорад. Онҳо мегӯянд, танҳо як навъ доруеро, ки пайваста бояд истеъмол кунанд, ройгон дастрас мекунанду бас.
Нигаронии созмонҳо аз чист?
Намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ вазъи гирифторони бемории ВИЧ-СПИД-ро дар кишвар нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Фариштамоҳ Гулова, мудири созмони "Имкониятҳои баробар", имтиёзу шароит барои беморонро нокофӣ донист. Ӯ рӯзи 29-уми ноябр гуфт, хонаводаҳои чунин беморон ба пуштибонии бештар ниёз доранд. "Модароне, ки ба ин беморӣ гирифторанд ва соҳиби фарзанд мешаванд, ба шири сунъӣ эҳтиёҷ доранд, ки хеле гарон аст. На ҳама марказҳо имкони маблағгузорӣ доранд," -- таъкид кард Гулова.
Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар 9 моҳи имсол дар кишвар 732 нафари мубтало ба ВИЧ-СПИД сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 158 маврид камтар аст.
Фариштамоҳ Гулова, мудири созмони "Имкониятҳои баробар", мегӯяд, баръакс дар Тоҷикистон сафи гирифторони вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) дар ҳоли афзудан аст. Ӯ таъкид намуд, ки на ҳамеша ҷомеа чунин беморонро хуб қабул дорад ва на ҳама беморон аз худ хабар медиҳанд ё дар бемористонҳо сабт мекунанд.
"Дар баробари ин, пайгирӣ намудани чунин шахсон ва ба ҳабс кашидани онҳо як мушкилро ба миён гузошт, ки дигар намехоҳанд ҳатто ройгон аз хадамот истифода баранд, ба марказҳо раванд ва дар бораи худ маълумот диҳанд," – афзуд Гулова.
"Сироят кардани дигарон бо вируси норасоии масунияти одам" дар Тоҷикистон ҷиноят аст ва барои ин кор аз 2 то 10 сол зиндон пешбинӣ кардаанд. Фариштамоҳ Гулова мегӯяд, таҷриба нишон додааст, ки муҷозот роҳи ҳалли масъала набуда, гоҳе мушкилҳои дигарро ба миён мегузорад.
ВИЧ-СПИД бемории гузаранда буда, ба қавли пизишкон, дар сурати беаҳамиятӣ ё табобат накардан, пайомадҳои марговар дорад. Тибқи иттилои расмӣ, бори аввал соли 1991 дар Тоҷикистон ин беморӣ сабт шуда, дар сӣ соли охир 13 ҳазору 802 нафар ба он мубтало шудаанд. Аз ин шумора зиёда аз се ҳазор нафар фавтида, бештар аз нӯҳ ҳазори дигар бо ин вирус зиндагӣ доранд.