Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси як зан бо милисаи Хуҷанд. Талаби пора буд ё "амалиёти махсус"?


Холдона Гулова ва писараш Собирҷон Саидов
Холдона Гулова ва писараш Собирҷон Саидов

Як сокини ноҳияи Ёвон даъво дорад, ки корманди милисаи шаҳри Хуҷанд писарашро бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт карда, барои озодиаш пул талаб кардааст. Аммо пулис шикояти занро рад мекунад.

“Гуфтанд пулро биёр, писаратро бар”

Аризаҳои Холдона Гулова ба мақомот
Аризаҳои Холдона Гулова ба мақомот

Холдона Гулова, модари Собирҷон Саидов иддао дорад, ки сабти садои Муҳаммад Бузмаков, корманди милисаи шаҳри Хуҷандро дар даст дорад, ки аз ӯ пул талаб мекунад. Худи Муҳаммад Бузмаков шикояти ин занро беасос хонда, таъкид намуд, ки аз ӯ маблағ талаб накардааст.

Холдона Гулова рӯзи 8-уми июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба корманди милиса пул надод ва акнун наздики як сол боз писараш Собирҷон Саидов дар зиндон аст.

“Аз шӯъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Хуҷанд занг заданд. Ба писарам телефонро доданд, гуфт, маро шаҳри Хуҷанд овардаанд, гуфтагии ҳамин акаро биёр бидеҳ, маро гирифта баред. Вақте пурсидам, ки ӯ кӣ аст, писарам гуфт, Муҳаммад ном дорад. Баъд Муҳаммад худаш гӯширо гирифт, аҳволпурсӣ кардам, ҳамара дар диск сабт кардам. Гуфт апа ҳамин гуфтагиамонро гирифта биёред. Аввал 80 ҳазор сомонӣ талаб кард, баъди вай 40 ҳазор сомонӣ талаб кард. Гуфт, гирифта биёред бачаатонро ҷавоб медиҳем, гирифта бар,”-афзуд, Холдона Гулова, сокини Ёвон.

Пулис: ин ҳилабандӣ буд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муҳаммад Бузмаков, корманди милисаи шаҳри Хуҷанд, ки сокини Ёвон ӯро ба талаби пора муттаҳам мекунад, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ шикоятро беасос хонд. Вақте аз ӯ дар бораи сабти садоаш пурсидем, посух дод, ки “ корманди оперативӣ ҳилабандӣ мекунад ва ҷинояткорро ҳамту қапида намешавад”. Бузмаков дар посух ба пурсиши батакрори мо таъкид намуд, ки аз касе пул талаб накардааст ва сабти садо аз они ӯ нест.

«Нисбати ӯ ҳукми додгоҳ баромад. Вақте ҳукми додгоҳ баромад, ӯ куҷое равад, даъво кунад, даъвояш бефоида аст. Зеро инҷо ягон кори ғайриқонунӣ нест,»-афзуд Муҳаммад Бузмаков.

Видеоро инҷо бинед:

Модар иддао дорад, ки барои раҳоии писараш милиса аз ӯ пул хостааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Додгоҳи Собирҷон Саидов, писари Холдона Гуловаро ба 2 сол зиндон маҳкум кардааст. Миқдори маводи мухаддире, ки дар санадҳои расмӣ ба ӯ нисбат дода мешавад, 28,4 грам будааст. Хонаводааш чунин иттиҳомро беасос медонанд.

Модари ҷавон мегӯяд, сабти садои корманди милисаро, ки бар ивази раҳоии писараш аз ин хонавода маблағ мехост, ба дастгоҳи раиси ҷумҳуру додситонӣ фиристод, вале посухи қонеъкунанда нагирифт. Додситони шаҳри Хуҷанд мегӯяд, санҷиш шикояти ин занро нисбати кормандони милиса беасос баровард. Дар посухи расмии ин ниҳод ба модари маҳкумшуда гуфта нашудааст, ки сабти садоро аз ташхис гузаронидаанд ё не.

«Чаро милисаи Хуҷанд дар Ёвон амалиёт мегузаронад?»

Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки чунин сабтҳои баҳснок ниёз ба ташхису таҳқиқи одилона доранд. Хонаводаи маҳкумшуда мегӯянд, ба ин пурсишашон аз мақомот посух наёфтаанд, ки чаро милисаҳои Хуҷанд дар ҳудуди Ёвон амалиёти боздошт анҷом додаанд, на худи кормандони милисаи Ёвон?

Ҳуқуқдон Бахтиёр Насруллоев
Ҳуқуқдон Бахтиёр Насруллоев

Ҳуқуқшинос Бахтиёр Насруллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, қонунгузорӣ амалиёти як ниҳоди низомиро дар минтақаи дигар манъ накардааст ва яке аз талаботҳо чунин аст, ки бояд мақомоти маҳалли амалиёт дар ҷараён гузошта шавад.

Дар санадҳои расмии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд гуфта шудааст, ки баъди дарёфти маълумоти фаврӣ, ки Собирҷон Саидов ба муомилоти маводи нашъа машғул аст, дар пайи анҷоми як амалиёт ӯро боздошт намудаанд. Модараш иддао дорад, ин ҳама туҳмат буда, ҳадаф танҳо ба даст овардани маблағ буд.

Собирҷон Саидов 25 сол дошта, то замони боздошташ расман ҷое кор намекардааст.

Шикоятҳо аз фасодкорӣ дар идораҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла нисбати кормандони милиса солҳои гузашта низ садо додааст. Барои намуна Умед Ваҳҳобов, як корманди пешини Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар додгоҳ тасдиқ карда буд, ки барои сабук кардани "ҷиноят"-и як гумонбар аз наздикони ӯ 1600 доллар гирифтааст. Масъулини Оҷонсии зидди фасод қаблан гуфтаанд, барои исботи даъвои талаби пора, сокинон бояд далел пешниҳод кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG