Додситонӣ барои Абдусамадов ҳабси абад талаб кард. ВИДЕО

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон талаб намудааст, ки Ҳусейн Абдусамадов, роҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ, ба ҳабси абад маҳкум шавад. Талаби додситон рӯзи 19-уми ноябр садо дод.

Мурофиаи қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар бинои Боздоштгоҳи ё СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе аз сӯи додраси Додгоҳи олӣ мегузарад. Ҳарчанд мурофиа боз аст, аммо ба он танҳо вакилони дифоъ ва шоҳидон роҳ дода шуданд.

"Абдусамадов гуноҳро ба гардан гирифт"

Як иштирокдори мурофиа бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи имрӯз намояндаи Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчун айборкунандаи давлатӣ суханронӣ кард.

Ба гуфтаи манобеъ дар додгоҳ, Абдусамадов иттиҳомҳои алайҳаш эълоншударо қабул карда, аммо то ба ҳол аз кардааш изҳори пушаймонӣ накардааст.

Ба қавли манбаъ, додситонӣ аз додгоҳ талаб кард, ки Ҳусейн Абдусамадов, ҳамчун муттаҳами аслӣ дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ, ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ҳусейн Абдусамадов, саркардаи ин гурӯҳ аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух мегӯяд. Абдусамадов аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Ҳамсӯҳбати мо дар додгоҳ гуфт, Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигар имрӯз дар додгоҳ сухани охиринашонро ироа карданд. Ба қавли манбаъ, Абдусамадов иттиҳомҳои алайҳаш эълоншударо қабул карда, аммо то ба ҳол аз кардааш изҳори пушаймонӣ накардааст.

"Ҳукм рӯзи чаҳоршанбе эълон мешавад"

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигарро рӯзи 23-юми октябри имсол дар бинои Боздоштгоҳи Душанбе ё СИЗО шурӯъ кард.

Ҳамсӯҳбати мо дар додгоҳ гуфт, додситонӣ ҳамчунин аз додгоҳ талаб кард, ки Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 18 солии зиндон маҳкум шаванд. Ин ду нафар барои иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ ва ифротгароӣ муттаҳам ҳастанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситонӣ барои Абдусамадов ҳабси абад талаб кард

Додситонӣ барои 12 муттаҳами дигар дар қазияи ҳамла ба сайёҳон мутаносибан аз як то ду солии зиндон талаб кардааст. Инҳо Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмуъмин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов, Маҳмадулло Қаландаров ва Баҳринисо Ҳайдарова барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ба ин тартиб, мурофиаи додгоҳии қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ ба анҷом расид. Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъд аз баромади додситонӣ ва сухани охирини муттаҳамон, додгоҳ ба хонаи машваратӣ рафтааст. Дар назар аст, ки рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми ноябр додгоҳ ҳукми муттаҳамони ҳамла ба сайёҳонро эълон кунад.

"Аз додгоҳ ҳукми одилонаро мунтазирем"

Дар остонаи эълони ҳукм, наздикони гумонбарон аз додгоҳ ҳукми одилонаро интизоранд. Аз ҷумла, Файзулло Қурбонов, сокини шаҳри Норак мегӯяд, интизор дорад, ки додгоҳ дар ҳаққи фарзандаш ҳукми одилона содир мекунад. Қиёмиддин Қурбонов, фарзанди ин сокини шаҳри Норак яке аз 12 нафаре мебошад, ки бо иттиҳоми хабар надодан дар бораи ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

Файзулло Қурбонов гуфт, то ҳол ба бегуноҳии писараш бовар дорад ва умед дорад, ки додгоҳ ӯро озод мекунад. "Ман танҳо талаб дорам, ки писарамро сиҳат саломат ҷавоб диҳанд, тамом. Орзу дорам, ки ӯро ҷавоб диҳанд, то таҳсилашро дар донишгоҳ давом дода, баъдан хизмати ватанро анҷом диҳад",-гуфт Файзулло Қурбонов.

Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, давоми як моҳи мурофиа боре дар мурофиа ширкат накардааст ва вакили дифоаш аз номи ӯ баромад мекунад.

Ҳамла ба ҷаҳонгардон дар Себистони Данғара

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.​