Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як саф бо пулис. Дружиначиҳо Норакро назорат мекунанд


Гуруҳи ихтиёриёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Моҳи сентябри соли 2015
Гуруҳи ихтиёриёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. Моҳи сентябри соли 2015

Дар шаҳри Норак, ҷануби Тоҷикистон, гуруҳи ба истилоҳ "дружиначиҳо" ё кормандони ихтиёрӣ таъсис ёфтааст. "Дружиначиҳо", ки як ҳафта боз фаъолият доранд, дар сурати мушоҳидаи одамони ношинос ва амали шубҳаовар дар маҳалли зисташон милисаро хабардор хоҳанд кард.

  • Ин тадбир баъди он андешида шудааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамлаи рӯзи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ ду сокини шаҳри Норакро гунаҳкор карданд. Дар ин ҳамла ду амрикоиву як ҳолландӣ ва як швейтсарӣ кушта шуд.
Мардумро шумурдем ва бо онҳо кор мекунем. Бо муллову имомҳои масҷид ҳам кор мекунем. Ҳама чиз зери назорат аст.

Пас аз ҳамлаи маргбор

Ду ҳамлавар аз шаҳри Норак дар пайи амалиёти боздошт безарар гардонида шуданд ва ҳоло танҳо як нафари боздоштшуда – сокини Душанбе Ҳусейн Абдусамадов – дар пушти панҷара ба суолҳои тафтишот ҷавоб медиҳад. Қаблан дар хоки Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳамсони террористӣ болои шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ сурат нагирифта буд.

Як мақоми ҳукумати Норак рӯзи 6-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, даст доштани ду сокини ҷавони ин шаҳр дар ҳамлаи террористӣ ва боздошти панҷ нафари дигар бо гумони "хабар надодан аз тарҳи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ" мақомотро водор сохт, назоратро ҷиддитар кунанд. Ду ҷавоне, ки дар қатли сайёҳон даст доштаанд, бародарон Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо сокинони шаҳри Норак буданд, ки дигар қайди ҳаёт нестанд. Панҷ сокини дигари ин шаҳр дар робита ба ин ҳодиса дар боздошт ҳастанд. Мақомот гуфтанд, ки ин панҷ нафар ҳарчанд дар ин ҳамла даст надоштанд, дар бораи омодагӣ ба ҷиноят хабардор буданд ва метавонистанд аз вуқӯи фоҷиа ҷилавгирӣ кунанд.

"Ҳама чиз зери назорат аст"

Абдураҳмон Гулов, раиси ҷамоати Дуконии шаҳри Норак, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таъсиси кормандони ихтиёрӣ ваё, ба истилоҳ, дружиначиён бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, “мо гуруҳи дружначиҳоро ташкил кардем. Ҳар кадоме аз онҳо сабтином шудаанд. Мардумро шумурдем ва бо онҳо кор мекунем. Бо муллову имомҳои масҷид ҳам кор мекунем. Ҳама чиз зери назорат аст. Ин кор баъди моҳи июл шурӯъ шуд. Вобаста ба аҳолии деҳа аз 3 то 7 дружначиро ба кор мегирем".

Мирзомиддин Назиров, раиси деҳаи Навдеҳ гуфт, як мақоми интизомӣ аз Душанбе тасмими ташкили гурӯҳи дружначиҳоро дастгирӣ намуд. "Дар даврони Шӯравии собиқ чунин гурӯҳҳо амал мекарданд ва корашон хуб буд. Онҳо ёрдамчии мақомот ҳастанд. Танҳо дар деҳаи Навдеҳ се нафар ҳастанд, ки агар ягон нафари бегонаро диданд, зуд мақомотро огоҳ мекунанд", - афзуд ӯ.

Кори бепул

Мақомот мегӯяд, дружиначиҳо аз ҳисоби фаъолони деҳа интихоб шуда, кори худро ихтиёрӣ ва бепул анҷом медиҳанд. Охири ҳар ҳафта ба мақомоти маҳаллӣ аз дидаҳояшон гузориш медиҳанд. Шумори ихтиёриҳо вобаста ба аҳолии деҳа интихоб мешаванд. Деҳоте, ки аҳолии бештар дорад, то 5 нафарро барои назорат аз амнияти деҳа ҷалб мекунанд.

Исмоил Назиров, як сокини деҳаи Навдеҳ, яке аз дружиначиҳо аст. Ӯ мегӯяд, баъди ҳамла ба сайёҳон мехоҳад дар ҷилавгирӣ аз ҳаргуна ҷиноят саҳм бигузорад. "Мо барои ҳифзи суботу оромӣ кор мекунем", - мегӯяд ӯ.

Гуруҳи ихтиёриёни Вазорати умури дохилии Тоҷикистон. Моҳи сентябри 2015
Гуруҳи ихтиёриёни Вазорати умури дохилии Тоҷикистон. Моҳи сентябри 2015

Самӣ Асоев, раиси ҷамоати Пули Сангини Норак гуфт, онҳо низ дар деҳа дружиначӣ интихоб кардаанд. Як мақоми дигар дар шаҳри Норак гуфт, дар баробари гурӯҳи дружначиҳо, дар масҷиду корхонаҳо ва мактабҳои миёна низ навбатдории шабона ташкил шудааст.

Зимнан, назорати шабонаи муассисаҳои ҷамъиятие ба мисли мактабу масҷидҳо дар ноҳияҳои дигар, аз ҷумла Кӯшониёну Панҷ ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳаёти хусусии сокинон дахолат намекунад?

Феълан мақомот дар мавриди мақоми ҳуқуқии гурӯҳи ихтиёриёни нозири амният чизе намегӯянд. Дар қонунҳои Тоҷикистон низ дар бораи ташкили гурӯҳҳои худидоракунии нозири вазъи амниятӣ чизе гуфта нашудааст. Бархе мегӯянд, кумак дар назорати вазъи амниятӣ дар асл фикри бад нест. Аммо паҳлӯи нигаронкунандаи он сӯиистифода аз мақоми нозирӣ ва нақзи қонун гуфта мешавад.

Бархе суолгузорӣ мекунанд, ки то куҷо кори дружиначиён ба ҳаёти хусусии сокинон дахолат намекунанд ва дар сурати пеш омадани ихтилоф бо нафаре, ки кори баде накардааст, амали онҳоро аз рӯи кадом қонун ва меъёрҳо мешавад танзим ва баҳогузорӣ кард?

Маҳалли ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ
Маҳалли ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ

Дар як ҳодисаи моҳи август мақомот дар Файзобод аз ташкили гурӯҳи ихтиёриёни фаъоли деҳе интиқод карданд, ки бо баҳонаи ҷилавгирӣ аз дуздӣ дар деҳа як марди ошиқи меҳмони зани маҳаллиро латту кӯб карданд. Вазорати умури дохилӣ гуфт, кори ин гурӯҳи фаъолони деҳ як муҳокимаи худсарона буд ва ҳоло гурӯҳи шашнафараи сокинон бояд дар баробари қонун посух диҳад.

Шубҳаҳо, иттиҳомҳо

Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29-уми июли имсол дар Себистони Данғара рух дод. Дар ин ҳамла чаҳор сайёҳи хориҷӣ кушта шуданд. Ду нафари дигар осеб диданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ин ҳамларо Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо анҷом додаанд. Ҳарчанд гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Эрон баланд гардид. Ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад мекунад ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ меномад.​

XS
SM
MD
LG