Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар додгоҳ. "Мумкин мурофиа озод гузарад". ВИДЕО


Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29-уми июл дар Себистони Данғара сурат гирифт.
Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ рӯзи 29-уми июл дар Себистони Данғара сурат гирифт.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳафтаи оянда ба баррасии парвандаи қатли чаҳор сайёҳи хориҷӣ шуруъ мекунад. Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ моҳи июли имсол дар ноҳияи Данғара рух дод. Бар асари он чаҳор сайёҳ кушта шуда, ду нафари дигар осеб диданд. Дар курсии айбдорӣ 17 нафар нишастаанд ва наздиконаш мегӯянд, аз додгоҳ ҳукми одилонаро мунтазиранд.

"Мумкин мурофиа озод гузарад"

Як манбаъ дар Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаи оянда баррасии парвандаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ шуруъ мешавад. Ҳамсуҳбати мо, ки ҳаққи бо матбуот суҳбат кардан надорад афзуд, парвандаи қатли сайёҳон ҳанӯз дар оғози моҳи октябр аз тарафи Додситонии кулл ба Додгоҳи олӣ расид ва то ин вақт мавриди омӯзиш қарор дошт.

Ҳарчанд гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Эрон баланд гардид. Ҳизби наҳзати исломӣ аз оғоз иттиҳоми мақомотро бепояву асос хонда ин ҳамларо маҳкум кардааст.

Феълан маълум нест, ки мурофиаи гумонбарони қатли сайёҳони хориҷӣ кушода баргузор мешавад ё пушти дарҳои баста. Вале ҳамсуҳбати мо дар Додгоҳи олӣ гуфт, парванда мӯҳри махфӣ надорад ва ба эҳтимоли зиёд мурофиа кушода баргузор мешавад. Масъалаи роҳ додани хабарнигорон ба мурофиа ба гуфтаи масъулини Додгоҳи олӣ феълан баррасӣ шуда истодааст ва танҳо ҳафтаи оянда "ҳамааш маълум мешавад."

Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ аз камтарин рухдодҳое аст, ки номи Тоҷикистон ба сархати расонаҳои ҷаҳонӣ баровард. Ин ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Парвандаи қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар додгоҳ. "Мумкин мурофиа озод гузарад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:34 0:00

"Аз ночорӣ дар сохтмон кор мекард ва бало гирифтор шуд"

Ба иттилои мақомоти тоҷик дар курсии айборӣ 17 нафар нишастаанд. Аз миёни панҷ нафари ҳамлавар ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара танҳо Ҳусейн Абдусамадов зинда боздошт шудааст. Боқимондаҳо дар ҷараёни амалиёти боздошт "безарар карда шудаанд". Инчунин шуморе аз гумонбарон ба хотири хабар надодан ба мақомот боздошт шуданд.

Гумонбарони аслӣ дар қатли сайёҳони хориҷӣ.
Гумонбарони аслӣ дар қатли сайёҳони хориҷӣ.

Қиёмиддин Қурбонов яке аз онҳо мебошад. Наздиконаш бовар доранд, ки додгоҳ дар ҳаққи ӯ қарори одилона содир карда, озодаш мекунад. Файзулло Қурбонов, сокини шаҳри Норак ва падари Қиёмиддин дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш имсол бояд донишгоҳро хатм карда, муҳандиси соҳаи барқ мешуд.

Вале ба гуфтаи падар, танҳо се рӯзи кор дар сохтмон ҳамроҳ бо "хунхорон" писарашро паси панҷара кашид. Қурбонов мегӯяд, писари донишҷӯаш аз тангдастӣ маҷбур буд дар баробари таҳсил дар сохтмон ҳам кор кунад.

"Се фарзанди донишҷӯ доштам. Аз рӯзи ногузарон писарам баъди дарс рафта дар сохтмон кор мекард. Писарам гуфт, ки танҳо се рӯз ҳамроҳи "хунхорҳо" кор кардааст, тамом. Дигар бо онҳо на телефонӣ суҳбат кардааст ва на рафтуомад дошт. Танҳо ҳаминҳоро даъат карданд ва инҳо не гуфтанд. Дигар аз тарс надонистаст, ки чӣ кор кунад",-афзуд Қиёмиддин.

Файзулло Қурбонов афзуд, бо писараш чанд маротиба дар боздоштгоҳ дидор дошт ва ӯ аз чизе шикоят накардааст. Падар мегӯяд, Қиёмиддин дар баёноташ ба мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, мехост имсол баъди хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ биравад. Падари Қиёмиддин Қурбонов мегӯяд, бовар дорад, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати писараш одилона хоҳад буд.

Ҳамроҳ бо Қиёмиддин Қурбонов се сокини дигари деҳаи Навдеҳи шаҳри Норак ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Онҳо низ дар хабар надодан ба мақомот дар бораи ин ҳодиса муттаҳам дониста мешаванд.

Қаблан як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "аз ин афрод даъват карда будаанд, ки ба ин гурӯҳи тундрав шомил шаванд. Онҳо рад кардаанд. Вале онҳо дар ин бора ба мақомот хабар надодаанд."

Алайҳи ин нафарон бо моддаи 347-и Кодекси ҷиноӣ ё хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он парванда боз шудааст. Ба онҳо аз 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

"Ба мардум мегӯем, ки бо мақомот ҳамкорӣ кунед"

Раиси маҳаллаи Навдеҳи шаҳри Норак мегӯяд, аз боздошти чаҳор ҳамдеҳааш дар қазияи қатли сайёҳон ибрат гирифта, талош доранд, ки он дигар такрор нашавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин ҳамларо "Қори Носир", ки дар Эрон ба сар мебарад, тарҳрезӣ кардааст.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ин ҳамларо "Қори Носир", ки дар Эрон ба сар мебарад, тарҳрезӣ кардааст.

Ҳоҷӣ Мирзомуддин, раиси маҳаллаи Навдеҳ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, се маротиба маҷлис карда аз мардум даъват карданд, ки дар ҳолати мушоҳидаи ягон шахс ё даъватҳои шубҳанок ҳатман ба мақомот хабар диҳанд.

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ аз тарафи Ҳусейн Абдусамадов, Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо сурат гирифтаат.

Ҳарчанд гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт, ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Эрон баланд гардид. Ҳизби наҳзати исломӣ аз оғоз иттиҳоми мақомотро бепояву асос хонда ин ҳамларо маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG