Мақомоти тоҷик исми муттаҳамон дар қазияи ҳамла ба сайёҳони хориҷиро бори нахуст ифшо карданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳусейн Абдусамадов, саркардаи ин гуруҳ аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух мегӯяд. Абдусамадов аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо гумонбар муттаҳам мешавад.
Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст
Додгоҳи олии Тоҷикистон баъд аз зуҳри 26 октябр бо нашри як баёнияи расмӣ ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба сайёҳони хориҷиро нашр кард.
Мақомоти Додгоҳи олӣ мегӯянд, феълан дар курсии айбдорӣ 15 нафар нишастаанд, ки аз онҳо як нафарашон зан мебошад. Ба иттилои Додгоҳи олӣ, дар байни ин гуруҳ ду нафари онҳо Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев барои иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ ва ифротгароӣ муттаҳам ҳастанд.
Боқӣ 12 нафари дигар бо шумули Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмумин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов, Маҳмадулло Қаландаров ва Баҳринисо Ҳайдарова барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Мақомоти Додгоҳи олӣ дар бораи Ҳусейн Абдусамадов мегӯянд, ӯ аз соли 2004 аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати ислом буда, солҳои 2016-2017 дар ҳайати гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ ҷанг кардааст.
Масъулини Додгоҳи олӣ навиштаанд, ҳамаи панҷ нафари ҳамлакунанда ба сайёҳони хориҷӣ, Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати ислом будаанд.
Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан, бо корду табар ба онҳо зарба заданд.
Чаҳор ҳамроҳи Абдусамадов - Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо дар пайи амалиёти мақомот ҳангоми ҷустуҷӯи ҳамлагарон кушта шуданд. Танҳо ӯ зинда боздошт гардид.
Баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигар рӯзи 23-юми октябр аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шуд.
Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст
Мурофиа аз рӯи қазияи ҳамла ба сайёҳон рӯзи сеюм аст, ки идома дорад. Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ аз камтарин рухдодҳое аст, ки номи Тоҷикистонро ба сархати расонаҳои ҷаҳонӣ баровард.
Ин ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.
Барои инъикоси мурофиаи муттаҳамон дар қатли сайёҳон на танҳо рӯзноманигорони дохилӣ, балки намояндаҳои расонаҳо аз Аврупо, аз ҷумла аз Ҳолланд омадаанд. Аммо журналистон ба толори мурофиаи роҳ наёфтанд.
Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст