Вазъи саломатии Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳами аслӣ дар қатли чаҳор сайёҳи хориҷӣ дар боздоштгоҳ бад шудааст. Худи ӯ рӯзи 1-уми ноябр гуфтааст, ки саломатиаш бад аст ва наметавонад дар мурофиа иштирок кунад.
- Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигарро рӯзи 23-юми октябри имсол дар бинои боздоштгоҳи Душанбе шурӯъ кард.
Бори охир дар СИЗО дида будам. Гуфт, ки пушаймон аст. Гиря кард. Баъдан дар Интернет хондам, ки гуфтааст ки пушаймон нест
“Абдусамадов гуфт, ки гурдаҳояш дард мекунанд”
Як иштирокдори мурофиаи гумонбарони қатли сайёҳон бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд рӯзи 1-уми ноябр баррасии парванда идома кунад. Аммо, ба қавли манбаъ, пас аз шурӯи мурофиа Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳами аслӣ ба додрас гуфтааст, ки имкони иштирок карданро надорад. "Абдусамадов гуфт, ки саломатиаш хуб нест ва гурдаҳояш дард мекунанд. Ӯ ба додрас гуфт, ки имкони ба суолҳо посух доданро надорад. Ба ин хотир, додрас мурофиаро қатъ карда ва онро ба рӯзҳои дигар монд", - афзуд манбаъ.
Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гуруҳ дар ҷараёни боздошт кушта шуданд. 14 нафари дигар, ки ҳамроҳи Абдусамадов дар курсии айбдорӣ нишастаанд, асосан барои хабар надодан аз ҷиноят муттаҳаманд.
Иштирокдорони мурофиа гуфтанд, Абдусамадов дар мурофиа ором мешинад ва танҳо баъди суол аз ӯ сухан мекунад. “Абдусамадов бо тамкин ба суолҳои додрас посух мегӯяд, доду вой намекунад. Кирдорҳояшро пурра гуфта метавонад, аммо изҳори пушаймонӣ намекунад. Мегӯяд, ки аз кори кардааш пушаймон нест”, - афзуд ҳамсуҳбати мо.
“Модар ба пушаймон нашудани ӯ шубҳа дорад”
Иттилои изҳори пушаймонӣ накардани Ҳусейн Абдусамадовро дар додгоҳ ҳам додрас ва ҳам иштирокдорони мурофиа тасдиқ карда буданд. Аммо наздикони ӯ ба ин чиз бо шубҳа нигоҳ мекунанд.
Гулчеҳра Шодмонова, модари Ҳусейн Абудсамадов ду рӯз қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ба ҳарфҳои писараш дар мурофиаи додгоҳӣ, ки гуфтааст “аз кори кардааш пушаймон нест” шубҳа дорад. Ӯ мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд писараш аз тарси онки мабодо гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» ва ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ба хотири содиқ намондан ба савганд наздиконашро нобуд кунанд, чунин сухан гуфтааст.
- “Бори охир дар СИЗО дида будам. Гуфт, ки пушаймон аст. Гиря кард. Баъдан дар Интернет хондам, ки гуфтааст ки пушаймон нест”, - афзуд ӯ.
Шодмонова мегӯяд, бо сабаби беморӣ дар мурофиаҳои додгоҳии писараш боре ҳам иштирок накардааст, аммо бовар дорад, ки ҳама кор тибқи қонун пеш меравад.
“Шоҳидон гуфтанд, ки чӣ гуна ба сайёҳон ҳамла кард”
Мурофиаи гумонбарони қатли сайёҳон дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и рақами 1-и Душанбе мегузарад. Ҳарчанд мурофиа боз аст, аммо ба он танҳо вакилони дифоъ ва шоҳидон роҳ дода шуданд.
Иштирокдорони мурофиа мегӯянд, додгоҳ феълан ба пурсиши шоҳидон шуруъ кардааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, дар додгоҳ беш аз 20 нафар шоҳидӣ медиҳанд. Ному насаби онҳо ба хотири таъмини амнияташон ошкор карда намешавад.
Аммо яке аз иштирокдорони мурофиа ба Радиои Озодӣ гуфт, шоҳидон онҳое ҳастанд, ки дар рӯзи ҳамла ба сайёҳон дар ноҳияи Данғара аз онҷо мегузаштанд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, онҳо дар додгоҳ асосан дар бораи чӣ гуна рух додани ҳодиса ва амали гуруҳи ҳамлагарон суҳбат мекунанд.
Шоҳидон дар додгоҳ аз ҷумла гуфтаанд, ки чӣ гуна Ҳусейн Абдусамадов бо чаҳор ҳамроҳаш ба сайёҳон ҳамла карда ва аз онҷо фирор намудаанд.
Додгоҳи олӣ: “14 мард ва як зан посух мегӯянд”
Мақомоти Додгоҳи олӣ мегӯянд, дар маҷмуъ дар курсии айбдорӣ 15 нафар нишастаанд, ки аз онҳо як нафарашон зан мебошад. Ҳусейн Абдусамадов, саркардаи ин гуруҳ аз рӯи 9 иттиҳом дар додгоҳ посух мегӯяд. Абдусамадов аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо гумонбар муттаҳам мешавад.
Ба иттилои Додгоҳи олӣ, дар байни ин гуруҳ ду нафари онҳо Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев барои иштирок дар иттиҳодияи ҷиноятӣ ва ифротгароӣ муттаҳам ҳастанд.
Боқӣ 12 нафари дигар бо шумули Беҳрӯзи Саймурод, Қурбонбек Ғанизода, Абдулмумин Давлатов, Фаррух Давлатов, Қиёмиддин Қурбонов, Бахтовар Салоҳидинов, Мансур Солеҳов, Саъдулло Холмуродзода, Шоҳин Юсуфзода, Фирдавсӣ Юсуфов, Маҳмадулло Қаландаров ва Баҳринисо Ҳайдарова барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.
Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст.