Дар ҳамлаи Кобул 30 нафар кушта ва беш аз 50 тан захмӣ шуданд

Мақомоти афғон эълон карданд, ки ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Кобул баъд аз зӯҳри чаҳоршанбе ба поён расид. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ҳамла 30 нафар кушта ва бештар аз 50 тани дигар захм бардоштаанд. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон Давлат Вазирӣ гуфтааст, ки ҳамаи захмиёни ин ҳодиса ба ҷойҳои муносиб интиқол дода шудаанд. То ба ҳол шахсияти қурбониёни ин даргирӣ эълон нашудааст. Мақомоти афғон ҳамзамон эълон кардаанд, ки ҳамаи чаҳор марди ҳамлакунанда кушта шудаанд.

Субҳи имрӯз, 8 март гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ ба як бемористони низомӣ дар маркази шаҳри Кобул -- пойтахти Афғонистон ҳамла карданд. Ба иттилои бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ба нақл аз манбаъҳои ҳукуматӣ, соати нӯҳ ба вақти маҳаллӣ дар назди дарвозаи вурудии бемористон аввал таркиш рух дод ва пас аз он ҳамлакунандагон худро ба дохили бино расонданд ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамла ба калонтарин бемористони низомӣ дар Кобул.

Як масъули ин бемористон гуфтааст, ки ҳамлаварон аз тарафи шимоли шифохона ба дохил ворид шудаанд.Тибқи гузоришҳо, ҳамлакунандагон ба ошёнаҳои дувум, савум, чаҳорум ва шашуми бемористон худро расонида ва бо нерӯҳои амниятӣ даргир шуданд.

Абдулқодир, як корманди ин бемористони низомӣ, ки дар наздикии сафорати Амрико воқеъ аст, ба хабаргузории Рейтерз гуфтааст: "Ман дар утоқи амалиёт будам, ки ҳамлаварон бо либоси пизишкӣ ворид шуданд ва ба сӯи ман оташ кушоданд. Вақте ба сӯи ман тир кушоданд, ман дар замин афтодам ва ҳамлаварон ба ҳамкори ман ҳуҷум карданд. Дар ҳар сурат, ман аз тариқи дари хуруҷии қафо фирор кардам."

Забеҳулло Муҳоҷид, сухангӯи Толибон даст доштани ин гурӯҳ дар ҳамла ба бемористонро рад кардааст. Аммо тибқи бархе гузоришҳо, гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ин ҳамларо маҳкум карда ва гуфтааст, ки "дар ҳамаи адён бемористон як ҷои амн шинохта мешавад ва ҳамла ба шифохона ҳамла ба тамоми мардуми Афғонистон аст". Абдулло Абдулло, раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон низ гуфтааст, ки "ин ҳамлаи террористӣ дар Кобулро маҳкум мекунам. Дар ҳоле, ки мо барои сулҳ талош мекунем, интиқоми миллати худро хоҳем гирифт."

Бемористони низомии Сардор Муҳаммад Довуд дар Вазир Акбархон дар минтақае воқеъ мебошад, ки сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар он ҷой гирифтаанд. Ин бемористон яке аз калонтарин шифохонаҳои Кобул ва тобеи вазорати дифои он кишвар мебошад ва аксари низомиён дар он муолиҷа мешаванд. Ин бемористон панҷ сол пеш низ мавриди ҳамла қарор гирифта буд, ки бар асари он 6 корманд кушта ва 23 нафари дигар захмӣ шуда буданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамла ба як бемористони низомӣ дар маркази Кобул