Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши маргбор дар масҷиди Боқир ал-улум. ВИДЕО


Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар маросими пайравони мазҳаби шиа дар яке аз масҷидҳои шаҳри Кобул ҳадди ақалл 27 нафар кушта шуданд. Фаридун Убайдӣ, раҳбари бахши таҳқиқоти ҷиноии пулиси Кобул, гуфтааст, ки 35 тани дигар дар ин ҳодиса захм бардоштанд.

Шиаиён дар Афғонистон ақаллият мебошанд ва дар мавриди шумораи онҳо низ омори гуногун вуҷуд дорад.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, рӯзи 21 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса ҳудуди соати 12:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи ҳавзаи шашуми амниятии шаҳри Кобул рух додааст. Шоҳидони айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин таркиш дар дохили мадрасаи Боқир ал-улум ва замоне рух дод, ки мардум барои адои намози пешин омодагӣ медиданд.

Навори видео инҷост:

Дар маросими шиаҳои Афғонистон 27 нафарро куштанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, қарор буд баъд аз намози пешин дар ин маҳал маросими мазҳабии "арбаин" ё чиҳилум, ки пайравони мазҳаби шиа, онро гиромӣ медоранд, баргузор шавад. Тибқи иттилои мақомоти афғон, ҳамаи афроде, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтанд, ғайринизомӣ буда, ба хотири баргузории ин маросими мазҳабӣ ҷамъ омаданд. Гуфта мешавад, дар миёни қурбониҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

Нерӯҳои амниятӣ атрофи масҷидро иҳота кардаанд
Нерӯҳои амниятӣ атрофи масҷидро иҳота кардаанд

То ба ҳол масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳ ба дӯш нагирифтааст, аммо аз ин қабл чанд ҳамла ба маросими шиаҳоро дар Афғонистон гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифта буд.

Шуморе аз мақомҳои баландпояи афғон ҳамлаи маргбор дар Кобулро маҳкум карданд. Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ ва раиси ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон, зимни маҳкум намудани ин ҳодиса, омилони онро "ваҳшӣ" ва "бераҳм" хонданд, ки, ба гуфтаи онҳо, афроди бегуноҳ, аз ҷумла кӯдаконро дар "макони муқаддас" ба қатл расонданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ
Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Шиаиён дар Афғонистон ақаллият мебошанд ва дар мавриди шумораи онҳо низ омори гуногун вуҷуд дорад. Бар асоси омори як маркази таҳқиқотӣ дар Вашингтон, ҳафт дарсади мардуми ин кишвар шиа ҳастанд.

Аммо тибқи бархе таҳқиқот дар дохили худи Афғонистон, шумораи шиамазҳабон 20 дарсади аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд. Аксарияти шиаҳои афғон аз ҳазораҳо ва тоҷикҳо мебошанд.

XS
SM
MD
LG