Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон. Шанбеи пур аз инфиҷору интиҳор


Дар силсилаи ҳамлаҳо ва таркишҳо дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон дар рӯзи шанбе, ҳадди ақал 20 нафар кушта шудаанд.

Рӯзи шанбе бар асари ҳамлаҳо ва таркишу ҳамлаҳои интиҳорӣ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, беш аз 20 нафар кушта шудаанд, ки миёни онҳо ду сарбози амрикоӣ ва 12 узви як гурӯҳи минрӯб низ ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузориҳо, ду сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи Толибон ба корвони мошинҳои НАТО дар наздикии пойгоҳи Багром дар шимоли Кобул кушта шуданд. Ин дар ҳоле аст, ки фармондеҳии нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон бо нашри эъломия, кушта шудани ду тан аз сарбозонро таъйид кард, аммо ба кадом кишвар тааллуқ доштани онҳоро зикр накард.

Гурӯҳи Толибон ҳамзамон бо оғози омодагии нерӯҳои эътилоф барои берун шудан аз Афғонистон, ҳамлаҳои худро бештар кардаанд. Бар асоси тавофуқи амниятӣ байни Амрико ва Афғонистон, ҳудуди 12 ҳазор сарбози НАТО пас аз хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон, дар ин кишвар хоҳанд монд. Ин нерӯҳо бештар ба машварат ва тамрини нерӯҳои афғон машғул хоҳанд буд. Қаблан 150 ҳазор сарбози НАТО дар Афғонистон ҳузур дошт.

Дар ҳамин ҳол бар пояи гузоришҳо, дар ҳамла ба як автобуси ҳомили сарбозони артиши миллии Афғонистон дар нимаи дувуми рӯзи шанбе дар ғарби Кобул, 7 нафар кушта шудаанд. Сухангӯи пулиси Кобул Ҳашматуллоҳ Станакзай ба Радиои Озодӣ гуфт, як шахси интиҳоркунанда худро дар наздикии автобус тарконидааст. Гурӯҳи Толибон масъулияти ҳамла ба автобуси сарбозони артиши миллии Афғонистон дар Кобулро ба ӯҳда гирифтааст.

Тибқи гузоришҳо, ҳамчунин 12 узви як гурӯҳи минарӯб дар наздикии пойгоҳи низомии пешини Бритониё дар вилояти Ҳилманд кушта шудаанд. Бар пояи гузоришҳо, афроди моторсиклсавор ба тарафи аъзои ин тим тирандозӣ кардаанд. Як сухангӯи пулис низ гуфтааст, ки нерӯҳои амниятии афғон дар ҷараёнти таъқиби ин афрод тавонистаанд, ки чаҳор нафари онҳоро кушта ва се нафари дигарро дастгир кунанд.

Дар ҳамин ҳол, субҳи рӯзи шанбе Атиқуллоҳ Рауфӣ, раиси иҷроияи Додгоҳи олии Афғонистон низ ҳини рафтан ба ҷои кораш, аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG