Ҳамлаи интиҳорӣ ба пойгоҳи ҳавоии НАТО дар Багром, дар шимоли шаҳри Кобул, дастикам чор кушта ва чордаҳ маҷрӯҳ бар ҷой гузошт. Гурӯҳи Толибон масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро бар дӯш гирифтааст. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид – сухангӯи Толибон – рӯзи 12 ноябр эълон кард, ки "ин ҳамла аз моҳҳо пеш барномарезӣ шуда буд ва талафоти сангине боқӣ гузошт".
Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки дар ҳоли баррасии марги даҳҳо ғайринизомӣ дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии Амрико ба шимоли Афғонистон аст.
Ҳуввияти кушташудаҳои ин таркиш ҳанӯз мушаххас нест. Абдулваҳид Садиқ, сухангӯи фармондори вилояти Парвони Афғонистон, ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" теъдоди захмиҳоро 18 нафар гуфтааст. Вай афзудааст, фарди ҳамлакунанда афғон буд ва дар пойгоҳ кор мекард.
Генерали амрикоӣ Ҷон Никелсон гуфт, ки инфиҷор тавассути як дастгоҳи тарканда сурат гирифта, вале ҷузъёиташ дар дасти баррасист. Ба қавли Абдулшакур Қуддусӣ, фармондори минтақаи Багром, инфиҷор дар наздикии толори ғизохӯрии пойгоҳ рух додааст ва ӯ ин таркишро "қавӣ" тавсиф кард.
Пойгоҳи ҳавоии Багром, мутааллиқ ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО, созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ, бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон аст ва ба гузориши хабаргузории Фаронса дар онҷо даҳ ҳазор сарбози амрикоӣ мустақаранд. Ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии Багром ду рӯз баъди ҳамла ба консулгарии Олмон дар Мазори Шариф рух дод.
Видеои ҳамла ба консулгарии Олмон дар Мазори Шариф
Дар ҳамлаи Толибон ба консулгарии Олмон дар Мазори Шариф, ки охири панҷшанбеи гузашта бо як мошини ҳомили маводи тарканда сурат гирифт, ба камияш шаш тан кушта ва ҳудуди сад нафар захмӣ шуданд. Гурӯҳи Толибон гуфт, ин ҳуҷумро дар ҷавоб ба ҳамлаи ҳавоии НАТО ба шимоли Кундуз, ки дар ҳафтаи пеш зиёда аз 30 кушта дар миёни ғайринизомиҳо ба ҷой гузошт, анҷом додааст.
Артиши Амрико тасдиқ кард, ки дар ҳамлаи ҳавоии рӯзи 5 ноябр ба эҳтимоли зиёд шуморе аз ғайринизомиҳо, яъне сокинони осоишта кушта шудаанд. Созмони Милали Муттаҳид низ эълон кард, ки дар ҳоли баррасии марги даҳҳо ғайринизомӣ дар ҷараёни ҳамлаи ҳавоии Амрико ба шимоли Афғонистон аст.