Хиёбони канори бинои парлумони Афғонистон дар Кобул рӯзи 22 июн ба саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои амниятӣ ва ҷангиёни Толибон табдил шуд.
Абдул Раҳмон Раҳимӣ, раиси пулиси Кобул, дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер гуфт, бар асари амалҳои сареи нерӯҳои амниятӣ толибон натавонистанд вориди маҷмааи парлумонӣ шаванд. Ба гуфтаи ӯ, ибтидо як маргталаб мошини худро дар назди бинои парлумон тарконд ва ба дунболи ин шаш тан аз ҷангиён талоши вуруд ба бинои парлумонро карданд, вале ба муқовимати муҳофизони бино рӯ ба рӯ шуданд.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон, хабар дод, ки толибон ақибнишинӣ карда, дар як бинои нимабунёди наздикиҳои парлумон панаҳ бурданд.
Дар амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ, ки тақрибан ду соат идома кард, ҳамаи шаш тан аз толибони ҳамлагар кушта шуданд. Ба иттилои расмӣ, ду сокини осоишта, аз ҷумла, як кӯдак ҳам ҷон бохта, беш аз 30 каси дигар ба шумули панҷ зан ва як тифл ҷароҳат бардоштаанд.
Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки дар ин ҳамла ба вакилони парлумон осебе нарасидааст. Баъд аз шурӯи ҳамла телевизиони Афғонистон мустақиман аз ҷараёни ба ҷойи амн интиқол ёфтани вакилон гузориш пахш кард.
Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон, ҳам дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тайид кард, ки дар ин ҳамла бархе аз кормандони амниятии парлумон ҷароҳат бардоштаанд. Чанд тан аз вакилони парлумон низ ба гуфтаи ӯ, баъди фурӯрезии чароғҳои толор осеб диданд, аммо ҷароҳатҳояшон сатҳӣ аст. Ҳамзамон, ба гуфтаи хонум Борикзай, агар ҳушёриву ҷасорати муҳофизон намебуд, шояд талафот хело бузургтар мебуд: "Се интиҳорӣ аз ҷумлаи ҳамлагарон мехостанд ба бинои парлуомн ворид шаванд ва агар муваффақ мешуданд, талафот ғайри қобили пешбинӣ мебуд".
Хонум Борикзай меафзояд, ки ҳамла ба парлумон дар ҳар кишвар ба маънои ҳамла ба демократия аст, зеро дар парлумон онҳое фаъолият доранд, ки аз мардуми худ намояндагӣ мекунанд. Онҳое, ки ин ҳамларо тарҳрезӣ кардаанд, ба гуфтаи ӯ, "хостанд як бори дигар нишон диҳанд, ки ба демократия дар Афғонистон бовар надоранд"
Намояндаи “Толибон” Забеҳулло Муҷоҳид изҳор кард, ки ҳамла ба парлумонро ҷангиёни ин гурӯҳ анюом додаанд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, “мо ҳамла ба парлумонро ба он хотир шурӯъ кардем, ки ҷаласаи муҳим буд ва дар он бояд вазири дифоъ муаррифӣ мешуд”. Мақомоти Афғонистон ҳам тайид карданд, ки қарор буд он рӯз вакилон номзадии Маъсум Станикзай ба мақоми вазири дифоъро баррасӣ кунанд. Номзадии ӯ аз сӯи раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ пешбарӣ шудааст.
Аз ин пеш мақомоти афғон эътироф намуданд, ки мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” боз як волусволии вилояти Қундуз дар шимоли кишварро тасарруф карданд. Муҳаммад Юсуф Айюбӣ, раиси шӯрои вилоят, рӯзи 22 июн хабар дод, ки толибон аз чаҳор самт ба волусволии Дашти Арчӣ ҳамла намуда, баъди даргириҳои шадид бо нерӯҳои амнияти маҳаллӣ ин минтақаро таҳти назорат қарор доданд. Ӯ афзуд, ки дар ин задухӯрд нерӯҳои маҳаллӣ талафот додаанд, аммо шумораи дақиқи қушташудагону захмиён маълум нест.
Тақрибан 150 ҳазор аз сокинони волусволӣ аз имкони тарки маҳали зисташон маҳрум мондаанд.
Як рӯз пеш толибон волусволии Чордараи Қундузро ҳам ишғол карданд. Мӯъмин-Командир, як фармондеҳи маҳаллӣ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки толибон баъд аз ишғоли ин ду волусволӣ қасди ҳамла ба шаҳри Имом-Соҳибро доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар Имом-Соҳиб нерӯҳои амниятӣ чандон зиёд нестанд, вале мардуми маҳаллӣ азм доранд, ки “то охирин қатраи хун биҷанганд”. Мӯъмин Командир аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҳукумат нерӯҳои маҳаллии Имом-Соҳибро бо силоҳу муҳимот таъмин намекунад, аз ин рӯ муқовимати шаҳр ба ҳамлаи толибон мушкил мешавад.
Имом-Соҳиб волусволии ҳаммарз бо ноҳияи Панҷи Тоҷикистон аст ва дар сурати ишғоли ин минтақа толибон дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мустақар хоҳанд шуд.
Толибон моҳи апрел талоши ишғоли маркази вилоят шаҳри Қундузро карда буданд, аммо ҳамлаашон аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон баргардонида шуд.