Мақомоти амниятии афғон мегӯянд, ки таркиш дар дохили толори мактаби "Истиқлол", ки ба он маркази фарҳании Фаронса ҳам гуфта мешавад, як ҳамлаи интиҳорӣ будааст. Генерал Муҳаммадфарид Афзалӣ, раиси таҳқиқоти ҷиноии фармондеҳии амнияти Кобул ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин ҳамла як тан кушта ва сездаҳ тани дигар захмӣ шудаанд. Тибқи гузоришҳо шахси кушташуда шаҳрванди Олмон мебошад. Гуфта мешавад, ки ҳамла замоне ба вуқӯъ пайвастааст, ки афроди зиёде дар толор намоишномаи театрӣ ҷараён доштааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш додааст, ки чанд тан аз кӯдакон ҳам дар ин ҳодиса кушта шудаанд. Ба гуфтаи пулиси Кобул, ҳамлакунандаи интиҳорӣ як ҷавони 16-17 сола буда ва таҳқиқот дар ин замина ҷараён дорад. Толибони мусаллаҳ масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтаанд.
Ҳукумати Фаронса ҳамлаи интиҳорӣ бар маркази фарҳангиаш дар Кобулро маҳкум намудааст ва онро як иқдоми буздилона хондааст. Вазири умури хориҷии Фаронса гуфтааст, чандин тан дар ин ҳодиса кушта ва захмӣ шудаанд.
Ин таркиш дар ҳоле ба вуҷӯъ пайваст, ки дар Маркази фарҳании Фаронса як намоишнома бо номи "Тапиши қалб, сукуте пас аз инфиҷор" дар мавриди накӯҳиши ҳамлаҳои интиҳорӣ ва ёдоварӣ аз қурбониёни интиҳор ва инфиҷор дар толори Маркази фарҳангии сафорати Фаронса дар ҷараён буд.
Ҳорун Юсуфӣ, яке аз шоҳидони ин ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади як тан ва ҳамчунон чандин замхиро дидааст: "Театрро тамошо мекардем. Чанд лаҳза гузашта буд, ки садои хатарноме шунида шуд ва оташ боло шуд. Ҳамсарам ҳамроҳи ман буд, шукри Худо ба мо ҳеҷ осебе нарасид, аммо дӯстон ва ҳамкороне, ки бо мо дар дохил буданд, зиёд садама дидаанд. Якеашон ҳатто ҳоло дар бемористон бистарӣ аст. Кӯдакон ҳам буданд. Як кӯдак зери по шуда буд, афтода буд, намедонам падару модарашро чӣ шуда буд, маълум набуд."