"Боди афғонӣ" вориди Тоҷикистон мешавад

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки аз шоми имрӯз, 29-уми май, "боди афғонӣ" вориди қаламрави кишвар мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои "боди афғонӣ", афроди гирифтори бемориҳои роҳи нафас, бояд аз эҳтиёт кор бигиранд.

Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи 29-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, пешбинӣ мешавад, ки аз шоми имрӯз вазидани бод аз самти Афғонистон ба Тоҷикистон шурӯъ шуда, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии кишвар зери таъсири "боди афғонӣ" ё хокбод, қарор бигирад.

Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки аз шоми имрӯз боди афғонӣ вориди қаламрави кишвар мешавад, ки дар зиндагии сокинон, бавижа мусалмонони рӯзадор мушкил эҷод мекунад.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, дар пайи тағйири самти вазидани бод ва ҳавои гарм дар шимоли Афғонистон, хокбод ё "боди афғонӣ", вориди қаламрави Тоҷикистон мешавад ва аз фардо, 30-юми май тамоми вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ, таҳти таъсири ин бод қарор мегиранд. Хонум Байдуллоева афзуд, ки чунин вазъ то охири ҳафта идома меёбад ва эҳтимол дорад гармии ҳаво низ пасттар шуда, дар ниҳоят борон низ борад.

Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон 29-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ низ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки ниҳодҳои ин Кумита мисли пешина дар ҳолати омодабош қарор доранд.

Вай гуфт: "Вазидани боди афғонӣ дар ин вақти сол як амри маъмулӣ аст. Вале имсол ин ҳолат ба моҳи Рамазон мувофиқ омад ва ба ин хотир, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода сокинони кишварро ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо дар фикри саломатии худ бошанд. Ин ҳушдор бештар ба онҳое дахл дорад, ки гирифтори бемориҳои роҳи нафас ҳастанд ва ё рӯзадорӣ мекунанд. Ҳамчунин ҳушдор медиҳем, ки бидуни зарурат ба минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистонӣ сафар накунанд."

Ин дар ҳолест, ки аз рӯзи шанбеи гузашта бештаре аз мусалмонони Тоҷикистон бо фарорасии моҳи Рамазон, ба рӯзадорӣ оғоз кардаанд. Ҳарчанд омадани хокбод дар фасли тобистон барои Тоҷикистон ҳолати фавқуллода нест, аммо бо дарназардошти рӯзадории мусалмонони кишвар, ин вазъ метавонад дар зиндагии бештаре аз сокинони манотиқи ҷанубӣ ва марказӣ, асароти номатлубе гузорад.

Тайи солҳои ахир чунин чангбодҳо чандин бора ба мушоҳида расидаанд. Ин чангбод, ки бо номи «боди афғонӣ» шӯҳрат дорад, дар соли 2011 гаштугузори васоити нақлияро дар пойтахт то андозае ба мушкил рӯбарӯ карда буд ва боиси қатъи тамоми парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе шуд. Ҳамчунин дар пайи он, сокинон аз авҷ гирифтани бемориҳои тангнафасӣ, фишор, қалб ва ғайра шикоят карда буданд.