Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хокбориши шадид дар Душанбе


Душанбе ва навоҳии атрофи онро хокбориши бесобиқае фаро гирифтааст. Хокбод ҳавои шаҳрро хеле вазнин сохтааст ва даҳҳо нафар бемор гашта, ба пизишкон ниёзманд шудаанд.

Корманди маркази боду ҳавосанҷии Тоҷикистон Заррина Убайдуллоева, гуфт, чунин бод, ки мардум онро боди «афғонӣ» ном мебаранд, маъмулан аз ҷониби Афғонистон мевазад, вале хокбориши имрӯза аз гарб, яъне аз даштҳои Ироқу Эрон ва Туркманистон, сарчашма гирифтааст ва ба он боди «афғонӣ» низ илова шудааст, ки онро хеле шадид кардааст. Вай афзуд, ба замми дер боз борон наборидааст ва хушкӣ низ яке аз сабабҳои қавӣ гардидани хокбод шудааст.

Заррина Убайдуллоева, гуфт, дар ҳоли ҳозир майдони дид танҳо 50 метрро ташкил медиҳад ва дар чунин ҳолатҳо бояд дар фурудгоҳҳо парвоз ва қабули ҳавопаймоҳо муваққатан қатъ шавад. Вале намояндаи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, феълан дар кори фурудгоҳ тағйироте нашудааст ва парвозу қабули ҳавопаймоҳо идома дорад.

Ба гуфтаи сокинони шаҳри Душанбе, хокбориши имрӯза собиқа надорад. Гуфта мешавад, бӯйи гарду хок на танҳо дар кӯчаҳо, балки дар дохили манзилҳо низ эҳсос мешавад. Бархе аз сокинони солхурдаи пойтахт мегуянд, чунин хокбодҳои шадидро 40 сол қабл мушоҳида кардаанд.

Корманди маркази боду ҳавосанҷӣ гуфт, танҳо вазидани борон метавонад хокборишро аз байн бубарад, вале тибқи маълумоти маркази мо тайи рӯзҳои наздик дар Душанбе ва навоҳии атрофи он боронгарӣ дар назар нест.

XS
SM
MD
LG