Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе зери чангу ғубор


Кӯчаву хиёбон, хонаву дарахтони шаҳри Душанбе ва бахши аъзами ҷануби Тоҷикистон имрӯз дар зери чангу ғубори ғафс мондааст.

Идораи ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтааст, чунин ҳавои ғуборолуд, ки бо боришоти кам дар қаламрави Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, оқибати сиклон ё боди ғарбист, ки аз Екатеринбурги Русия бархостааст. Идораи ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфтааст, чунин бодҳо бо худ чангу ғуборро ба ҳаво мебардоранд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, ин тундбод бо худ хок ё қабати лёси рупӯши замин дар биёбонҳои Қароқум ва Қизилқумро овардааст. Парвина Саидҷамолова, мудири бахши пешгӯии обу ҳаво дар идораи ҳавосанҷии Тоҷикистон гуфт, ин хокбориш то 27-28-уми август қатъ хоҳад шуд ва ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гармӣ хоҳад расид. Дар охири моҳ имкони дубораи ғуборолуд гардидани ҳаво дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур нест.

Одатан ин бодро боди афғонӣ мегӯянд, вале афғонҳо онро боди Шӯравӣ мехонанд.

Хокбориш дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00
Пизишк Муродбек Ашӯрбоев аз маркази ташхиси тиббии ҷумҳуриявӣ мегӯяд, чунин бод ба афроди мубтало ба бемории қалб, набзи баланд ва мубталои бемориҳои роҳи нафас ва ирсӣ таъсири бад дорад. Ҳамчунин, одамони солимро ба дарди сар ва хастагӣ дучор мекунад.

Профессор Холиқназар Муҳаббатов мегӯяд, ғубори бод аз зарраҳои хурди хок, ки лёс ном дорад, иборат аст. Лёс қабати болоии таҳшиниҳои баҳри Арал аст, ки аз намаку моддаҳои барои саломатии инсон зараровар ташкил шудааст. Лёс хушк аст ва бо вазиши бод намии набототу ҷонваронро ба худ меҷаббад.

Профессор Муҳаббатов афзоиши боди афғонӣ дар чанд соли ахирро ба хушкидани баҳри Арал ва тағйири иқлим рабт дод. Коршиносони Созмони милал низ биёбоншавии бахше аз минтақаҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Қазоқистону Узбакистонро ба хушкидани баҳри Арал рабт медиҳанд. Ин коршиносон мегӯянд, хушкидани Арал фоҷеаи қарни 20 барои инсоният мебошад ва кишварҳои минтақа то ҳанӯз даҳшати ин фоҷеаро эҳсос накардаанд.
XS
SM
MD
LG