Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Душанбе ду маротиба олудатар шудааст (ВИДЕО)


Ҳавои Душанбе
Ҳавои Душанбе

Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, олудагии ҳаво дар Душанбе дар рӯзҳои охир аз меъёр ду баробар бештар шудааст ва асосан аз ҳисоби кам шудани майдони боғу дарахтзор дар атрофи пойтахт.

Олудагии ҳаво дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар рӯзҳои охир ду баробар зиёд шудааст, аммо на ба иллати афзоиши партовҳои корхонаҳои саноатӣ, балки бо сабаби коҳиши бамаротиби боғу ҷангалзорҳои атрофи шаҳр.

Елена Расулова, намояндаи раёсати дидбони муҳити зист дар Идораи обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзи 1-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, санҷишҳои ахири ин ниҳод нишон медиҳанд, ки ғубори ҳаво дар шаҳри Душанбе ва навоҳии қисмати ҷануби Тоҷикистон аз меъёр ду маротиба бештар аст: “Баландтарин нуқтаи олудагии ҳаво рӯзҳои ҷумъа ва шанбеи гузашта мушоҳида шуд. Рӯзҳои якшанбе мо вазъи ғуборолудии ҳаворо чен намекунем. Рӯзи душанбе шиддати ғубор каме пасттар шуд. Аммо бо ин вуҷуд дар ин рӯзҳо ғубор аз ҳадди аксари меъёр ду маротиба бештар буд.”

Елена Расулова
Елена Расулова

Хонум Расулова мегӯяд, ғубори ҳаво дар фасли тобистон ва аввали тирамоҳ бинобар кам будани боришот зиёд мешавад. Ба гуфтаи ӯ, мизони ғубори ҳаво дар шимоли Тоҷикистон - вилояти Суғд - аксар маврид мувофиқи меъёр аст, чунки қаторкӯҳи Ҳисор монеи убури “боди афғонӣ” ба ин минтақа мешавад. Ба таъкиди вай, ҳарчанд ин ғуборро мардум “боди афғонӣ” меноманд, аммо қисман он аз заминҳои хушкидаи қисмати шимоли Тоҷикистон ва ҳам дар пайи шамол ба ҳаво мехезад ва бинобар гармии ҳаво муддати зиёд фазо ғуборолуд боқӣ мемонад.

Аммо ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, сабаби аз меъёр баланд будани мизони олудагии ҳаво дар Тоҷикистон мисли дигар кишварҳо на аз ҳисоби фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, балки бино бар омилҳои табиӣ ва қисман техногенӣ ё дастхӯрда ба вуҷуд омадааст. Елена Расулова мегӯяд, афзоиши заминҳои хушкида ва кам шудани майдони сабзазор дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон боиси зуд ба ҳаво хестани чангу ғубор мешавад.

Е.Расулова: Ҳавои пойтахт олудатар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Коршиносони зистмуҳитӣ низ мегӯянд, дар натиҷаи буридани дарахтҳо ва ба маротиб кам шудани масоҳати ҷангалзор дар Тоҷикистон раванди биёнбоншавӣ шурӯъ шудааст, ки бо вазидани як боди сабук ҳам гарду чанги зиёд ба осмон мехезад ва муддати зиёд дар фазо боқӣ мемонад.

Тилло Бобозода, номзади илмҳои табиатшиносӣ ва коршиноси масоили зистмуҳитӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте шумори дарахту буттаҳо кам мешавад, алакай раванди бодхӯрдашавӣ оғоз меёбад. Дар натиҷа борон хокро шуста мебарад ва дар ҷои он дигар сабза намерӯяд ва замин хушк мешавад. Дар ин ҳол дигар як боди муқаррарӣ низ чангу ғубори зиёдро ба ҳаво мехезонад. Ҳоло ғубор то ҳадде зиёд аст, ки болои барги дарахтони кӯча пур аз чанг аст ва ҳатто раванди фотосинтез вайрон шудаасту дарахтон оксигени кам ҳосил мекунанд.”

Ҷаноби Тиллозода афзуд, ғуборолудагии беш аз ҳадди ҳаво ба саломатии мардум таъсири бад мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, хусусан вазъи саломатии онҳое, ки ба бемориҳои роҳи нафас ва дарди сар гирифторанд, бо афзун шудани ғубори ҳаво бадтар мешавад.

Айни видео дар Ютюб

Дар ҳамин ҳол, афроди калонсол ҳам аз таҷрибаи худ мегӯянд, қаблан ба ин ҳад ғуборолуд шудани ҳаво ва то дер боқӣ мондани онро дар ёд надоранд. София Юсуфова, як сокини солхӯрдаи шаҳри Душанбе мегӯяд: “Солҳои пеш ҳаво аксар вақт соф буд дар фасли тобистон. Ҳозир ҳаво вазнин аст. Хусусан ҳавои пурғубор барои мо барин нафароне, ки бемории фишори хун дорем таъсири бад мерасонад. Шавҳарам, ки ҳам бемории фишори хун дорад, бо омадани чангу ғубор саломатиаш бад мешавад ва зиёд хоб меравад.”

Бино бар иттилои бахши зистмуҳитии Созмони Миллали Муттаҳид, дар 20 соли охир дар Тоҷикистон 70 фоизи ҷангалҳо нобуд шудаанд. Гуфта мешавад, ба далели камбуди шадиди нерӯи барқ ва маҳсулоти нафтӣ умдатан сокинони рустонишини кишвар маҷбур шудаанд, барои гарм кардани манзил ва пухтани ғизо дарахтонро бибуранд. Кам шудани буттаву дарахт ва майдони алафзор дар минтақаҳои Тоҷикистон боис шудааст, ки ҳамасола ба 50 ҳазор гектар замин хатари биёбоншавӣ таҳдид мекунад. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон ба бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ камтар диққат дода, ду соли охир бештар ба тавлиди энержӣ аз роҳи сӯхтани ангишт рӯ овардааст, ки низ ба вазъи ҳаво бетаъсир намемонад.

XS
SM
MD
LG