Аммо акнун масъулини маркази ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки тамоюли афзоиши гармои ҳаво тағйир карда ва суръати обшавии пиряхҳо дубора кунд шудааст. Ба гуфтаи ҳавошиносон, то 5 дараҷа бештар аз меъёри пешбинишуда боло рафтани ҳарорати ҳаво тайи як ҳафтаи охир дар баландкӯҳҳо боиси ба суръат обшавии пиряхҳо ва боло рафтани сатҳи рӯдхонаҳо шуда буд.
Ҷамила Байдуллоева, сухангӯи Маркази миллии ҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, феълан боди «афғонӣ» вориди Тоҷикистон ва боиси пастшавии ҳарорат ва борандагӣ дар кӯҳистонҳо шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран масъулини ширкати «Барқи тоҷик» аз ҳукумати кишвар хостаанд, ҳарчи зудтар иҷозаи реҷабандии интиқоли нирӯи барқро содир кунад. Вале вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон қабл аз он гуфта буд, ки маҳдудият дар интиқоли нирӯи барқ баъд аз таърихи 9 сентябр ҷорӣ мешавад.
Аммо масъулини «Барқи тоҷик» иддао доранд, ки сатҳи об дар обанборҳо пойин рафта, имкони тавлиди нирӯи барқи кофӣ барои таъмини ниёзҳои мардум вуҷуд нахоҳад дошт. Ба гуфтаи ин масъулин, сатҳи обанбори нирӯгоҳи Норак 11 метр назар ба соли гузашта пойинтар аст ва як метр афзоиши сатҳи об кӯмаки зиёде барои ҳалли мушкил намекунад.
Сухангӯи маркази ҳавошиносӣ низ мегуяд, то поёни моҳи август дигар болоравии гармои ҳаво пешбинӣ намешавад, балки эҳтимоли пастшавии ҳарорат вуҷуд дорад. Ва дар даҳаи охири моҳи август боришот низ пешбинӣ шудааст.
Ба ин тартиб, имкони ҷорӣ шудани маҳдудият дар додани нирӯи барқ қабл аз таърихи 9 сентябр ҳамчунон боқӣ аст.