Даъватҳои ношунида. Баҳои созмонҳо ва пайомади онҳо барои Тоҷикистон чист?

Варшава. Нишасти солонаи САҲА дар соли 2019

Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар аксаран Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор медиҳанд.

Мақомот далелҳои нақзи ҳуқуқи башарро рад мекунанд, ё тавсияҳои онҳоро комилан нодида мегиранд, ки баҳонае барои зери шубҳа гузоштани мавҷудияти ин гуна созмонҳо мешавад.

Худи ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, барои ҳукуматдорон обрӯ дар сатҳи байналмилалӣ муҳим аст, аз ин рӯ танқидҳо аксаран ба эътибор гирифта мешаванд.

Иттиҳоди Аврупо бино ба натиҷагирии ҷаласаи солонаи вазирони умури хориҷии ИА – Осиёи Марказӣ, ки 17-уми ноябр таҳти раёсати намояндааш дар масоили хориҷӣ Жозеф Борред гузашт, 134 млн евро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷудо кард. Ин ёриҳо дар пасманзари буҳрони марбут ба ҳамагирии коронавирус ҷудо шудаанд.

Дар эъломияи муштарак гуфта мешавад, ки иштирокчиёни мулоқот, ки дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, ба “аҳамияти таъмини рушд” дар бахшҳои “ҳокимияти қонун, мудирияти демократӣ ва ҳамчунин ҳуқуқи инсон” бо шумули ҳуқуқҳои бунёдӣ дар бахши кор ва баробарии ҷинсӣ таъкид намуданд.

Хабари додани ёрӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дақиқан баъди ду рӯзе нашр шуд, ки дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки пуштибонии молӣ ба кишварҳои минтақаро ба ислоҳот дар бахши ҳуқуқи башар вобаста кунад. Дар изҳороти ин созмон гуфта мешуд, ки Иттиҳоди Аврупо бояд “аз абзори фишори худ кор гирад то нишон диҳад, ки агар давлатҳо ӯҳдадориҳо барои анҷоми ислоҳотро иҷро карда наметавонанд, бо пайомади сиёсӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд”.

Дар робита ба Тоҷикистон дар изҳорот аз пинҳон доштани вуҷуди коронавирус то поёни апрел дар кишвар, дар бораи талошҳои фишор ба кормандони тиббе, ки аз пайомадҳои нохуби вирус суҳбат карда буданд, дар бораи мавҷудияти 150 зиндонии сиёсӣ ва фишор ба наздикони аъзои мухолифони дар хориҷбуда гуфта шудааст.

“ИНТИҚОД ҲАСТ – ВОКУНИШ НЕСТ”

Ба ҷуз Human Rights Watch Тоҷикистон ҳамсола мавриди интиқоди ниҳодҳое чун Amnesty international (Афви Байналмилал), Freedom House (Хонаи озодӣ), Комиссари Олии ҳуқуқи башари СММ, САҲА ва ҳамчунин ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ барои нақзи пайвастаи ҳуқуқи башар, қарор мегирад. Вале, тавре норозиён мегӯянд, танқидҳо хеле маҳдуданд ва умдатан аз сӯйи мақомот нодида гирифта мешаванд.

Алим Шерзамонов, муовини созмони дар Тоҷикистон мамнуъи Паймони милли Тоҷикистон (ПМТ), чанд омилро далели ин ҳолат медонад.

“Нахуст, ин кишварҳо ҳеч гоҳе ёриҳо ва равобити дипломатии худро ба риояи ҳуқуқи башар пайванд надодаанд. Дувум ин ки набуди равобити комили иқтисодии кишварҳои ғарбӣ бо Тоҷикисон дасти ин кишварҳо ва созмонҳоро барои фишанги бештар рӯйи Душанбе кӯтоҳ кардааст”,--мегӯяд Шерзамонов.

Ба гуфтаи ӯ, барои мақомоти Тоҷикистон намуна Русияву Чин аст, ки тақозоҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои риояи ҳуқуқи башар нодида мегиранд.

Ҳануз дар соли 2017 мухолифони тоҷик дар хориҷ бо подармиёнии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи Наҳзати исломии Тоҷикистон талош доштанд, мансабдоронеро, ки аз нигоҳи онҳо ба нақзи ҳуқуқи башар рабт доранд, вориди рӯйхатҳои таҳримотии Аврупо кунанд. Худи ҳамон сол эътилофи иборат аз 23 созмони ғайридавлатӣ, аз ҷумла Freedom House, Human Rights Watch, Freedom Now, Transparency International ба Котиботи давлатӣ ва Вазорати молияи ИМА пешниҳод доданд, ки алайҳи 15 мансабдор ва тоҷири кишварҳои гуногуни ҷаҳон, ки дар нақзи ҳуқуқи инсон ва фасоди молӣ гумонбар мешаванд, мутобиқи “Санади Магнитский” таҳрим ҷорӣ кунад. Аз Тоҷикистон дар ин рӯйхати пешниҳодӣ номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зикр шуда буд. Вале таҳримҳо дар баробари мансабдорон ҷорӣ нашуданд.

Ба гуфтаи Шерзамонов, барои сиёсатмадорони аврупоӣ Тоҷикистон чандон мавриди таваҷҷуҳ нест, то онҳо рӯйи ҷаримаҳо ҷиддитар биандешанд. Ӯ мегӯяд, ки барои ин зарур аст, ки муносибати Аврупо бо минтақа ва аз ҷумла бо Тоҷикистон, ба таври решаӣ тағйир кунад.

ВОКУНИШҲО КАМ НЕСТАНД

Соли 2019 Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави худро дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул кард. Он замон дар тасмими Иттиҳоди Аврупо таъкид шуда буд, ки чаҳорчӯби равобити ИА бо минтақа марбут ба “омодагии кишварҳои ҷудогонаи Осиёи Марказӣ барои гузаронидани ислоҳот, тақвияти демкоратия, ҳуқуқи инсон, ҳокимияти қонун ва мустақилияти додгоҳӣ, ҳамчунин навсозӣ ва навъбахшии иқтисод” аст.

Стив Свердлов, ки солҳои зиёд дар Human Rights Watch ба унвони муҳаққиқ кор кардааст ва ҳоло профессори таҷрибаи ҳуқуқи башар дар Донишгоҳи Колифорниёи Ҷанубӣ мебошад, боварманд аст, ки ба даъватҳои созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар гӯш дода мешавад, вале суол ин ҷост, ки то чӣ андоза онҳо тавассути дипломатҳо ва мансабдорон ба иҷро мерасанд.

“Аз дохили матни изҳороти Иттиҳоди Аврупо пас аз ба итмом расидани мулоқот, даъватҳои умумие барои ҳимояи ҳуқуқи башар мушоҳида шуданд, тамаркуз болои ҳуқуқи занҳо буд. Вале мавзуъҳои ҳасосе чун ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, масоили шиканҷа ва ғайра матраҳ нашудаанд, ки ин ҳомиёни ҳуқуқро дилсард мекунад”,--мегӯяд коршинос.

Ӯ таъкид мекунад, ки ҳомиёни ҳуқуқ ҳамеша арзёбӣ ва таҳлили вазъро мегузаронанд, пеш аз ҳама талош мекунанд, ки мушкилро ба мақомоти дохили кишвар бирасонанд ва танҳо дар сурати нодида гирифтани тавсияҳо ба дунболи фишангҳои фишор болои мақомот тавассути ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва кишварҳои рушдкардаи ғарбӣ мешаванд.

“Мо баъзан иттилоотеро, ки ба таври ҳирфаӣ бар асоси таҳқиқот таҳия шудааст, қобили эътимод аст, кам мегирем. Дар ибтидо ба назар мерасад, ки мансабдорон ба ин гузоришҳо ба таври ошкоро вокуниш намекунанд, вале баъдан намоён мешавад, ки чӣ гуна мансабдороне, ки мустақиман ба ин сару кор доранд, ҳатман ба ин диққат медиҳанд”,-мегӯяд Свердлов.

САФИРОНИ ҶОМЕА

Ин дидгоҳро президенти анҷумани “Ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ” Надежда Атаева низ ҷонибдорӣ мекунад, ки 20 сол аст дар бахши ҳимояи ҳуқуқ кор мекунад.

“Ҳомиёни ҳуқуқ сафирони ҷомеа ҳастанд ва мақоми онҳо бар он асос ёфтааст, ки ҷомеа ва нозирони байналмилалиро ҳушдор медиҳанд, ки мақомот дар дохили кишвар ба уҳдадориҳое, ки ба дӯш гирифтаанд, чӣ бархӯрде доранд. Агар масъулият бисёр пойин аст, пас ба ин кишвар сармоягузорӣ бисёр кам мешавад ва қудратҳои бонуфузи демократӣ ба он муносибати беэътимодона хоҳанд кард. Табъан дар он ҳолат ҳамгиро кардани ин ҳукумат дар барномаҳои фоидаовар бисёр душвор хоҳад буд. Аз ин рӯ, обрӯи кишварҳо ва эътимод ба вай дар бештари маврид аз фаъолияти созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ бастагӣ хоҳад дошт”,-- шарҳ медиҳад Атаева.

Ба унвони фаъолияти бомуваффақияти ҳомиёни ҳуқуқ, Атаева аз Узбекистон мисол мезанад, ки дар он ҷо ҳамаи маҳбусони марбут ба фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз зиндон озод шуданд.

“ҲУКУМАТ БА ЧИЗЕ ТАН МЕДИҲАД, КИ ФОИДАОВАР БОШАД”

Ҳамасола Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА минбари худро барои гуфтугӯи мақомот, мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқ пешниҳод мекунад. Аз соли 2016 намояндаҳои Душанбеи расмӣ ва мухолифини онҳо дар ин минбар баҳсҳои тезу тунду эҳсосие баргузор мекунанд. Ҳамон сол намояндаҳои Душанбе расмӣ бо нишони эътироз аз ҳузури мухолифини сиёсии табъидӣ дар конфронс, толори ҷаласаро тарк карданд. Бо гузашти як сол баъди он мақоми САҲА дар Тоҷикистон пойин оварда шуд.

Мақомоти Тоҷикистон аз он норизо буданд, ки онҳо бо мухолифинашон дар як толор ҷой гирифтанд. Тоҷикистон он замон САҲА-ро бо ин гунаҳкор кард, ки минбари худро дар ихтиёри террористҳо мегузорад. Худи САҲА бар ин бовар аст, ки ҷаласаҳои Варшава майдони муҳиме барои намояндаҳои ҳамаи доираҳои сиёсӣ, сарфи назар аз мақоми онҳо аст.

Муовини пешини мудири Маркази тадққиқоти старатегии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров мегӯяд, ки кишвар мувофиқи Қонуни Асосии худ демократӣ аст ва ҳукумат ба танқидҳое, ки мешавад, гӯш медиҳад.

“Интиқоде, ки сабаби рушди демократия ва татбиқи ҳуқуқи башар мешавад, комилан пазируфта мешавад. Вале баъзан чизҳое садо медиҳад, ки аслан қобили таваҷҷуҳ нестанд. Барои мисол, мо мебинем, ки чӣ гуна дар ИМА ҳуқуқи сиёҳпӯстон, дар Аврупо ҳуқуқи мусалмонон нақз мешавад ва ин кишварҳо тарзе бархӯрд мекунанд, ки зарур мешуморанд”,--мегӯяд Сафаров.

Мувофиқи раддабандии Созмони мустақили байналмилалии Freedom House Тоҷикистон дар соли 2020 кишвари “ноозод” хонда шуд ва шомили рӯйхати 10 кишваре гардид, ки бадтарин вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои шаҳрвандонро доранд.