Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Legatum Institute: Тоҷикистон "шукуфотар шудааст". Коршинос: "Воқеият дигар аст"


Яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Яке аз хиёбонҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Legatum Institute дар Лондон гуфтааст, Тоҷикистон дар 10 соли охир шукуфотар шудааст. Коршиносон мегӯянд, гузоришҳои баъзе аз пажӯҳишгоҳҳои байналмилалӣ бар пояи оморӣ расмӣ таҳия шуда, бозгӯи воқеият нестанд.

Дар раддабандии нави "Шохиси шукофоии Legatum" дар ҷаҳон, ки 16-уми ноябр нашр шуд, пажӯҳишгоҳ Тоҷикистонро дар ҷойи 112-ум қарор додааст, ки нисбат ба даҳ соли пеш ҳашт зина болотар аст. Дар ҷадвал 180 кишвар дохил шудаанд.

Коршинсони мустақил мегӯянд, ин гуна раддабандии созмонҳои байналмилалӣ бар асоси омори расмӣ, ки мақомоти Тоҷикистон нашр мекунанд, таҳия мешаванд ва аз ин рӯ воқеияти кишварро баён намекунанд.

Фредерика Арровсвитз, масъули бахши робита бо расонаҳо дар Legatum Institute, 16-уми ноябр дар як тамоси хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, раддабандӣ бар асоси 12 нишондод таҳия шудааст ва муҳаққиқон мизони шукуфоӣ ва ё пешрафти кишварҳоро баҳогузорӣ кардаанд.

Пажуҳишгарони марказ аз рӯйи ин нишондодҳо шукуфоии ҷомеаҳоро дар даҳсолаи охир баҳогузорӣ карданд:

  • бехатарӣ ва амният,
  • озодии шахсӣ,
  • ҳукуматдорӣ,
  • сармояи иҷтимоӣ,
  • фазои сармоягузорӣ,
  • шароити соҳибкорӣ,
  • дастрасӣ ба бозор ва зербиноҳо,
  • иқтисод,
  • шароити зист,
  • тандурустӣ,
  • маориф ва муҳити атроф.

Беш аз ҳама, ба навиштаи муаллифон, Тоҷикистон аз нигоҳи рушди "Сармояи инсонӣ" пешрафт кардааст. Муаллифон дар шарҳ навиштаанд, рушди сармояи инсонӣ дар заминаи густариши "Муносибатҳои шахсӣ ва хонаводагӣ" дар Тоҷикистон ба даст омадааст.

Ба ибораи дигар, риштаҳои қавии хонаводагӣ ва хешутаборӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки таърихан назар ба ҷомеаҳои дигар хеле қавиву зич аст, боис ба рушд шудааст. Манзур аз навиштаи муаллифон, ёрии бародару хоҳарон аз як хонавода ба ҳамдигар аст, ки то ҳадде шиддати фақру нодориро кам мекунад.

Аммо аз рӯйи ду нишондод аз ин ҷадвал Тоҷикистон на танҳо пешрафте даст наёфта, балки рукуд кардааст. Ба хулосаи пажӯҳишгарон, дар ду нукта – амният ва озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоъ дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯ ба танназул ниҳодааст. Мавқеи кишвар аз рӯи банди "терроризм", ки марбут ба амният аст, 47 зина ва аз рӯи "Озодии баён ва дастрасӣ ба маълумот" 13 зина назар ба даҳсолаи қабл поин рафтааст.

Тоҷикистон солҳои охир бинобар саркӯби озодии баён ва фишор болои журналистон мавриди танқиди созмонҳои ҳомии озодии баён қарор дорад. Дар "Шохиси озодии баён" дар кишварҳои ҷаҳон, ки созмони Гузоришгарони бидуни марз ҳар сол нашр мекунад, дар миёни 180 кишвар имсол дар мақоми 161-ум қарор дорад.

Аммо аз рӯи дигар нишондиҳандаҳо, аз ҷумла суботи макроиқтисодӣ ва шароити пешбурди соҳибкорӣ ба арзёбии Legatum Institute Тоҷикистон дар даҳсолаи охир пешрафт кардааст.

Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷик, ки мавзуъҳои иқтисодиро зиёд бозтоб додааст, мегӯяд, созмонҳои байналмилалӣ бар пояи омор ва маълумоте, ки ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод мекунанд, ба Тоҷикистон баҳо медиҳанд.

Ӯ гуфт: "Бинобар омори расмӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар ҳавзаи ИДМ аз ҳама пеш аст. Ба гузориши давлат мизони фақр аз 60 дарсади пешина то 30 дарсад поин омадааст. Яъне, ин созмонҳо бар асоси ҳамин гуна гузоришҳои расмӣ вазъи ҷомеаи Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунанд ва ин гуна раддабандиҳо тартиб дода мешавад."

Мирсаидов мегӯяд, ҳарчанд омори расмӣ дар бораи рушди иқтисод ва мизони фақр дар кишвар боварбахш нестанд, вале давлат ягона ҷамъоваранда ва пешкашкунадаи чунин маълумот аст ва созмонҳо ба он такя мекунанд. Ба ин монанд, чанд рӯз пеш созмони дигаре бар асоси назарсанҷӣ Тоҷикистонро ба қатори кишварҳои амни ҷаҳон ворид кард.

"Барои ман ин натиҷаҳо хандаовар аст. Мушкил дар он аст, ки мардум дар Тоҷикистон кам ба хориҷа сафар мекунанд ва намедонанд амнияти воқеӣ чӣ гуна аст? Масалан, ду сол боз ба ҳашт кишвари аврупоӣ сафар кардам. Боре ҳам пулис аз ман ҳуҷҷат напурсид. Дар Тоҷикистон ва Русия, ки тоҷикон зиёд он ҷо сафар мекунанд, аслан ин ҳолатро тасаввур кардан душвор аст", -- иброз дошт Мирсаидов.

Мусоҳиби мо афзуд, инкор намекунад, ки сатҳи зиндагӣ дар даҳсолаи охир дар Тоҷикистон беҳтар мешавад, аммо "суръати рушди кишвар хеле суст аст".

"Агар ҳукумат дар Тоҷикистон хуб амал кунад ва мисли ҳозир то ба гардан дар коррупсия нағӯтида бошад, кишвар бо суръати хеле тезтар метавонад рушд кунад", -- хулоса кард ӯ.

Тоҷикистон дар шохис ё индекси созмони байналмилалии Transperency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар миёни 180 кишвар дар ҷойи 150-ум аст. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон аз 30 кишвари фасодзадаи дунё эътироф мешавад. Вале ҳукумат аз рушди иқтисод мегӯяд, ҳарчанд эътироф мекунад, ки ҳангоми ҳамагири коронавирус зиён ба иқтисоди кишвар танҳо имсол 2 миллиард долларро ташкил диҳад.

XS
SM
MD
LG