Рӯзи 24-уми октябр ба таъсиси Созмони Милали Муттаҳид 75 сол пур шуд. Ҳоло ҳудуди 200 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон узви созмон ҳастанд.
Фаъолияти СММ дар Тоҷикистон аз солҳои ҷанги дохилӣ дар даҳаи 1990 шуруъ шуда, коршиносон нақши онро барои ба даст овардани сулҳ муҳим медонанд.
Ин созмон дар канори кишварҳои дӯст кафили сулҳи тоҷикон дониста мешавад, аммо солҳои ахир бо тағйир ёфтани фазои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон, ба қавли коршиносон, таваққуъ ё интизориҳо аз созмон дар ҷомеаи кишвар дигар мешавад.
Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, талошҳои сохторҳои СММ барои рушди бахшҳои гуногуни ҷомеаи кишвар эҳсос мешавад. Созмони Милал ва Тоҷикистон барномаи рушди ҳамкорӣ то соли 2020-ро имзо карда буданд, ки рушди баланди иқтисодӣ ва иҷтимоиро пешбинӣ мекард.
Таъкид мешавад, Барномаи рушди иқтисодии СММ дар тақвияти зарфият ва дороиҳои кишвар ва тавсеаи имкониятҳояш нақши муҳим иҷро мекунад. Иҷрои вазифаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишвар ҷузъи дигари муҳими ин тавофуқот будааст.
"БА СОЗИШИ СУЛҲ КУМАК КАРД, ГУРЕЗАҲОРО ОВАРД"
Сайфулло Сафаров, таҳлилгари тоҷик ва қаблан муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар раванди даст ёфтан ба сулҳи тоҷикон нақши намоён дошт.
Ӯ мегӯяд, ҳамаи марҳилаҳои мулоқоти сулҳи ҷонибҳои даргири ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо мусоидати СММ баргузор шудааст: “Ҳатто баъд аз имзои Созишномаи сулҳ ин созмон мусоидат кард, ки садҳо ҳазор гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон ва кишварҳои дигари ҳамсоя ба ватан баргарданд. Барномаҳои ин созмон ёрӣ карданд, ки манзили вайроншудаи гурезаҳо барқарор шуда, онҳо тавонанд дар ватан ба коре машғул шаванд. Ҳамчунин кумакпулиҳо ба ин гурезаҳои баргаштаро СММ пардохт мекард."
Бо ин ки СММ дар расидан ба сулҳи тоҷикон нақши бориз доштааст, қимати ҷангро кормандони он пардохт кардаанд: Охири солҳои 90-ум чанд коргари ин ниҳод дар Тоҷикистон бо дасти силоҳбадастон ба гарав гирифта шуда, оқибат ба қатл расиданд.
"КОРИ СММ ҲЕЧ ГОҲ ОСОН НАБУД"
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик, ки тӯли солҳо дар дафтари намояндагии СММ дар Тоҷикистон ифои вазифа кардааст, нақши ин ташаккул дар сулҳ ва барқароршавии баъд аз ҷангро дар кишвар хеле муҳим донист.
Вале кори он, ба қавли ин сиёсатшинос, ҳеч гоҳ осон набуд, "бахусус дар солҳои охири шиддат гирифтани манфиатҳои сиёсии қудратҳо, дар сафи СММ набудани ваҳдати назар дар масоили муҳими байналмилалӣ ҳар чи бештар эҳсос мешавад."
"Чунин вазъият дар сиёсати намояндагиҳояш дар кишварҳои гуногун ҳам таъсиргузор мешавад. Аслан, дар СММ бюрократиҳои 200 кишвари ҷаҳон ба ҳам омадаанд ва иҷрои муассири вазифаҳо душвор шудааст. Вале, бояд таъкид кунам, ки СММ ба мисли намояндагиҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мавриди фишори кишварҳои худкома қарор нагирифтааст", -- афзуд ӯ.
"СОЗМОНИ ИДЕОЛОГӢ НЕСТ"
Рашид Ғанӣ Абдулло гуфт, СММ ба монанди баъзе дигар аз созмонҳои байналмилалӣ "идеологӣ" нест ва аз ҳамин назар ҳам аксар кишварҳои ҷаҳон узви он ҳастанду дар масоили сахту сангин ба умеди дахолати ин созмон мебошанд. Як ҳадафи муҳими созмон роҳ надодан ба ҷангу низоъ дар ҷаҳон ва ҳам ба сулҳ водор кардани гурӯҳҳои даргир мебошад.
Вале, ба андешаи коршиносони дигар, СММ, ки ҳанӯз 20-25 сол ба унвони як ниҳоди муҳими сиёсиву байналмилалӣ дар масоили зиёди марбут ба поймолшавии ҳуқуқи инсон ва ё саркӯби матбуоту дигарандешон ҳарфи муҳим ва гоҳе ниҳоиро мезад, ҳоло ин рисолаташро гуё аз даст додааст.
Бисёр даъвату пешниҳод ва машваратҳои ин созмон дар масоили ба истилоҳ ҳассос берун аз чашми ҷомеа тавассути каналҳои дипломатӣ карда мешавад, аз ин рӯ, ҷомеа ва матбуот аз нақши ин созмон ба унвони як муборизи ҳуқуқи башар бехабар мемонад.
ЧИН – РОҲИ ГУРЕЗИ ТОҶИКИСТОН АЗ ФИШОРҲОИ СММ?
Абдумалик Қодиров, коршиноси мустақили тоҷик, ба ин назар аст, ки баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон «роҳи фишор ба фаъолияти намояндагиҳои СММ»-ро низ пайдо кардаанд.
Ба бовари ӯ, агар дар гузашта мақомоти Тоҷикистон ба ёриҳои моддии СММ ва қарзҳои Бонки Ҷаҳониву Бонки Осиёии Рушд сахт ниёз доштанд, ҳоло ин мушкил қисман аз сӯйи Чин ҳалли худро пайдо кардааст.
“Чин бе шарт ва бо фоизҳои паст ё аслан бефоиз қарз медиҳад ва ҳамакнун мақомоти тоҷик дар назди СММ забонкӯтоҳ нестанд. Зеро, дар сурати иҷро нашудани талабҳояш, пулро аз Чин дарёфт мекунанд. Ба ин далел, ҳоло намояндаҳои барномаҳои мухталифи СММ дар Тоҷикистон ба гунаи таъйини сафирҳо нахуст бо мақомоти тоҷик баррасӣ мешавад. Агар номзаде ба мақомоти тоҷик хуш омад, вай метавонад дар Душанбе кор кунад, агар не, бояд ба кишвари дигаре фиристода шавад. Худи кормандони СММ низ инсон ҳастанд ва барояшон болоравии карйера ва маоши хуб хеле муҳим аст”, -- шарҳ дод коршинос.
СММ ВА СОХТОРҲОЯШ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ КОР МЕКУНАНД?
Рӯзи 24-уми октябр талоши Радиои Озодӣ барои гирифтани назари масъулини дафтари Барномаи рушди СММ (UNDP) дар Душанбе бенатиҷа анҷомид.
Қаблан Пратибҳа Меҳта, раҳбари намояндаи доимии ин созмон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, кумак дар пешрафти соҳаи соҳибкорӣ ва муқобила бо пайомадҳои тағйироти иқлим ду бахши авлавиятноки кори онҳо дар Тоҷикистон мебошанд.
Дар мусоҳибаи соли пешаш хонум Меҳта гуфт, агар дар давоми 16 соли аввали кораш СММ дар Тоҷикистон тавонист барои истиқрори сулҳ ва тақвияти низоми маорифу мубориза бо фақр ба натиҷаҳое даст ёбад, ҳоло корҳо дар самти рушди дарозмуддати кишвар пеш бурда мешавад: "Баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ мизони бенавоӣ 80 дарсадро ташкил медод ва ҳоло он то сатҳи 30 дарсад поин оварда шудааст. Дар ин кор нақши UNDP хеле муҳим аст."
Айни замон иқрор кард, ки бисёре аз корҳо дар ин самт ҳанӯз пурра иҷро нашудааст, чун, ба гуфтааш, бояд "дар самти эҷоди ҷойҳои корӣ, беҳбуди сифати хадамот, мисли маорифу тиб, оби ошомиданӣ ва, инчунин, тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ" кор идома пайдо кунад.
СММ ҳоло бо 15 идорааш дар Тоҷикистон дар масоили кӯдакон, нуфусшуморӣ, занон, ғизо, паноҳандагон ва тандурустӣ сарукор мегирад.
Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳалли масоили кӯдакону хушунати занон ҳам хеле муҳим аст ва набояд сарфи назар шавад, вале ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар саҳми ин созмон дар масоиле ба монанди поймолшавии ҳуқуқи инсон, мубориза бо маҳдудшавии озодиҳои сиёсиву баён хеле муҳим аст.
Ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, дар солҳои баъд аз хатми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мақомоти тоҷик ба ҳар як вокуниши Созмони Милал дар кишвар таваҷҷуҳи хос медод. Аммо ҳоло мушоҳида мешавад, ки ҳам чунин вокунишҳо нестанд ва ҳам мақомот аз таҷрибаи пайдокардаи худ нисбат ба вокунишҳои САҲА ба онҳо аҳамияте ҳам намедиҳад.