Бунёди авросиёии рушд барои мубориза бо оқибатҳои бемории COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар қарзи боимтиёз ҷудо кард. Дар изҳороти созмон аз 3-уми август гуфта мешавад, ки Шӯрои роҳбарон чунин қарор қабул кард.
Гуфта мешавад ин маблағ барои иҷрои барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон барои муқобила бо оқибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявии кишвар ихтисос дода шудааст.
Қарз ба муҳлати 20 сол ба Тоҷикистон дода шудааст ва муҳлати имтиёзноки он 10 сол мебошад. Пас аз ин муҳлат кишвар барои бозгардони ин қарз шурӯъ мекунад. Баҳраи солонаи қарз 1 фоиз дар сол муайян шудааст.
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, то кунун аз созмонҳои байналмилалӣ барои мубориза бо COVID-19 ва оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии он 260 миллион доллар ҷалб кардаанд.
Ба ҳисоби мақомот Тоҷикистон барои рафъи таъсири манфии ношӣ аз COVID-19 дар умум ба 650 миллион доллар ниёз дорад.