Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Тоҷикистон сабаби буҳрон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо шуд


Ҳамоиши САҲА дар Лаҳистон, 19 сентябри соли 2019
Ҳамоиши САҲА дар Лаҳистон, 19 сентябри соли 2019

Тоҷикистон нагузошт, ки ду мақомдори аршади Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) барои даври дувум дар вазифаашон монанд. Онҳо аз касоне буданд, ки ба таври доимӣ Душанберо барои нақзи озодии баён ва муқаррароти интихобот таниқд мекарданд. Номзадии онҳо ногаҳон, баъди рад ё ветои Тоҷикистон, бекор шуд. Он ҳамчунин сабаб гашт, ки САҲА куллан вориди як буҳрони бузург гардад.

Давраи кори Ингибёрг Солрун Гисладоттир дар мақоми раиси Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар (БНДҲБ) ва Ҳарлем Дезир — намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот рӯзи 19 июл ба поён расид. Онҳо барои дар муҳлати дуюми сесола пешбарӣ шуданд, вале дар ҳарду ҳолат ҳайати Душанбе дар САҲА монеи таъини такрории онҳо шуд. Ҳардуи онҳо ҳадафи норизоияти ҳукумати Тоҷикистон қарор доштанд.

БНДҲБ ва намояндаи САҲА дар масоили озодии матбуот иҷрои ӯҳдадориҳои САҲА аз ҷониби 57 кишвари узви созмонро назорат мекунанд ва Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки мавриди интиқоди ин ҳарду бахш буд. Аммо дар монегузорӣ ба ботаъйини ин мансабдорон танҳо набуд, балки бо Туркия ва Озарбойҷон ҳамроҳӣ кард.

«Террористонро роҳ доданд»

Тоҷикистон дар мухолифат ба тамдиди муҳлати раҳбарии Гисладоттир аз Туркия пайравӣ кард. Ин ду кишвар дар нотаҳои дипломатии худ навиштанд, ки БНДҲБ «сабтиноми намояндагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ва афродеро, ки амалҳои террористӣ анҷом додаанд», барои ширкат дар ҷасалаҳои САҲА оид ба арзёбиҳои инсонӣ иҷоза дод.

Масалан, ҳайати ҳукумати Туркия соли 2017 ҷаласаи Вашаваро ба он хотир тарк кард, ки дар он намояндагони Бунёди журналистону нависандагони Ню-Йорк иштирок мекарданд. Мақомоти Туркия ин созмонро «террористӣ» ва марбут ба ҷараёни Фатҳулло Гюлен, як мухолифи ҳукумати президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон меноманд. Соли 2018 бо айни ҳамин сабаб Туркия ҷаласаи солонаро бойкот кард. Мақомот Гюленро дар талоши табаддулоти соли 2016 гунаҳкгор мекунанд, вале худи ӯ ин иттиҳомро беасос хондааст.

Бисёр созмонҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ ва ҳукуматҳои ҷудогона Туркияро ба он айбдор карданд, ки бо баҳонаи талоши табаддулот дар кишвар саркӯбҳои сартосарӣ ва таъқиби мунаққидони сиёсиро роҳандозӣ намуд ва даҳҳо ҳазор нафар аз мақом барканор карда ё пушти панҷара афканда шуданд.

Соли 2016 ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ҳам ҷаласаи Варшава оид ба арзёбиҳои инсониро ба нишони эътироз аз ширкати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ тарк кард.Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро дар кӯшиши табаддулоти давлатии сентябри соли 2015 гунаҳгор кард, вале ҳеҷ далели барои ҷомеаи ҷаҳонӣ қобили эътибор дар ин замина пешниҳод нашуд.

Мақомоти тоҷик кӯшиши табаддулотро ҳамчун баҳона барои «ифротгарову террористӣ» номидани ҲНИТ истифода карданд, дар ҳоле, ки ин созмон дуюмин ҳизби сиёсии пуртарафдор дар Тоҷикистон буд. Даҳҳо фаъолону аъзои ин ҳизб баъдан пушти панҷара рафтанд.

Мақомоти тоҷик ҳамоно ҲНИТ-ро дар он муттаҳам мекунанд, ки гӯё бо созмонҳои террористӣ дар тамос аст, вале ин ниҳод рад мекунад ва худро бахше аз равандҳои сиёсии осоишта дар кишвар медонад.

ҲНИТ аз соли 2000 дар ҳама интихоботҳои палумонӣ тавонист аъзояшро дар маҷлис ҷой диҳад, вале соли 2015 ҳеҷ курсие ба даст наовард. Он замон БНДҲБ гуфт, ки дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ «матбуоти давлатӣ дар пӯшиши масоили сиёсӣ тавозуни назарҳоро риоя накард ва дар бораи ҲНИТ иттилои зиёди манфӣ нашр намуд». Рӯзи интихоботро «дар 21 дарсади нуқтаҳои раъйдиҳии мавриди назорати САҲА баҳои манфӣ доданд; аксари онҳо ба мушкилоти усулӣ дар интихобот» таъкид карданд ва «дар заминаи нақзи муқаррарот аз ҷониби афроди масъул шикоят зиёд буд». Дар гузориши натиҷагирии интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар соли 2020, ки аввалин бор бидуни ширкати ҲНИТ гузашт, омадааст: «нақзи доимии ҳуқуқи асосии сиёсиву озодиҳо барои баҳсҳои гуногунмавқеи сиёсӣ ҷой нагузошт ва мухолифони воқеӣ аз фазои сиёсӣ ронда шуданд».

Интиқоди аз ҳад беш

Бино ба хабарҳо, Озарбойҷон, ки зидди номзадии Дезир баромад кардааст, ба «интиқоди аз ҳад беш дар заминаи озодии баён дар Озарбойҷон» таъкид намуд. Зоҳиран, Тоҷикистон ҳам айни чунин сабабҳоро баҳона овардааст.

Ин дар ҳоле буд, ки чанде пеш аз ин Дезир дар як изҳороташ тавассути Twitter бархӯрди Тоҷикистонро ба матбуоти мустақил дар робита бо масдуд шудани сомонаи хабарии «Ахбор» танқид кард. Чанд ҳафта пеш Дезир ҳамла ба хабарнигори оҷонсии мустақили«Азия-Плюс» Абдулло Ғурбатиро интиқод карда, аз мақомоти тоҷик хост, ки ҳамлагарон пайдо ва муҷозот шаванд.

Дар муроҷиати 28 созмони ҳомии озодии баён дар робита бо масдуд шудани номзадии Дезир аз ҷониби Озарбойҷон ва Тоҷикистон гуфта мешавад: “мо зарурати мувофиқати ҳамаи кишварҳои узви САҲА дар заминаи тамдиди салоҳиятҳоро дар овоздиҳӣ эҳтиром мекунем”. Айни замон, “мо дарк мекунем, ки “амалҳои Озарбойҷону Тоҷикистон талошест барои заъиф кардани вазифаи калидии онҳо дар заминаи назорати” иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо. Дар изҳороти созмонҳо омадааст, ки “пандемияи COVID-19 аҳаммияти таъмини озодиҳои матбуотро бештар аз ҳар чизи дигар ба намоиш гузошт”.

Дар як матлаб таъкид шуд, ки таъини дубораи Дезир мавриди мухолифати ду кишваре шуд, ки “дар бахши озодии матбуот нишондодҳои бадтарин дар дунёро доранд”.

Бо айни чунин вокуниш Девид Кайе, гузоришгари вижаи СММ дар умури озодии баён, коршиноси фаронсавӣ оид ба ҳуқуқи башар ва гузоришгари вижа оид ба эъдомҳои худсарона Анйес Калламар ва масъули “Гузоришгарони бидуни марз” Ребекка Винсент изҳорот нашр карданд. Дар матлаби дигар гуфта шуд, ки “пешгирӣ аз номзадии Дезир ин суолро эҷод мекунад, ки то куҷо кишварҳое бо нишондодҳои бад дар заминаи ҳимоят аз журналистон ва матбуоти озод бояд аз чунин ҳақ дар ҷаласаҳои байналмилалӣ бархӯрдор бошанд?”

Моҳи ноябри соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва ҳоло суоли асосӣ ин аст, ки то куҷо президенти дарозумр Эмомалӣ Раҳмон омода мешавад, бори панҷум ба интихобот равад ва ё мақомашро дар ихтиёри писараш Рустами Эмомалӣ вогузор мекунад?

Мусаллам аст, ки БНДҲБ ва дафтари озодиҳои матбуоти САҲА ба ин маърака дидгоҳи интиқодӣ хоҳанд дошт, вале ҳоло бояд марҳилаи пешбарии номзадҳо ба мақомҳои холишуда шурӯъ шавад ва маълум нест, ки кай ба итмом мерасад.

Тоҷикистон бурд ё бохт?

Вазъ аз он назар печидатар мешавад, ки номзадии Гисладоттир ва Дезир бахше аз як «бастаи сиёсиест, ки се сол пеш таҳти раҳбарии Австрия дар САҲА қабул шуд” ва “иқдомҳои Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Туркия боиси он гашт, ки дигар кишварҳо, аз ҷумла, Фаронса, Канада, Норвегия, Исландия ва Арманистон дар ҷаласаи сафирони САҲА дар Вена рӯзи 10 июл мухолифи тамдиди салоҳиятҳои дабири кулли САҲА (Тимас Гремингер) ва комиссари олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ (Ламберто Зане) шуданд”.

Ба ин тартиб, чор вазифаи баландмартабае дар сохтори САҲА вуҷуд дорад, ки барои тасдиқи онҳо раъйи орои ҳамаи 57 кишвари узви созмон тақозо мешавад. Тоҷикистон дар ветои тамдиди мӯҳлати мақомдорони САҲА муваффақ шуд, вале интиқоми Тоҷикистон аз сохторҳои САҲА, ки ҳукуматро интиқод мекарданд, ба эҳтимоли зиёд натиҷаҳои хуб нахоҳад дошт.

Раҳбарони нави Бюрои ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва дафтари озодии матбуот ҳам вазифадор мешаванд, ҳама қонуншиканиҳоеро, ки мақомоти тоҷик ба он роҳ медиҳанд, ишора бикунанд. То кунун ҳеҷ нишонае аз он ки вазъ дар ин бахшҳо рӯ ба беҳбуд аст, ба назар намерасад.

Дар ояндаи начандон дур, вақте Тоҷикистон дар талоши раҳоӣ аз пайомадҳои иқтисодии пандемияи коронавирус рӯ ба ёриву пуштибонӣ меорад, шумори онҳое, ки Тоҷикистон метавонад дар дарёфти ёрӣ ба умедашон шавад, то рафт камтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG