Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон аз ҳукумат хостааст, ки нархи шиносномаҳои хориҷӣ (биометрӣ)-ро ба таври қобили мулоҳиза поин биорад.
- Феълан арзиши шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 100 доллари амрикоӣ ва дар миёни кишварҳои минтақа болотарин аст. Барои мисол, дар Узбекистон нархи шиносномаи ягонаи ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ баробари 70 сомонӣ ваё наздик ба 10 доллари амрикоист
Дар ин сурат, мушкили асосии сафари на танҳо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ба Узбекистон, балки бештари сокинони Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд
Чаро ин масъала пеш омад?
Ба бовари таҳлилгарони Маркази тадқиқоти стратегӣ, дар пайи беҳбуди равобит бо Узбекистон, зарурати бештари истифодаи шиносномаҳои хориҷиро сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон эҳсос кардаанд. Вале гаронии нархи ин санад монеи сафари онҳо ба кишвари ҳамсоя мешавад.
Ин мавзӯъ ва ҳам дурнамои робитаҳои миёни Тоҷикистону Узбекистон рӯзи 5-уми октябр дар нахустин нишасти коршиносони марказҳои стратегии ду кишвар дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Талабгорони шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон афзудааст. САДОМасъулони Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, ки ахиран дар миёни сокинони минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон бо Узбекистон назарпурсие анҷом додаанд. Тибқи натиҷаҳои ин назарсанҷӣ тақрибан ҳамаи пурсидашудаҳо аз беҳбуди робитаҳои ду кишвар истиқбол карда, хостори тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар шудаанд.
Сайфулло Сафаров, муовини аввали раҳбари Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон гуфт, ҳоло фурсате расидааст, ки ду пажӯҳишгоҳ дар қаламрави якдигар назарсанҷии муштаракеро дар ин замина анҷом диҳанд. Сафаров гуфт, бар пояи андешаи сокинони минтақаҳои наздимарзӣ, дар шароити болоравии эҳсоси қаноати мардум аз беҳбуди робитаҳои ду кишвар, як қишри шаҳрвандон дар ин миён норозӣ мебошанд.
Мушкили на танҳо сокинони наздимарзӣ
"Зеро то замони беҳбуди робитаҳо онҳо аз ҳаққи убури марзи муштарак бо шиносномаи дохилӣ бархӯрдор буданд. Баъд аз содда кардани шароити убур аз марз ҳамакнун онҳо бояд шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд. Ин амр дар зиндагии садҳо ҳазор сокини минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистон бо Узбекистон мушкил эҷод кард. Ба ин далел, мо расман аз ҳукумати Тоҷикистон хостем, ки арзиши шиносномаи хориҷиро ба таври қобили мулоҳиза поин биорад. Дар ин сурат, мушкили асосии сафари на танҳо сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ба Узбекистон, балки бештари сокинони Тоҷикистон ҳал хоҳад шуд”, - шарҳ дод ӯ.
Сайфулло Сафаров афзуд, таҷрибаи роҳандозии сафарҳои бидуни виза дар мӯҳлати 30 шабонарӯз нишон медиҳад, ки имкони комилан аз байн бурдани муқаррароти раводид ё виза миёни ду кишвар фаро расидааст. Вай аз ҳамтоёни узбеки худ дархост кард, ки дар гузоришҳояшон ба мақомоти Тошканд ин нуктаро бештар таъкид кунанд.
Стратеги рақами 1-и Узбекистон чӣ гуфт?
Баҳром Сотиболдиев, раиси бахши Маркази тадқиқоти стратегӣ ва байниниминтақавии Узбекистон дар суханрониаш аз эҳёи дубораи робитаҳои дӯстонаи ду кишвар ситоиш кард ва гуфт, ки ҳамакнун дӯстии Тоҷикистону Узбекистон ба як амри муҳим дар иқтисоди минтақа табдил шудааст. Ба иттилои ин пажӯҳишгари узбек, ҳоло дар Тоҷикистон 35 ширкат бо сармояи Узбекистон фаъол аст ва дар Узбекистон 9 ширкат бо сармояи тоҷирони тоҷик кор мекунанд.
Ӯ афзуд, “агар дар марҳилаи аввали барқарор шудани робитаҳо миёни Тоҷикистону Узбекистон асосан корхонаҳои давлатӣ ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон алоқаманд буданд, ҳоло теъдоди зиёди бозаргонҳои узбек мехоҳанд дар иқтисоди Тоҷикистон саҳм дошта бошанд”.
Ҳамкориҳои хуби ду кишвар баъди сари президент Ислом Каримов ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон имконпазир шуд. Дар ҷараёни сафари ахири президенти Тоҷикистон ба Узбекистон ин ду кишвар шартномаи шарикии стратегиро имзо карданд.
"Поккории минаҳо дар марз шуруъ шуд"
Дар шаш моҳи аввали имсол Тоҷикистону Узбекистон ба маблағи 117 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар бештар будааст. Тоҷикистон ба Узбекистон ба маблағи 66 миллион доллар маҳсулот содирот карда, аз ин кишвар ба маблағи 51 миллион доллар коло ворид намудааст.
Нахустин сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзи 9-уми марти имсол сурат гирифт. Он замон миёни ду кишвар 27 созишнома имзо шуд, ки шароити бидуни виза сафар кардани шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар то сӣ рӯз яке аз онҳост.
Бо ин ҳол, гуфта мешавад, ҳанӯз чанд мушкил миёни Тоҷикистону Узбекистон боқӣ мондааст. Поккории минтақаҳои минакоришуда ва таъйину аломатгузории марз аз ҷумлаи онҳост. Вале ба иттилои Худойбердӣ Холиқназар, мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ахиран корҳои минрӯбӣ дар марзи ду кишвар оғоз шуда, Тошканд ва Душанбе қарор гузоштаанд мафҳуми мина аз зеҳни сокинони наздимарзӣ комилан рӯфта бишавад.