Як масъули Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон бо иттиҳоми додани шиноснома ба як шаҳрванди хориҷӣ боздошт шудааст.
Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дуздии маблағҳои давлатӣ, муттаҳам аст. Дар гузашта мақомот ӯро барои даст доштан дар куштор ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ низ муттаҳам карда буданд.
Расонаҳои Қирғизистон рӯзи 20-уми июн бо такя ба манобеи Вазорати корҳои дохилии он кишвар навиштанд, ки аз ин шиноснома раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз тоҷирони сарватманд Низомхон Ҷӯраев истифода кардааст. Ҷӯраев соли 2014, дар ҳоле ки таҳти назорат буд ва бояд ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳозир мешуд, “ғайб зад”.
"Парванда боз шуд, таҳқиқ идома дорад"
Ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, масъули Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод соли 2014 шиносномаи намунаи соли 2004-ро барои як шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон додааст. Ба қавли онҳо, баъдан ин шиноснома аз тарафи шаҳрванди Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев (соли таваллудаш 1967), ки дар кишвар барои содир кардани ҷиноятҳои сангин дар пайгард қарор дорад, истифода шудааст.
Ба навиштаи расонаҳои қирғизӣ, дар ҳоли ҳозир мақомоти Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар робита ба ин қазия тибқи моддаи 350-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (тақаллуб, сохтакорӣ, фурӯш ё истифода аз санадҳои ҷаълӣ ва мӯҳр) парванда боз кардааст. Додситонии кулли Қирғизистон ҳам дар ин робита парванда боз карда ва ба таҳқиқот оғоз намудааст.
Низомхон Ҷӯраев чӣ гуна "ғайб" зад?
Рӯзи 18-уми июн дар пайи амалиёти таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯии мақомоти Вазорати умури дохилии Қирғизистон сармутахассиси Департаменти сабти аҳволи шаҳрвандии ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод А.А боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир боздоштшуда ба Бишкек интиқол ёфта ва таҳқиқот идома дорад.
Низомхон Ҷӯраев, раиси пешини корхонаи кимиёи Исфара ва яке аз тоҷирони сарватманд, ки тақрибан 4 соли пеш ба таври мармуз аз Тоҷикистон “ғайб” зад, аввали имсол дар Украина пайдо шуд. Ин тоҷири тоҷикро аввали моҳи январ дар ноҳияи Борисполи вилояти Киев дастгир кардаанд. Аммо рӯзи 13-уми январ Додгоҳи ноҳияи Борисполи вилояти Киев қарори боздошти Низомхон Ҷӯраевро рад кард ва ӯро раҳо намуд.
Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дуздии маблағҳои давлатӣ, муттаҳам аст. Дар гузашта мақомот ӯро барои даст доштан дар куштор ва таъсиси гуруҳи мусаллаҳ низ муттаҳам карда буданд. Низомхон Ҷӯраев тобистони соли 2014, дар ҳоле ки таҳти назорати маъмурони Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон буд ва бояд ба суоли додрасҳои Додгоҳи олӣ посух мегуфт, ба таври мармуз "ғайб зад".
Раиси собиқ: Мо дар ин кор даст надорем
Дар чаҳор соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон дар бораи куҷо шудани ӯ ҳамеша гуфтаанд, ки таҳти ҷустуҷӯст.
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси пешини Оҷонси зиддифасод, моҳи июли соли 2014 дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соҳибкори тоҷикро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ дар озодӣ нигоҳ медоштанд, вале баъди чанде ӯ аз хоки кишвар фирор кардааст. Ӯ гуфт, ки дар қазияи “ғайб” задани Низомхон Ҷӯраев даст надоранд.
Низомхон Ҷӯраев то соли 2007 соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ва молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар Исфара буд. Дар интихоботи соли 2005 ба вакилии Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шуд. Соли 2007, замоне ки маҷлиси вилоятӣ масъалаи лағви дахлнопазирии вакилии ӯро баррасӣ мекард, бо фирор аз толори маҷлис билофосила тарки Тоҷикистон кард.