Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомот ба сокинон: “Бо ҳеҷ кас байъат накунед” САДО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раёсати умури дохилии Суғд аз мардум хостааст, ки ҳангоми сафар ба хориҷи кишвар аз эҳтиёт кор бигиранд, то ба доми гуруҳҳои мамнуъ наафтанд. Аз ҷумла мақомот мегӯянд, аҳолӣ бояд ҳамагуна даъват барои савгандёдкунӣ ё байъат ба гуруҳои ифротиро рад намоянд.

Вақте имкониятҳои дастрасро барои ҷавонон пешниҳод мекунем, як навъ василаи пешгирӣ аз пайвастшавӣ ба гуруҳои мамнуъ аст. Як ҷавон дар илм, дигаре дар тиҷорат ва ё ҳунар малака дорад.

“Аз шароити вазнин истифода карда, ифротӣ мекунанд”

Муроҷиати Раёсати умури дохилии Суғд дар нуқтаҳои додани шиносномаи хориҷӣ насб шуда, баъзе шаҳрвандон мегӯянд, ҳангоми гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба онҳо як нусха аз он дода мешавад. Дар ин санад, ки нусхаи он рӯзи 18-уми август ба дасти Радиои Озодӣ расид, асосан қоидаҳое нишон дода шудааст, ки аҳолӣ бояд дар хориҷи кишвар ба он риоя кунанд. Аммо тамаркузи асосии муроҷиат ин чигуна эмин нигоҳ доштани худ аз ифротӣ шудан аст.

Муроҷиати мақомот ба мардум ҳангоми сафар ба хориҷа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:59 0:00
Линки мустақим

“Ҳангоми ҳозир шудан дар масҷиду ҷойҳои ҷамъшавии ашхоси шубҳаноки дорои риши дарози бетартиб, тарғибгарони ақидаву равияҳои динии ифротӣ ҳушёриву зиракии миллиро аз даст надиҳед, аз таклифу даъвати чунин ашхос дар мавриди шомилшавӣ ба гуруҳ ва ташкилоти динӣ бо роҳи қасамёдкунӣ (байъат), супоридани аъзоҳаққӣ ва иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои мусалмонӣ худдорӣ намоед”, - гуфта шудааст дар муроҷиат.

Инчунин мақомот ба шаҳрвандон ҳушдор додаанд, ки дар интихоби ҷойи кор ва шарикони корӣ ҳушёр бошанд. Ҳушдори дигари мақомот ин аст, ки ҳар нафар бояд дар берун аз кишвар ҳангоми истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо бо шахсони бегона тамос барқарор накунанд. Чун ба ин восита мегӯянд мақомот, “аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ- экстремистӣ тавассути барномаҳои мазкур мафкураву ҷаҳонбиинии шуморо вайрон ба ва сафи худ шомил менамоянд.”

Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати умури дохилии Суғд муроҷиатномаи ин ниҳодро як роҳнамо барои онҳое хонд, ки қасди сафар ба хориҷро доранд. Ба қавли Шарифов, бо ин роҳ мехоҳанд маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро боло баранд ва ба ин васила онҳо ҳушёртар бошанд.

“Масъала танҳо бо гап ҳал мешавад?”

Ҳушдори пулиси Суғд аввалин талоши мақомот барои пешгирӣ аз ифротӣ шудани аҳолӣ дар хориҷи кишвар нест. Қаблан мақомот бо гузарондани чанд маърака, ки аз он “корҳои фаҳмондадиҳӣ” ном мебаранд, талош кардаанд то аз гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ин масъала аз он ҷиҳат ҷиддӣ гирифта шудааст, ки беш аз 85 дарсади ифротишудаҳо аз Тоҷикистон муҳоҷирон ва онҳое буданд, ки аз хориҷ ба ин гуруҳҳо пайвастанд. Аммо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки қисми аъзами ифротишудаҳо аз миёни онҳо баромадаанд мегӯянд, бо даъват кардан мушкил пурра ҳал намешавад.

Аюб Норов, як муҳоҷири 35-солаи тоҷик, ки беш аз даҳ соли охир ба Русия меравад гуфт, чанд дафъа мақомоти тоҷик ва ҳам диаспораҳо омада ба онҳо суҳбат мекунанд. Муҳтавои аслии ин мулоқот, ба қавли Норов, асосан дар бораи напайвастан ба гуруҳҳои ифротгаро аст.

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, бештари муҳоҷиронро ранҷи ғурбат аз ҳаёт дилсард ва эҳтимол ба сӯи гуруҳҳои ифротгаро тела медиҳад. Ба ин хотир ҳамсуҳбати мо мегӯяд, агар дар дохили кишвар имкони бо кор таъмин кардани онҳо нест, пас, бояд мақомот ҳаддиақал барои ҳалли мушкилоти онҳо дар хориҷ мусоидат кунад.

“Як ҷавон бояд тавонад имконияти худро истифода барад”

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, маълумотнокӣ ҳамчун қадами аввал барои эмин шудан аз ифротгароӣ хуб аст, аммо дар баробари ин бояд ба ҳарфи дили ҷавонон дар дохил гӯш дода шавад.

Дилшод Муллоев
Дилшод Муллоев

Дилшод Муллоев, пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, бояд шароите муҳайё шавад, ки як ҷавон барои амалӣ кардани нерӯи зеҳнӣ ва малакаи худ дар ватан имкониятҳои дастрас дошта бошад.

“Вақте мо имкониятҳои баробарро ба ҷавонон пешниҳод мекунем, ин ҳам як навъ василаи пешгирӣ аз пайвастшавӣ ба гуруҳои мамнуъ аст. Як ҷавон дар илм, дигаре дар тиҷорат ва ё санъат малака дорад. Муҳим он, ки заминаҳои амалӣ гардонидани нерӯи инсонии ҷавонон бояд таҳким ва тавсеа ёбад. Вақте як ҷавон ба коре машғул аст бояд имкони амалӣ кардани ҳадафҳои худро дар кишвараш дошта бошад”, - афзуд Дилшод Муллоев.

Ин пажӯҳишгари тоҷик афзуд, бо усулҳои куҳна наметавон дигар ба ифротгароӣ мубориза бурд. Аз ҷумла ӯ гуфт, дар сафи пеши мубориза бо ифротгароӣ бояд онҳое бошанд, ки дар ин мавзуъ пажӯҳишҳо карда мутахассис мебошанд, на онҳое, ки масъаларо ҷузъӣ мефаҳманд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар панҷ соли охир мубориза бо ифротгароиро шиддат бахшидааст. Ин амр бахусус пас аз пайвастани беш аз 1000 ҷавони тоҷик ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ шадидтар шуд. Ҳарчанд омори дақиқ нашр нашудааст, дар чанд соли охир даҳҳо сокини Тоҷикистон бо ҷурми ифротгароӣ зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG