Дар тағйирот гуфта мешавад, ки шаҳрванди хориҷие, ки бо қарори полис ва бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бояд аз хоки Русия ихроҷ шавад, дар давоми 48 соат аз қаламрави Русия ронда хоҳад шуд. Ҳоло мӯҳлати ихроҷи шахс то 90 рӯзро дарбар мегирад.
Тағйирот ба қонун дар ин замина, ба навиштаи хабаргузории ТАСС, дар Думаи давлатӣ дар хониши дуюм ворид карда мешавад.
Агар полис қарор кунад, ки шахсро аз Русия берун мекунад, ин нафар фақат ду шабонарӯз вақт дорад, ки аз кишвар биравад. Танҳо қарори дигари додгоҳ нисбати ин шахс метавонад монеи ихроҷи ӯ шавад. Вакилони думаи давлатӣ дар хониши аввали ин қонун ба полис ҳақ доданд, ки шаҳрвандони хориҷиро аз Русия берун кунад.
Барои аз хоки Русия хориҷ кардани шахс иҷозаи махсуси додгоҳ зарур намешавад. Масалан, чанде пеш дар вилояти Алтай ВКД оилаи як наврасеро аз хоки Русия берун кард, ки барои туф кардан ба як ҳамсолаш гунаҳгор мешуд. Ба ин оила 15 рӯз вақт доданд. Радио Свобода менависад, аз ин оила касе шикояте надошт ва ҳеҷ аризае аз болои онҳо ба дасти полис нарасида буд. Ходимони полис писарбачаи 14-соларо бар асоси наворҳои видеоӣ пайдо карда худи ӯву оилаашро ба идораи полис интиқол дода буданд.
Каме пештар вилояти Томск дар қаламрави Русия 14-ум минтақае шуд, ки дар он барои кори муҳоҷирон маҳдудият ҷорӣ шуд. Ба муҳоҷирон кор дар 20 соҳа, аз ҷумла, дар такси, фурӯшгоҳҳо, ғизопазӣ, маориф, варзиш, меҳмонхона ва дигар бахшҳо манъ шуд. Айни чунин монеаҳо дар Новосибирск, Магадан ва Камчатка ҳам амал мекунанд.
Моҳи октябри соли 2023 ба Думаи давлатӣ қабули тарҳи нави қонун пешниҳод шуд, ки бар асоси он ба шаҳрвандони хориҷӣ кор дар мактабу соҳаи дорусозӣ, сохторҳои давлатии тиббӣ, такси ва интиқоли бор манъ мешавад.
Муовини раиси Думаи давлатии Русия Пётр Толстой ноябри соли 2023 аз, ба гуфтааш, «мавқеи заифи Русия нисбати муҳоҷирон» изҳори таассуф карда буд. Ӯ пешниҳод кард, ки ба сокинони ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ кор ба ҳайси курйер, ронандаи такси ва фурӯшанда манъ карда шавад.
Баъди ҳамла ба толори консертии «Крокус» дар вилояти Маскав моҳи марти имсол, ки масъулияти онро «Шохаи Хуросони» ДОИШ ба ӯҳда гирифту то 20 шаҳрванди Тоҷикистон дар анҷоми ин ҳамла гумонбар эълон шуданд, дар Русия эҳсосоти бегонабадбинӣ нисбати муҳоҷирон якбора боло рафт.
Дар чандин минтақаи ин кишвар сохторҳои қудратӣ ҳуҷуму ҳамлаҳои танзимшуда болои муҳоҷиронро ташкил карданд. Дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷиронро ба ҷанг фиристоданд. Баробар бо ин, рейди миллатгароҳо алайҳи занони рӯймолу ҳиҷобпӯшдор сар шуд.
Дар Тоҷикистон дар авҷи азиятҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия мақомот ба мардум тавсия доданд, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Бастрикин иттиҳоми як тоҷикро аз “авбошӣ” ба “сӯиқасд ба куштор” табдил додГирифтани симкорт барои муҳоҷирон дар Русия мушкилтар мешавадЯк гуруҳ муҳоҷирони тоҷикро баъди "тафтиши сахт" ба Русия роҳ додандДар як минтақаи дигари Русия таксиронии муҳоҷирон манъ шудBloomberg: интиқол пул миёни Русия ва Чин тақрибан номумкин шудаастКашмакаши Далерҷон Мирзоев бо посбони зиндон дар МаскавБонки Ҷаҳонӣ аз ҳукумат хост, ба ширкатҳо имкони рақобати одилона диҳад