Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ду гумонбари боздоштшуда 19-сола ва дигараш 16-сола мебошанд. Боздошти онҳо бар асоси шикояти депутати Думаи давлатӣ Михаил Матвеев сурат гирифт, ки ин се нафарро дар амалҳои авбошӣ ва латукӯби ӯ гунаҳгор мекунад.
Исми гумонбарони боздоштшуда нашр намешавад, вале бархе расонаҳо исми ҷавони тоҷикро "Боҳиров" ва "як ширкатдори ММА ё муҳорибаҳои бидуни қоида" муаррифӣ кардаанд. Санҷидани дурустии ин иттило феълан имкон надорад.
Маълум нест, назари гумонбарони боздоштшуда ба ҳодисаҳои шоми 18 июл дар кӯчаи Промишленнии шаҳри Самара чӣ аст. Дар гузориши расмӣ гуфта шудааст, ки гӯё ҳамлагарон “авбошӣ мекарданд” ва депутати рус барои пешгирӣ аз ин амали онҳо аз мошинаш берун шуд, вале ин ҷавонон ба ӯ ҳамла карда, маҷрӯҳ намуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса нахуст бар асоси моддаи “авбошӣ” парванда боз шуд, вале чанде баъд бо супориши раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрыкин парвандаро ба “сӯиқасд ба куштор” иваз карданд. Кумитаи тафтишоти Русия ва худи Бастрикин дар солҳои охир бо саркӯбҳои оммавиву нақзи фаровони ҳуқуқи муҳоҷирон маъруф аст.