Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифтани симкорт барои муҳоҷирон дар Русия мушкилтар мешавад


Қарор аст, Думаи давлатии Русия ҳафтаи оянда тарҳи қонунеро баррасӣ кунад, ки ихроҷ ва ё рондани муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз ин кишварро осон месозад.

Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ рӯзи 19-уми июл дар саҳифааш дар Телеграм хабар додааст.

Ӯ гуфтааст: “Ният дорем, ки ҳафтаи оянда тарҳи қонунҳо дар бораи рондани муҳоҷиронеро баррасӣ кунем, ки ғайриқонунӣ дар кишвар ҳузур доранд. Айни замон расмиёти қабули қарор дар бораи ихроҷ соддатар ва баъзе салоҳиятҳо аз додгоҳ ба пулис дода мешавад.”

Ҳомиёни ҳуқуқ тарҳи ин қонунҳоро танқид карда, гуфтаанд, ки ин санадҳо дасти маъмурони пулис барои тамаъҷӯб ва пулситонӣ аз муҳоҷиронро бозтар мекунад.

Ба гуфтаи Вячеслав Володин, тарҳи дигари қонун гирифтани симкорт ва ё шумораи телефон барои муҳоҷиронро бисёр сахт мекунад ва то замоне, ки худашон ба идораи ширкати мобилӣ наоянду қарордод набанданд, шумораи телефон гирифта наметавонанд.

XS
SM
MD
LG