Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашмакаши Далерҷон Мирзоев бо посбони зиндон дар Маскав


Акси Далерҷон Мирзоев аз додгоҳ
Акси Далерҷон Мирзоев аз додгоҳ

Расонаҳои Русия аз ҷангу кашмакаши як ҷавони тоҷик ва муттаҳам ба ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус" гузориш додаанд, ки иддаоҳо дар бораи ифротгарои исломӣ будани ӯро зери суол мебарад.

Расонаҳои Русия аз ҷангу кашмакаши як ҷавони тоҷик ва муттаҳам ба ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус" гузориш додаанд, ки иддаоҳо дар бораи ифротгарои исломӣ будани ӯро зери суол мебарад. Нашрияи “МК” рӯзи 17-уми июл навиштааст, ки Далерҷон Мирзоев яке аз чаҳор муттаҳами асосӣ ба ҳамла чанде пеш бо як посбони зиндон даст ба гиребон шудааст.

Ба навиштаи нашрия, чанде пеш ҳангоми гуфтугӯ бо посбони зиндон, ки мусалмон будааст, Далерҷон Мирзоев "дини исломро сахт танқид кардааст ва дар натиҷа баҳс ба занозанӣ печидааст".

Дақиқ нест, ин ҳодиса дар боздоштгоҳи Лефортовои Маскав кай рух додааст. Мақомоти Русия Далерҷон Мирзоевро ҳамроҳ бо се ҷавони дигари тоҷик муттаҳами аслӣ ба ҳамлаи террористӣ ба толори консертии "Крокус" номидаанд, ки рӯзи 22-уми март рух дод ва дар натиҷаи он 144 нафар кушта шуд.

Мақомоти Русия онҳоро пайрави гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” меноманд. Аз миёни 20 боздоштшуда бо гумони ҳамла аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, эътирофи онҳо таҳти шиканҷаҳои бераҳмона ба даст омадааст ва ба ҳангоми боздошт ҳуқуқи онҳо зери по шудааст.

XS
SM
MD
LG