Хабаргузории "Bloomberg" бо истинод ба раҳбарони ширкатҳои пештози содиркунандаи моли Русия иттилоъ дода, ки пардохтҳо ё муаллақ мемонанд ва ё ба таъхир иҷро мешаванд.
Яке аз ҳамсуҳбатони расона, намояндаи як ширкати тиҷории кишоварзӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, моҳи равон ҳатто бархе аз муштариёни чинии маҳсулоти кишоварзии Русия ҳангоми пардохти пул бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, пайдо кардани роҳҳои алтернативии пардохт низ то рафт мушкилтар мешавад.
Пурзӯршавии таҳримҳои ИМА интиқоли пулро аз АМА, Туркия ва Ҳиндустон низ ба Русия аз охирҳои соли гузашта мушкил гардонидааст.